Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон барои ҷоизаи «Шаҳрванди сол» номзадҳоро меҷӯяд

Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон ба ҳамкорон, шарикон ва тоҷикони ғамхор бо даъвати пешниҳод намудани номзадҳо ба ҷоизаи «Шаҳрванди сол» барои мавқеияти шаҳрвандии фаъол муроҷиат мекунад.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рафтори ӯ намунаи ҷасорати шаҳрвандӣ гардида, дар соли 2021 ба тағйироти мусбат дар ҷомеаи мо таъсири назаррас расонидааст, метавонад номзад барои ин ҷоиза шавад. Ин ҷоиза аз ҷониби Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон дар чорчӯби лоиҳа оид ба таҳкими иттиҳодияҳои расонаии Internews дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки созмон онро аз баҳори соли ҷорӣ амалӣ мекунад. Вазифаҳои иттиҳодия дар лоиҳа – рушди механизмҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ, робитаи мутақобил бо мақомоти давлатӣ ва бисёр чизҳои дигар, аз ҷумла таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

– Хушбахтона, дар кишвари мо вақтҳои охир бисьёр намояндагони намоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо шудаанд, ки ҷаҳони атрофи худро тағйир дода, корҳои муҳимро анҷом медиҳанд. Бо кӯмаки ҷоизаи “Шаҳрванди сол”, мо мехоҳем дастгирии чунин одамонро баён кунем, то ки шумораи онҳо ҳар чӣ бештар бошад, мегӯяд Наргис Қосимова, роҳбари Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Наргис, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад номзади худро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд. Барои ин, онлайн-анкетаи содда бояд то санаи 12 декабри соли 2021 пур карда шавад. Ғайр аз ин, маълумот дар бораи номзади худ мумкин аст ба суроғаи Эътилоф: info@womenjournalists.tj ирсол карда шавад. Пас аз таҳияи рӯйхати номзадҳо, Эътилоф онҳоро ба ҳакамони мустақил месупорад, ки онҳо 12 нафар намояндагони намоёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро интихоб мекунанд. Маросими супоридани ҷоиза дар санаи 21 декабр баргузор мешавад.

Дар ибтидо дар чорчӯби лоиҳа Эътилоф тасмим гирифта буд, ки ҷоизаро танҳо барои рӯзноманигорон баргузор намояд, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки рӯйхати шахсоне, ки метавонанд барои дарёфти ин ҷоиза номзадии худро пешниҳод намоянд, то фаъолони шаҳрвандӣ васеъ карда шавад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Наргис Қосимова, Эътилоф ҷоизаи рӯзноманигоронро мустақилона баргузор менамояд.

– Аз ман пурсиданд, ки ҷоизаи мо аз дигар чорабиниҳои монанд дар Тоҷикистон чӣ тафовут хоҳад дошт? Пеш аз ҳама, мо махсусан ба одамони дорои мавқеияти фаъоли шаҳрвандӣ диққат медиҳем. Яъне номзадҳо мумкин аст дар ҷомеа хеле машҳур бошанд ва ё тамоман ношинос бошанд, вале онҳо набояд дар мавриди ҳодисаҳои дар атрофашон рухдиҳанда бетараф монанд. Ғайр аз ин, ман фикр мекунам, ки барои боло бурдани мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар кишвари мо ба тозагӣ рушд карда истодааст, бояд чунин ҷоизаҳо бештар бошанд, шарҳ медиҳад Наргис.

Дар баробари баргузории ҷоиза дар чорчӯби лоиҳа оид ба таҳкими иттиҳодияҳои расонаӣ, Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои рӯзноманигорон тренингҳо мегузаронад, ба ҳамкорон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии вобаста ба қонуни ВАО ва ғайра машваратҳо медиҳад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *