Internews шариконро барои ташкил ва баргузории тренингҳо ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Internews шариконро ҷиҳати ташкил ва баргузории давраҳои омӯзишӣ (тренингҳо) барои журналистон дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват мекунад. 

Дар озмун созмонҳое метавонанд иштирок кунанд, ки дар омодасозӣ ва баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ собиқа доранд ва ё дар яке аз мавзуъҳои дар поён зикршуда дорои таҷрибаи калон мебошанд.

Дархосткунандагоне, ки дар асоси озмун интихоб карда мешаванд, метавонанд дар “Воркшоп” барои шарикон иштирок намоянд ва баъд аз омӯзиш дастгирии молиявӣ барои ташкили тренинг оид ба яке аз мавзуъҳои зерин дарёфт намоянд:

  • Видеорепортажи махсус
  • Тренинг барои муҳаррирон
  • Маҳоратҳои бунёдии журналистика
  • Журналистикаи мобилӣ
  • Журналистикаи иқтисодӣ
  • Тренинг барои видеографҳо

Барои иштирок дар озмун аризаро аз тариқи ин пайвандгар пур кунед.

Дархостҳо то соати 18:00 25 декабр мутобиқи вақти Душанбе қабул карда мешаванд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо, лутфан ба почтаи электронии зерин муроҷиат кунед kz-info@internews.org. бо қайди «Воркшоп барои шарикон». 

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *