Чӣ гуна рӯзноманигорон дар Тоҷикистон метавонанд лоиҳаҳои омӯзиширо ба манбаи даромад табдил диҳанд

Расонаҳо ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон метавонанд барномаҳои омӯзишӣ таҳия созанд ва онро ба манбаи даромад табдил диҳанд (монетизатсия кунанд). Ба чунин хулоса омадаанд ширкаткунандагони семинари дурӯза барои шарикон доир ба ташкили тренингҳо, ки аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷумҳурӣ ҷойи таълими калонсолон ҳанӯз қариб холӣ аст ва расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ (ташкилотҳои ҷамъиятӣ) мехоҳанд аз ин имконият истифода баранд.

«Албатта, ба худи рӯзноманигорон тренингҳои омӯзишӣ фурӯхта намешаванд, чунки барои онҳо имкониятҳои бепул зиёд аст, аммо дар бораи доираҳои наздик ба журналистӣ андеша кардан меарзад», – гуфт Зебо Тоҷибоева, роҳбари расонаи Your.tj ва яке аз иштироккунандагони семинар. Ширкаткунандагони боқимонда – рӯзноманигорон ва фаъолон аз Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд андешаи ӯро дастгирӣ мекунанд. Илова бар ин, онҳо дар семинар ҷамъ омаданд, то дар якҷоягӣ бо коршиносон барномаҳои панҷ тренинги ройгон барои рӯзноманигоронро таҳия кунанд, ки соли 2022 бо дастгирии Интернюс баргузор мешавад. Мавзуъҳои омӯзишҳо: гузориши видеоии махсус, давраи омӯзишӣ барои муҳаррирон (редакторон), малакаҳои асосии журналистика, журналистикаи иқтисодӣ ва омӯзиш барои видеографҳоро дар бар мегиранд, аммо пешниҳоди худро ҳам метавонед дошта бошед. Ҳамаи ширкаткунандагони семинар ба озмуни Интернюс барои ташкили тренингҳо дархост додаанд, ки дар охири соли гузашта эълон шуда буд, аз марҳилаи аввал гузаштанд ва ҳоло, пас аз анҷоми семинар, бо дарназардошти ҳамаи тавсияҳо, онҳо барномаҳои худро такмил намуда, ба марҳилаи навбатӣ мегузаранд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии доварони мустақил, муаллифони дархостҳои беҳтарин аз Интернюс кумаки молӣ дарёфт мекунанд ва тренингҳо мегузаронанд.

— Воркшоп (семинар, коргоҳ) пеш аз хама мубодилаи таҷриба аст. Дар омӯзиши калонсолон, махсусан дар соҳаи ВАО дар солҳои охир тағйироти зиёд – тамоюлҳо ва мушкилоти нав ба амал омад. Бар хотири пандемия ва гузариш ба таҳсилоти онлайн, ба назар чунин мерасад, ки омӯзиш дастрастар шудааст, аммо дар айни замон, механизмҳо ва асбобҳо хеле мураккабанд. Аз ин рӯ, дар семинар одамоне, ки калиди ҳалли мушкилоти гуногунро пайдо карда тавонистанд, табодули таҷриба карданд, – шарҳ дод Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои омӯзишии Интернюс дар Тоҷикистон.

Дар ҷараёни семинари дурӯза дар баробари табодули таҷриба, барои иштироккунандагон аз коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷаласаҳои онлайн ва офлайн баргузор шуданд. Мо дар бораи омӯзиши калонсолон ва ин ки чӣ гуна онро муассиру ҷолиб гардонем ва ҳангоми таҳияи барномаҳои худ ба чӣ таваҷҷуҳ кардан лозим аст, суҳбат кардем. Илова ба лексияҳо, дарсҳои интерактивӣ низ буданд, масалан, ба иштироккунандагон пешниҳод шуд, ки тренингҳо дар мавзуъҳои дур аз расона (медиа) таҳия карда шаванд ва якчанд гурӯҳ дар як соат курсҳое пешниҳод карданд, ки эҳтимолан аз онҳо пул кор кардан мумкин аст.

Дар ҷараёни воркшоп, акси Internews

– Мо кӯшиш кардем, ки дар иштироккунандагон идеяи пул кор кардан аз курсҳои омӯзиширо бедор кунем. Грантҳо хубанд, аммо шумо аз грантҳо пул кор карда наметавонед. Аз ин рӯ, мо мехоҳем, ки расонаҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ роҳҳои ба даст овардани даромадро, масалан тавассути тренингҳои пулакӣ омӯзанд. Сухангӯҳои мо дар бораи чӣ тавр ба амал баровардани ин кор фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд, – мегӯяд Маҳпора.

Ташкилотҳои тиҷоратӣ ба маҳоратҳои журналистон ниёз доранд

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд омӯзишҳои худро ба сохторҳои тиҷоратӣ – кормандони хадамоти пиар, копирайтерҳо, мутахассисони ВАО фурӯшанд.

– Дар Тоҷикистон созмонҳои тиҷоратӣ саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз карданд ва бо ин гӯё дигар ба кумаки расонаҳо ниёз надоранд, вале аксаран намедонанд, ки бо ин саҳифаҳо чӣ кор кунанд, чӣ гуна таблиғ кунанд, чӣ гуна муҳтаво эҷод кунанд, қиссаҳо нақл кунанд ва чӣ тавр ҷолибият пайдо кунанд. Ҳамаи ин корҳоро журналистон хеле беҳтар анҷом медиҳанд. Ин маҳоратҳое ҳастанд, ки онҳо метавонанд фурӯшанд, – шарҳ дод Зебо.

Вай ба унвони мисол аз таърихи нисбатан нави ширкати русии “Тануки” ёдовар шуд, ки дар бораи он на танҳо расонаҳои худи Русия, балки дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ навиштаанд. Ин ширкат дар бораи пайкори (курьер) худ, ки аслан аз Тоҷикистон аст ва шеър менависад ва ба муштариёнаш интиқол медиҳад, қиссаҳои ҳаяҷоновар нақл кард.

– Ин қиссаест, ки одамони дур аз расонаи воқеӣ ҳамеша пай бурда наметавонанд ва рўзноманигор дарҳол ба он таваҷҷуҳ мекунад. Ва ҳоло созмонҳои тиҷоратӣ на танҳо маҳсулот ва хидматҳои худро бо таблиғоти тиҷорӣ, баннерҳо ё пресс-релизҳои дилгиркунанда таблиғ мекунанд, балки муҳтавои босифати худро эҷод мекунанд, ки аз ҷониби шахсони дорои таҷрибаи рӯзноманигорӣ таҳия мешаванд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон танҳо «Алиф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ хуб аст, баъзан «МегаФон» «пайдо мешавад», боқимондаҳо бо равиши куҳна кор мекунанд, вале ин қоидаҳо ҳатман дигар мешаванд ва мо – расонаҳо, ҳоло метавонем барои сохторҳои тиҷоратӣ ба кормандони онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сифати муҳтаво, афзоиши дастрасӣ ва ҷалби шунавандагон омӯзиш пешниҳод кунем, – гуфт ӯ.

Дар ҷараёни воркшоп, акси Internews

Дар ҷумҳурӣ ба омӯзиши калонсолон талабот вуҷуд дорад. Дар ин бора боз як иштироккунандаи воркшоп — роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Даҳр» аз шаҳраки Бӯстон Масрура Сиддиқова сухан гуфт.

– Дар маркази таълимии мо кӯдакон ва калонсолон фаро гирифта шудаанд. Мо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ курсҳои ройгон дорем. Курсҳои пулакӣ низ ҳастанд. Инҳо асосан курсҳои забономӯзӣ мебошанд, аммо курсҳои махсус низ ҳастанд. Ду сол пеш аз ин 30 дарсади омӯзишгирандагони мо калонсолон буданд ва боқимонда — баччаҳову наврасон, ҳоло таносуб тағйир ёфтааст: 60 дарсад — калонсолон, 40 дарсад — ҷавонон, — гуфт вай.

Масрура ин тағйиротро бо он мефаҳмонад, ки ҷаҳони атроф хеле зуд тағйир меёбад, касбҳои нав пайдо мешаванд, баъзе ихтисосҳо ба плани дуюм меафтанд ва калонсолон бояд барои мутобиқ шудан ба шароити нав, иваз кардани ҷойи кор вақт дошта бошанд. Илова бар ин, муҳоҷират барои Тоҷикистон аҳамият дорад ва теъдоди зиёди донишҷӯён барои такмили ихтисоси худ пеш аз рафтан ба кишвари дигар ба маркази “Даҳр” меоянд.

– Аммо дар бозор пешниҳодҳои курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон хеле каманд, то ҳол асосан танҳо курсҳои забономӯзӣ мавҷуданд. Ман фикр мекунам, ки ин ҷойро ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ пур карда метавонанд, зеро дар тӯли ин солҳо мо худамон дар як қатор тренингҳои гуногун иштирок кардаем, худамон тренингҳо гузаронидаем ва таҷрибаи зиёде ҷамъ кардем, ки омодаем мубодила кунем, – гуфт Масрура.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *