Озмун барои иштирок дар тренинг доир ​​ба дата-сторителлинг  дар Тоҷикистон (ТАМДИД ГАРДИД)

Интернюс дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) барои иштироккунандагон аз Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар тренинги серӯза доир ба дата-сторителлинг озмун эълон мекунад.

Дата-сторителлингтренинг – иняк семинари (воркшоп) 3-рӯза барои рӯзноманигорони навкор ва ботаҷриба, ва инчунин мутахассисоне ки бо додаҳо сару кор мекунанд, мебошад. Дар воркшоп онҳо тарзи табдил додани ҳаҷми калони додаҳоро ба дода-матлабҳои ҷолибро меомӯзанд. Иштироккунандагон бо додаҳои дар даст доштаашон барои ба итмом расонидани матлабҳои худ кор хоҳанд кард.

Омӯзиш рӯзҳои 16-18 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тренер: Александр Богачёв – Мутахассис доир ба визуализатсияи додаҳо, презентатсияҳо ва инфографика. Дар студияи инфографикаи Ria.ru кор кардааст ва роҳбари шуъбаи лоиҳаҳои махсуси додаҳо дар РБК буд. Устоди курси «Дата сторителлинг» дар Донишгоҳи ITMO (Санкт-Петербург), муаллифи китоби «Графики, которые убеждают всех» (Графикаҳое, ки ҳамаро мутақоид мекунанд) аст.

Талабот ба иштирокчиён:

  • рӯзноманигороне, ки бо журналистикаи додаҳо машғуланд;
  • хатмкунандагони барномаҳои журналистикаи додаҳо;
  • мутахассисоне, ки бо додаҳо кор мекунанду барои навиштани матлаб бар асоси додаҳо омодаанд.

Иштироккунандагон дар асоси озмун муайян карда мешаванд, ки дар натиҷаи он 25 нафар метавонанд дар омӯзиш (тренинг) ширкат варзанд.

Талаботи ҳатмӣ барои иштироккунандагон:

  • мавзуъҳоеро, ки шумо мехоҳед дар рафти омӯзиш сари онҳо кор кунед, муайян кунед (мавзуъҳо бояд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар алоқаманд бошанд).
  • ҳаҷми муайяни додаҳоро доир ба мавзуъҳои интихобкардаатон омода созед, шумо бо ин додаҳо дар рафти воркшоп кор мекунед;
  • шумо бояд қобилияти таҳлил ва визуализатсияи додаҳоро дошта бошед;
  • дар асоси натиҷаҳои омўзиш ҳадди ақал як матлаб бар асоси додаҳоро омода намуда, онро дар ВАО-и дархостшуда нашр намоед. Шумо имконият доред, ки дар доираи ин лоиҳа барои гирифтани гранти хурд муроҷиат намоед. Шартҳои озмуни грантҳои хурд ва варақаи дархостро метавонед дар ин ҷо пайдо кунед;
  • таҳсилоти олӣ ё миёна дошта бошед;
  • корбари фаъоли Интернет бошед.

Машғулият ба забони русӣ мегузарад. Иштирок дар барнома ройгон аст. Иштироккунандагоне, ки аз интихоби озмун гузаштаанд, уҳдадор мешаванд, ки тамоми барномаи омӯзишро аз аввал то ба охир гузаранд ва шартҳои озмунро иҷро намоянд.

Internews барои дархостҳои радшуда тавзеҳот пешниҳод намекунад.

Шакли (формаи) дархост инҷост.

Муҳлати охирини қабули дархостҳо: соати 18:00-и 28 марти соли 2022.

ТАМДИД ГАРДИД то соати 18:00-и 11 апрел соли 2022.

Барои ҳама гуна саволҳо доир ба ин воркшоп, лутфан, ба почтаи электронии zergasheva@internews.org муроҷиат кунед.

CАМТ 2: «Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) бо дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа ин фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти татбиқи сиёсати иқтисодӣ аз рӯи афзалиятҳои интихобшудаи ислоҳот дар Кирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нигаронида шудааст.

Ҳадафи барнома аз мусоидат ба бунёди иқтисодиёти босубот, боз ва шаффоф бо рушди устувор тавассути истифодаи самараноки додаҳову далелҳо иборат мебошад. Дар соли 2022 сиёсати иқтисодии афзалиятдор дар Тоҷикистон аз кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва Кодекси андоз иборат мебошад.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *