Озмун байни рӯзноманигорони Тоҷикистон барои беҳтарин иникоси мавзӯи динӣ (ТАМДИД ГАРДИД)

Интернюс дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони озмун барои беҳтарин инъикоси мавзӯъҳои динӣ эълон мекунад”.

Ҳадафи озмун ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа тавассути васоити ахбори омма ба масъалаҳои мубрам марбут ба озодии дин, инчунин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии рӯзноманигорон, блогерон ва дигар муҳаққиқон дар мунтазам, холис ва беғаразона инъикоси мавзӯъ дар ВАО-и кишвар мебошад. 

Дар Озмун инҳо иштирок карда метавонанд:

– воситаҳои ахбори омма, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

– журналистони мустақил (фрилансерҳо) – муаллифон (аз ҷумла кормандони ғайриштатии ВАО);

– блогерҳо, соҳибони сомонаҳои интернетӣ ва дигар истеҳсолкунандагони мундариҷа, ки ба доираи васеи аудиторияи Тоҷикистон нигаронида шудаанд;

Кумитаи тадорукот 4 ҷоизаро дар категорияҳои зерин интихоб мекунад:

1. Беҳтарин маводи телевизионӣ;

2. Бехтарин маводи радиоӣ;

3. Беҳтарин маводи чопӣ;

4. Беҳтарин маводи онлайнӣ.

Ба ғолибон стипендия дар ҳаҷми $1500 супорида мешавад. Чаҳор матлаби беҳтарин барои таҳияи 3 мавод дар мавзӯи гуногунии динӣ ва озодии динӣ стипендия хоҳанд гирифт.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост 28 феврали соли 2022 мебошад.

ТАМДИД ГАРДИД: то 28 март соли 2022.

Дархостномаро дар истиноди мазкур пайдо намоед.

Муфассал дар истиноди мазкур.

Дар озмун корҳо дар шакли маводи чопӣ, видеоматериалҳо, маводҳои аудиоӣ, фотоматериалҳо, мавод аз нашрияҳои интернетӣ, ки дар васоити ахбори омма нашр шудаанд, дар радио ё телевизион пахш шудаанд ё дар Интернет аз 1 феврали соли 2021 то 28 феврал интишор шудаанд, қабул карда мешаванд 2022.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *