Мактаби филмҳои ҳуҷҷатии Internews. Озмун барои омӯзиш

Мо филмсозони навкор, муаллифони филмҳои ҳуҷҷатӣ, видеомейкерҳои мустақил ва рӯзноманигорони телевизионро барои ширкат дар “Мактаби филмҳои ҳуҷҷатӣ – 2022” даъват мекунем. Дар ин ҷо шумо моҳияти филми ҳуҷҷатиро дарк мекунед, бо қонунҳои жанрҳои он шинос мешавед, ба таври кинематографӣ фикр карданро меомӯзед ва дар формати интихобкардаатон филми кӯтоҳи худро ба навор мегиред.

Мактаби минтақавии филмҳои ҳуҷҷатӣ бо дастгирии Интернюс моҳи январи соли 2022 дар форматҳои онлайн ва офлайн дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад. Бо шахсоне, ки аз интихоби пешакӣ мегузаранд, суҳбати алоҳида гузаронида мешавад.

Дар барномаи Мактаб ду марҳилаи кор дар назар гирифта шудааст:

1)           Назария: Панҷ ҳафтаи омӯзиши интенсевии онлайнӣ бо коргардонҳои маъруфи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва тренерҳои байналмилалӣ, супоришҳои хонагӣ, воркшопҳо, тамошои филмҳо ва мубоҳиса.

2)           Таҷриба: ду моҳи наворбардорӣ ва монтаж, омода кардани филми худ бо роҳбарии менторҳо ва тренерҳои Мактаб.

Дар байни тренерҳо ва менторҳои Мактаб коргардонҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ аз Англия, ИМА, Русия, Фаронса, Чехия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ҳастанд.

Дар омӯзиш мутахассисони навкор аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки идеяи филми ҳуҷҷатии худ, баъзе таҷрибаҳои корӣ, малакаҳои ибтидоӣ дар истеҳсоли видео, инчунин, таҷҳизоти базавии худ ё имкони кироя гирифтани онро дар давоми омӯзиш доранд, метавонанд ширкат кунанд.

Якчанд хатмкунанда дар асоси озмун барои анҷом додани кори филми худ кумаки молиявӣ мегиранд.

Дархостҳо метавонанд ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ пешниҳод карда шаванд.

Забони омӯзиш: русӣ.

Барои иштирок, лутфан, дархостро дар линки зерин пур кунед.

Дархостҳо то соати 18:00 27 декабр мутобиқи вақти Душанбе қабул карда мешаванд.

«Мактаби филмҳои ҳуҷҷатӣ -2022» бо ибтикори Интернюс дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи 24fps (Қазоқистон), Фонди ҷамъиятии «Дидор» (Тоҷикистон), Элёр Неъматов (Ӯзбекистон) баргузор мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *