Internews журналистҳои тоҷикро ба давраи омӯзишӣ дар бораи бастабандии эҷодкоронаи (креативии) лоиҳаҳои тиҷоратӣ даъват менамояд

Internews дар Тоҷикистон журналистҳои кишварро ба омӯзиши серӯзаи оффлайн дар бораи бизнес-журналистика даъват мекунад, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳия ва бастабандии эҷодкоронаи лоиҳаҳои тиҷоратӣ равона мешавад.

Дар ин давраи омӯзишӣ, ки аз 11 то 13 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сомонаи Your.tj баргузор мешавад, журналистҳое метавонанд иштирок кунанд, ки на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.

Пас аз хатми давраи омӯзишӣ иштироккунандагон бояд лоиҳаҳои тайёрро ба супоришдиҳандагони эҳтимолии тиҷоратӣ пешниҳод намуда, сипас онҳоро дар редаксияҳои худ амалӣ намоянд.

Дар рафти давраи омӯзишӣ иштироккунандагон дар бораи мавридҳои зерин дониш касб мекунанд:

• чаро бизнес-журналистика – вале ин пиар нест, балки маводҳои муфиду ҷолиб мебошанд;

• бо ниёзҳои супоришдиҳанда чӣ гуна бояд кор кард;

• ҳангоми кор бо матнҳои тиҷоратӣ кадом меъёрҳои ахлоқиро бояд риоя кард;

• чӣ гуна эҷод кардани идеяҳо барои лоиҳаҳои тиҷоратӣ;

• пешниҳоди дурусти идея ба супоришдиҳанда аз чӣ иборат аст;

• чӣ гуна таҳия кардани муҳтаво-нақшаи лоиҳаҳои тиҷоратӣ;

• дар бораи талаботҳои техникӣ барои матнҳои тиҷоратӣ чиро бояд донед.

Давраи омӯзишӣ инчунин дастгирии менториро дар бар мегирад, ки дар он журналистҳо метавонанд бо ядеяҳои нави худ барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ кор кунанд.

Машғулиятҳо ройгонанд, интихоб аз рӯи дархостҳо сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд онро ба таври  онлайн-форма пур кунанд.

Қабули дархостҳо 8 август соати 20:00 ба вақти Душанбе баста мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *