Муроҷиати дафтари Internews дар Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамкорони муҳтарам, дӯстони азиз, пеш аз ҳама дафтари Internews дар Тоҷикистон ба хонаводаҳои кушташудагон дар муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдардии амиқ баён мекунад. Мо боварӣ дорем, ки воқеаҳое, ки миёни ду кишвари ба ҳам наздик рӯй медиҳанд, дар дили сокинони ҳарду ҷумҳурӣ дарду ноумедиро эҷод мекунанд.

Дар шароити идомаи муноқишаҳо барои рӯзноманигорон бисёр душвор аст, ки уҳдадории касбии худро иҷро кунанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. Бо вуҷуди ин, дар ин шароити душвор мо аз намояндагони ВАО даъват менамоем, ки ба касби худ содиқ бошанд ва стандартҳои байналмилалии журналистикаро асоси кори худ қарор диҳанд, ки паҳнкунии танҳо иттилооти объективӣ, беғаразона ва муътамадро тақозо мекунад.

Тарзе, ки журналистҳо ҳодисаҳоро инъикос мекунанд метавонад ба пешрафти ҳодисаҳо дар оянда таъсири калон расонад. Паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва забони душманӣ метавонад ба раванди нозуки сулҳомез зиён расонад. Аз ин рӯ, барои рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои ҳарду кишвар, махсусан муҳим аст, ки принсипи беғаразиро риоят кунанд.

Мо умедворем, ки халқҳои Қирғизистону Тоҷикистон, ки бо анъанаҳои неки ҳамсоягӣ фарқ мекунанд, метавонанд ба қарори ягона омада, ба низоъ хотима бахшанд ва ба сарзамини худ сулҳу оромиро баргардонанд. Мо боварӣ дорем, ки ҷомеаи расонаҳои кишварҳои мо дар эҷоди муколама байни тарафҳо саҳм хоҳад гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *