Чаро расонаҳои Тоҷикистон ба журналистҳои тиҷоратӣ ниёз доранд?

Ҳанӯз теъдоди хеле ками журналистоне вуҷуд доранд, ки битавонанд муҳтавое эҷод намоянд, ки ҳам барои мухотабон ва ҳам барои рекламадиҳандагон дар редаксияҳои Тоҷикистон муфид бошад. Чун қоида, барои таҳия кардани маводҳои тиҷоратӣ кормандони оддии редаксия фиристода мешаванд, ки аксари вақт ин гуна корро дӯст намедоранд ва хусусияти онро намефаҳманд. Барои фаҳмидани журналистикаи тиҷоратӣ ва омода кардани мутахассисон дар ин самт Зебо Тоҷибоева, роҳбари сомонаи Your.tj дар Душанбе бо дастгирии Internews дар Тоҷикистон давраи омӯзишии (тренинги) махсус  ташкил кард.

Пас аз он ки корбарони интернет ёд гирифтанд муҳтавои таблиғотиро (рекламавиро) нодида гиранд (кӯрии баннерӣ), дар бисёре аз редаксияҳои хориҷӣ шуъбаҳои алоҳида пайдо шуданд, ки муҳтавои махсуси тиҷоратии барои мухотабон муфидро таҳия менамоянд. Корбарон дар чунин маводҳо иттилооти заруриро пайдо карда, рекламадиҳандагон бошад метавонанд дар бораи маҳсулот ва хидматрасониҳои худ суҳбат кунанд. Дар Тоҷикистон то ҳол дар редаксияҳо шуъбаҳои тиҷоратии алоҳида вуҷуд надоранд, аммо расонаҳо ба журналистикаи тиҷоратӣ машғул ҳастанд.

– Акнун аксари рекламадиҳандагон  намехоҳанд танҳо варақаи матбуотӣ (пресс-релизҳо) ё баннерҳо дошта бошанд, онҳо мефаҳманд, ки мухотабонро намешавад фиреб дод. Корбарон ба муҳтавои муфид ва ҷолиб ниёз доранд, ки онҳоро танҳо кормандони эҷодкоре метавонанд таҳия намоянд, ки моҳияти ин корро дарк мекунанд – чунин одамон дар Тоҷикистон хеле кам ҳастанд, – шарҳ медиҳад Зебо Тоҷибоева роҳбари Your.tj, ки солҳои зиёд кӯшиш мекунад журналистикаи босифати тиҷоратиро дар редаксияи Тоҷикистон ҷорӣ намояд.

Акс аз Интернюс

Баҳори соли ҷорӣ Зебо дар тренинг барои тренерон иштирок кард, ки аз ҷониби Internews баргузор гардид ва дар рафти машғулиятҳои амалӣ барномаро барои тренинг доир ба таҳия ва бастабандии лоиҳаҳои тиҷоратӣ омода намуд. Бо ин барнома Зебо дар озмуни грантҳои Internews ҷиҳати гузаронидани тренингҳо барои журналистҳо иштирок намуда, дар қатори ғолибон қарор гирифт. Давраи омӯзишии серӯза дар моҳи август дар Душанбе баргузор шуд ва дар он 15 журналист аз даҳ редаксияи мухталиф, ҳам расонаҳои давлатӣ ва ҳам мустақил иштирок карданд. Менторҳо ва тренерҳо мутахассисони маҳаллӣ буданд, ки дар ин самт кор мекунанд, масалан, журналистҳо Анна Мирзоева, Виктория Петрова, Тимур Тимерханов ва дигарон.

– Маҳорати дуруст таҳия ва бастабандӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ барои редаксияи мустақили имрӯза зарур аст, – мегӯяд Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои омӯзишии Internews дар Тоҷикистон. – Журналистикаи тиҷоратӣ ин тобеъ шудани редаксия ба хоҳишҳои фармоишгар нест, ки мутаассифона, аксари ширкатҳои Тоҷикистон ба ин одат кардаанд. Журналистикаи тиҷоратӣ – ин эҳтиром ба рӯйкарди эҷодкории редаксия ва ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Ҳама дар ниҳоят бурд мекунанд: фармоишгар (ки мехоҳад мухотабон дар бораи ӯ огоҳӣ дошта бошанд), редаксия (ки мехоҳад пул кор кунад) ва мухотабон (ки иттилооти муфид ба онҳо лозим аст). Журналистикаи тиҷоратӣ – ин эҳтиром ба мухотабони худ аст, агар маҳсулоти фармоишгар ба манфиатҳои он мувофиқат накунад, редаксия онро қабул намекунад, зеро ба мухотабони худ эҳтиром мегузорад. Дар раъс на оне ҳаст, ки пул медиҳад, балки он  касест, ки мехарад. Фарқи калидӣ аз реклама ва пиари дар Тоҷикистон паҳншуда дар ҳамин аст. Расона танҳо як платформае нест, ки фармоишгарон барои пул истифода мебаранд. ВАО як институти томест, ки эҳтиёҷоти ҳар ду ҷонибро қонеъ месозад – шахсони аввалро (аудиторияро) барои шахсони дуюм (фармоишгарон) қобили фаҳм ва дуюмро барои аввал зарурӣ месозад. Аммо на ҳамаи редаксияҳо ва рекламадиҳандагони мо инро дарк мекунанд. Мақсади тренинг маҳз аз он иборат аст, то расонаро омӯзонад, ки аз рӯи қоидаҳои нав бозӣ кунад, зеро қоидаҳои куҳна кор намекунанд. 

“Вақте рекламадиҳандагон лоиҳаеро ба расона фармоиш медиҳанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо тамоми редаксияро мехаранд”

Ба ҷуз аз қоидаҳое, ки шуъбаҳои тиҷоратӣ дар редаксияҳои пешрафтаи имрӯза кор мекунанд, дар рафти тренинг иштироккунандагон ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳо, масалан дар бораи меъёрҳои ахлоқии журналистикаи тиҷоратӣ, қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи реклама, дар бораи талаботи рекламадиҳандагон ва бисёр чизҳои дигар сухан гуфтанд. Пас аз омӯзиш, ҳар як иштироккунанда метавонад ба дастгирии менторӣ дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратии худ такя кунад. Илова бар ин, ба сифати машқҳои амалӣ иштироккунандагон лоиҳаҳои худро ба рекламадиҳандагон пешниҳод намуданд. Ба гуфтаи яке аз тренерҳо Тимур Тимерхонов, иштироккунандагони тренинг бояд ба барқарор кардани тамос бо рекламадиҳандагон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд.

Акс аз Интернюс

– Дар бозор ба журналистҳои тиҷоратӣ талабот ҳаст, аммо талабот ба қадри кофӣ нест. Бисёре аз рекламадиҳандагон имконияти муҳтавои тиҷоратии босаводонаро намедонанд ва аз сабаби бехабарӣ онҳо талаботи назаррасро ба вуҷуд намеоранд. Он форматҳои маводи рекламавӣ, ки дар бозори расонаҳои мо вуҷуд доранд, кор намекунанд, рӯйкардҳои нав лозим аст.

Барои бисьёр иштироккунандагони тренинг мазмуни он комилан нав буд.

— Дар ин тренинг барои ман ҳама чиз тоза буд, — мегӯяд иштироккунандаи тренинг, журналист Лайло Қосимова, — аввалан, ман чор сол дар «рухсатии декретӣ» будам ва аз тамоюлҳо ақиб мондам, дуюм, боре ҳам дар зиндагии худ ба журналистикаи тиҷоратӣ машғул набудам. Маълум мешавад, ки хеле ҷолиб, аммо хеле душвор аст. Ман аллакай як лоиҳаи тиҷоратӣ навиштаам, аммо мебинам, ки дар болои он ҳанӯз кор кардан лозим аст.

Ба гуфтаи Зебо, дар Тоҷикистон редаксияҳое, ки рекламаи муассир мефурӯшанд, хеле каманд ва ин на камтар аз он аст, ки афроде, ки ба ин кор машғуланд, вижагиҳои кор бо рекламадиҳандагонро дарк намекунанд ва намехоҳанд, ки ин корро кунанд.

– Олӣ аст, вақте дар редаксия журналистҳое ҳастанд, ки аз редаксияи асосӣ ҷудо шуда, танҳо тибқи фармоиш менависанд. Аммо расонаҳои Тоҷикистон имкони истифода кардани чунин системаро надоранд, аз ин рӯ, маҷбуранд аз журналистҳои сарредаксия истифода кунанд. Одатан, журналистони ҷавон ё кормандоне, ки ба мавзуъҳои ба истилоҳ «сабук» машғуланд, ба чунин корҳо – фароғат, истироҳат фиристода мешаванд; журналистҳо-таҳқиқгарон дақиқан ба муҳтавои рекламавӣ машғул намешаванд, – мегӯяд Зебо.

Вай мегӯяд, ки уҳдадориҳои журналисти тиҷоратӣ аз маъмулӣ фарқ мекунад, аммо ҳадафи ниҳоии ҳарду бояд як бошад: муҳтавои босифат.

Акс аз Интернюс

Зебо мегӯяд: «Журналисти тиҷоратӣ бояд ниёзҳои фармоишгарро қонеъ карда тавонад, таҳқиқот гузаронад, аудиторияи худ ва форматҳои редаксияи худро донад ва албатта, қодир бошад, ки воқеаҳои ҷолибро нақл кунад.

Ба андешаи ӯ, яке аз муваффақтарин лоиҳаҳои тиҷоратӣ, ки дар худи сайти Your.tj амалӣ шудааст, силсилаи подкастҳои «Кори ман танҳо пурсидан аст» мебошад, ки редаксия якҷо бо маркази тиббӣ амалӣ карданд.

— Пизишкони ин марказ ба студияи мо омаданд ва мо дар мавзуъҳои барои шунавандагон муҳим суҳбат кардем. Мо дар бораи хуб будани ин марказ чизе нагуфтем, аммо мухотабони мо бар асоси рӯҳияи меҳмонон дар студия ба он баҳо доданд. Яъне дар ягон соҳа коршинос будан барои рекламадиҳанда як варианти беҳтарин аст, аммо мутаассифона, на ҳамаи фармоишгарон омодаанд аз журналисте, ки молу хидматрасонии онҳоро дар маводҳои худ ошкоро ситоиш мекунанд, даст кашанд ва ин умуман муассир нест. Ғайр аз ин, рекламадиҳандагон бояд дарк кунанд, ки вақте онҳо лоиҳаи таблиғотиро (рекламавиро) ба расона фармоиш медиҳанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо тамоми редаксияро мехаранд. Онҳо набояд ба сиёсати редаксия дахолат кунанд, – мефаҳмонад Зебо.

Вай умедвор аст, ки рекламадиҳандагони маҳаллӣ пас аз дар бозори расонаҳо пайдо шудани лоиҳаҳои тиҷоратии босифат ва муассир нуқтаи назари худро дигар хоҳанд кард.

— Умедворам, ки иштироккунандагони тренинги мо муаллифони ин лоиҳаҳо хоҳанд шуд, — мегӯяд Зебо.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *