Расонаҳои Тоҷикистон рӯзноманигорони маданӣ ҷустуҷӯ мекунанд

Чаҳор редаксия аз Тоҷикистон раванди интихоби рӯзноманигорони маданиро оғоз карданд. Онҳо дар ҷустуҷӯи одамоне ҳастанд, ки таҳсилоти махсус ва таҷрибаи кор дар соҳаи расонаро надоранд, вале ба он чӣ дар атроф рӯй медиҳад, бетафовут нестанд ва мехоҳанд ба мухотабон аз тағйироту рӯйдодҳо ва қаҳрамонон нақл кунанд.

Ҳамаи нашрия ғолиби озмун барои ширкат дар лоиҳаи Интернюс «Шабакаи рӯзноманигорони маданӣ» гардиданд, ки охири соли гузашта оғоз шуда буд. Редаксияҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ғолиб баромаданд. Ҳоло онҳо рӯзноманигорони маданиеро ба кор қабул менамоянд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 аз минтақаҳое, ки дар он зиндагӣ мекунанд, қиссаҳои ҷолибро нақл кунанд. Барои шомил шудан ба ин гурӯҳҳо шумо метавонед ба нишониҳои зерин дархост пешниҳод намоед:

Агентии иттилоотии «СуғдНюс»;

Нашрияи «Маънавият»;

Нашрияи «Қадрият»;

Нашрияи JOM.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 15 март соли 2022.

Пеш аз он, ки рӯзноманигорони интихобшудаи маданӣ ба кори худ оғоз кунанд, онҳо дар давраи омӯзишии махсуси назариявӣ ва машқҳои амалӣ оид ба ҷустуҷӯи сюжетҳо, пурсидани саволҳо, санҷиши иттилоот, эҷоди маводҳои чандрасонаӣ иштирок мекунанд. Муаллифони интихобшуда ва омӯзонидашуда барои кори иҷрокардаи худ ҳаққи қалам дарёфт мекунанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *