INTERNEWS ОЗМУН БАРОИ ТАЪСИСИ ХОНАИ САВОДНОКИИ РАСОНАӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО ТАМДИД КАРД

Муҳим! Муҳлати озмун то 22 август тамдид карда шуд!

Хазинаҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои расонаӣ, омӯзишӣ, ассосиатсиҳо аз Тоҷикистон барои иштирок дар озмун ҷиҳати эҷоди Хонаи саводнокии расонаӣ дар Вилояти Хатлон даъват карда мешаванд.

Хонаи саводнокии расонаӣ – ин маркази коршиносии маҳаллӣ мебошад, ки ҳадафи он ба ҷалби ҷомеа дар саводнокии расонаӣ-иттилоот ва рақамӣ дар минтақа равона шудааст. Он метавонад дар яке аз шаҳрҳои бузурги вилояти Хатлон – Кӯлоб, Данғара ё Бохтар ҷойгир бошад. Инчунин дастаҳои қавии Душанбе барои ширкат даъват мешаванд, ки метавонанд дар минтақа фаъолият кунанд. Муҳим он аст, ки чорабиниҳо на танҳо дар як шаҳр, балки дар нуқтаҳои гуногуни аҳолинишини вилояти Хатлон пайваста баргузор шаванд.

Вазифаҳои Хонаи саводнокии расонаӣ иборатанд аз:

1. Гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди расонаӣ-иттилоотӣ ва саводнокии рақамии аҳолии вилояти Хатлон (корҳои гуногуни таълимӣ барои гурӯҳҳои гуногуни демографӣ; баҳсу мунозираҳо; бозиҳо ва квестҳо; тренингҳо барои тренерҳо оид ба саводнокии расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ, вохӯриҳо бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра). Давомнокии лоиҳа 5 моҳ аст.

2. Давраҳои баргузории чорабиниҳо – на камтар аз се маротиба дар як моҳ дар ҳама гуна шаклҳо мутобиқи вазъияти эпидемиологӣ.

Мо интизор дорем, ки дар чорабиниҳои Хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон шахсони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок хоҳанд кард.

Афзалият ба дархосткунандагоне дода мешавад, ки дар гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар соҳаи  саводнокии расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ таҷриба доранд.

Барои иштирок дар озмун варақаи дархостро дар ин ҷо пур кунед то соати 24 ба вақти Душанбе 22 августи соли 2022

Интернюс ҳамчунин дархостҳоро аз дастаҳои таҷрибадор оид ба саводнокии расонаӣ аз дигар минтақаҳои кишвар барои бунёди пойгоҳи устувори коршиносӣ оид ба саводнокии расонаӣ дар байни созмонҳои ғайридавлатии амалкунанда дар вилояти Хатлон ба инобат мегирад.

Барои иштирок дар озмун варақаи дархостро дар ин ҷо пур кунед то соати 24 ба вақти Душанбе 22 августи соли 2022

Internews дархостҳоро на дертар аз 26 августи соли 2022 баррасӣ мекунад ва ҳамаи дархосткунандагон дар бораи натиҷаҳои озмун на дертар аз 29 августи соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Агар шумо ягон савол дошта бошед, лутфан ба нишонии зерин нависед: TJ-Info@internews.org. Дар сатри “Мавзӯъи паём” зикр кунед: “Хонаи саводнокии расонаӣ дар вилояти Хатлон”.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *