Кадом тамоюлҳои омӯзиши расонаӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд?

Сарфи назар аз паст будани сифати интернет дар Тоҷикистон, тамоюли омӯзиши онлайн пас аз анҷоми пандемия дар ҷумҳурӣ ба ин ё он шакл боқӣ хоҳад монд. Дар ин бора тренери байналмиллалӣ аз Бишкек Ирина Чистякова, ки дар Шоҳамбарӣ барои бист тренер аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барномаи омӯзишӣ гузаронидааст, суҳбат мекунад.

“Албатта, мушкилоти техникии корбарони интернет дар Тоҷикистон метавонад тамоми талошҳоро барои тавсеаи дастрасӣ ба таҳсилоти онлайн халалдор созад, аммо роҳи бозгашт вуҷуд надорад” – иқрор мешавад Ирина Чистякова, тренер аз Бишкек, ки дар Тоҷикистон барои тренерҳо омӯзиш (тренинг) баргузор кардааст. Вай пешбинӣ мекунад, ки формати омехтаи онлайн ва офлайнии таҳсил, ки ҳоло барномаҳои омӯзишӣ ба он мегузаранд, муддати тӯлонӣ бо мо боқӣ хоҳад монд.

— Ба назари ман, барои бартараф намудани душвориҳо роҳҳои ҳалли масъала пайдо карда мешаванд. Технологияҳо осонтар мешаванд, таҳиягарон эҳтимоли адами пайвастшавӣ ба шабакаро дар назар мегиранд, – мефаҳмонад ӯ.

Ирина инчунин омӯзиш (тренинг) барои тренеронро дар шакли омехта гузаронид. Тренерони ояндаи боихтисос дар Шоҳамбарӣ (осоишгоҳи на он қадар дур аз Душанбе) ҷамъ омаданд, Ирина ва Алевтина Мадярова аз Алмаато ба назди онҳо омада буданд; дигар суханронҳои байналмилалӣ тавассути Zoom пайваст шуданд. Машғулиятҳо бо сабаби паст будани сифати интернет чандин маротиба қатъ карда шуданд, вале дар маҷмуъ омӯзиш (тренинг) тавре сурат гирифт, ки аз аввал пешбинӣ шуда буд. Интернюс ташкилкунандаи он гардид. Дар охири соли гузашта озмуни кушоди ширкаткунандагон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз шуда буд. Акнун иштироккунандагоне, ки ин тренингро хатм карданд, ҷиҳати кор дар омӯзишҳо барои хабарнигорон даъват карда мешаванд, ки Интернюс барои солҳои 2022-2023 дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст.

Ирина Чистякова, Internews

– Мо кушиш кардем, ки ба тренинг ҳар чӣ бештар рӯзноманигорони амалкунанда ё мутахассисонеро ҷалб кунем, ки бевосита дар бозори расона кор мекунанд. Умедворем, ки на танҳо Интернюс, балки ҳамаи шарикони мо низ битавонанд аз таҷриба ва маҳоратҳои онҳо дар фаъолияти ояндаи таълимии худ истифода баранд. Мо базаи тренерҳои соҳибихтисос ва дорандаи сертификатро пурра карда истодаем, то мутахассисонро аз берун даъват накунем. Илова бар ин, омода кардани кадрҳо бо забонҳои миллӣ барои мо муҳим аст, – шарҳ медиҳад ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишии Интернюс дар Тоҷикистон Маҳпора Киромова.

Ба гуфтаи вай, арзишмандии тренерони маҳаллӣ дар он аст, ки онҳо эҳтиёҷоти бозорҳои дохилии кишварҳояшон ва тамоми мушкилоти мушаххасро медонанд ва метавонанд роҳҳои ҳалли муфидро пайдо кунанд.

— Ҳоло онҳо методҳои нави кор бо шунавандагони калонсол, механизми барпо намудани тарбияи идеалиро низ медонанд, аз тамоюлҳои омӯзиши расонаӣ хабардоранд. Яъне онҳо чизе доранд, ки ба шунавандагони ояндаи худ пешниҳод кунанд, – мегӯяд Маҳпора.

Тамоюли умумиҷаҳонӣ омӯзиш дар тамоми тӯли ҳаёт

Юлдуз Ортиқова, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ ва воситаҳои ахбори омма, муаллифи се китоби дарсӣ оид ба рӯзноманигорӣ аз Ӯзбекистон мегӯяд, бо вуҷуди таҷрибаи ғании омӯзгорӣ, омӯзиш (тренинг) барои тренерон барояш чизи махсус ва нав шудааст.

– Одатан барои омӯхтани як фан ним сол лозим аст, вале зиндагӣ дигар шуд, ҷаҳонбинӣ ҳам дигар шуд. Масалан, ҳоло барои донишҷӯён дарк кардани иттилооти визуалӣ (аёнӣ) осонтар аст, одамон дигар наметавонанд вақти зиёди худро ба тренингҳо сарф кунанд. Ва барои ман хеле ҷолиб буд, ки чӣ тавр Ирина як барномаи таълимии моҳиятан азимро дар як омӯзиши панҷрӯза ҷой додааст, – таассуроти худро нақл мекунад Юлдуз.

Юлдуз Ортыкова, Internews

Дар рафти омӯзиш (тренинг) шунавандагон ба ғайр аз лексияҳо бисёр корҳои амалӣ низ доштанд, масалан, дар гурӯҳҳо аз рӯи барномаҳои худ барои машғулиятҳои оянда кор карда, дар рӯзи панҷум онҳоро ба Ирина, Алевтина ва ҳамкасбонашон барои баҳо додан пешниҳод карданд. Пас аз пешниҳоди тавсияҳо, бисёре аз иштироккунандагон воқеан бо барномаҳои омӯзишии таҳияшуда рафтанд, ки метавонанд онро дар амал татбиқ кунанд.

– Омӯзиши равишҳои методӣ барои ман хеле ҷолиб ва муфид буд, аз рӯи методологияи онҳо мо дар тӯли панҷ рӯз барномаҳои омӯзишии (тренингии) қариб тайёрро таҳия кардем. Ҳамчунин, барои ман муҳим буд дар бораи тамоюлҳои омӯзиш, ки ҳамкасбонам дар кишварҳои хориҷӣ истифода мекунанд, бештар бидонам, – мегӯяд Юлдуз.

Тамоюлҳо дар бахши омӯзиш ба иштироккунандагон дар амал намоиш дода шуданд: коршиносони варзида аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб шуданд, масалан, Зоя Чарлз, хабарнигори Би-би-сӣ аз Лондон ва Виктор Мучник, роҳбари нашрияи маъруфи ТВ2 аз Томск. Ирина бо истифода аз абзорҳои гуногуни онлайнӣ муҳтавои иловагӣ омода кард, то ки пеш аз оғози тренинг иштироккунандагон битавонанд ба он “ғарқ шаванд” ва иттилооти муфид гиранд. Дар Тоҷикистон ба далели паст будани сифати интернет ба чунин муҳтаво шубҳа доранд, аммо ширкаткунандагони тренинги охирин барои тренерон аз уҳдаи ҳама чиз бидуни мушкилӣ баромаданд.

Oмӯзиш барои тренеронро, Internews

– Мутахассисони пешқадам мисли насли наврас тамоми технолгияро ба осонӣ истифода мебаранд, – мегӯяд Ирина. –  Тафаккури онҳо дигар аст, ба интернет беэътимодӣ надоранд ва ҳамеша роҳҳои пайваст шудан ба шабакаро пайдо мекунанд ва он чизеро, ки барояшон лозим аст, ба даст меоранд. Гузашта аз ин, як тамоюли дигари эътирофшудаи умумиҷаҳонӣ дар таҳсилот омӯзиш дар тӯли ҳаёт аст. Ва бидуни формати онлайн, риояи он ғайриимкон мебошад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *