Финалистҳои озмуни MediaCAMP Award 2022 муайян шуданд

74 муаллиф аз рӯи панҷ номинатсия ва 20 аксбардор, карикатурист ва рассом дар категорияи «Замон аз намои наздик» ба финали озмуни MediaCAMP Award 2022 дарОсиёи Марказӣ роҳ ёфтанд. Онҳоро комиссияҳои миллӣ интихоб карданд, ки дар ҳайати он рӯзноманигорон ва коршиносони расонаии шинохта шомил буданд.

Дар маҷмуъ имсол созмондиҳандагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 821 дархост дарёфт карданд.

Ҳамаи ин финалистҳои озмун акнун байни ҳам рақобат мекунанд – корҳои онҳо барои арзёбӣ ба ҳайати доварони минтақавӣ пешниҳод карда мешаванд, ки номашон то эълони натиҷаҳо махфӣ боқӣ мемонад, то аз фишори эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад. Ба хотири бехатарии муаллифон аз Ӯзбекистон ва Туркманистон созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки номи финалистҳои озмунро нашр накунанд, балки шахсан бо онҳо дар тамос шаванд. Мо аз шумо даъват менамоем, ки бо финалистҳо аз кишварҳои дигар шинос шавед.

Қазоқистон

Номинатсияи «Замони ҷавонон»

Номинатсияи «Замони фаҳмидан»

Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»

Номинатсияи «Замони созандагӣ»

Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»

Қирғизистон

Номинатсияи «Замони ҷавонон»

Номинатсияи «Замони фаҳмидан»

Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»

Номинатсияи «Замони созандагӣ»

Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»

Тоҷикистон

Номинатсияи «Замони ҷавонон»

Номинатсияи «Замони фаҳмидан»

Номинатсияи «Замони ғолиб шудан»

Номинатсияи «Замони созандагӣ»

Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони нав»

Номинатсияи «Замон аз намои наздик»

Асарҳо дар номинатсияи махсуси «Замон аз намои наздик» то 31 июл қабул карда шуданд. Ба монанди соли гузашта ба ин номинатсия на танҳо суратҳо, балки карикатураҳо, коллажҳо ва ороишҳо (иллюстратсияҳо) низ пешниҳод кардан мумкин аст. Асарҳое, ки ба «Замон аз намои наздик» пешниҳод шуда буданд, инчунин аз интихоби техникӣ – мувофиқ будан ба талаботи фаннӣ ва дигар талаботи озмун гузаштанд. Вале дар ин номинатсия мухотабон (аудитория) ғолибро интихоб мекунанд – маҳз муаллифи асаре ғолиб хоҳад шуд, ки бештар лайк мегирад. Тариқи ин пайванд  то 30 сентябри соли 2022 метавонед барои ғолиб овоз диҳед.  

Навгонии имсола дар он аст, ки ба ҷуз ғолиби асосӣ дар ин бахш шояд як ғолиби дигар низ бошад. Барои ин мо аз ҳайати доварони минтақавии MediaCAMP Award хоҳиш мекунем, ки ба маводҳои номинатсияи «Замон аз намои наздик» низ шинос шаванд – ба салоҳдиди онҳо мумкин аст ҷоизаи махсус дода шавад.

Ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо 10 октябр дар маросиме эълон ва мукофотонида мешаванд, ки ба фестивали MediaCAMP Fest 2022 хотима мебахшад. 

Ҳамоҳангсозони озмун ғолибони озмунро табрик мекунанд ва аллакай бо онҳо тамос мегиранд, то онҳоро ба сифати иштироккунандагони махсуси фестивал даъват намоянд. Онҳое, ки ба финал роҳ наёфтанд, Internews барои вақти ҷудокардаашон ва маводҳои хуб миннатдорӣ баён мекунад.

“Ҳар сол интихоб мушкилтар мешавад” – мегӯянд ҳамоҳангсозони MediaCAMP Award. – На танҳо миқдори асарҳои ба озмун пешниходшаванда, балки сифати онҳо ҳам афзоиш меёбад. Муаллифон дар форматҳои тамоман гуногун кор мекунанд, бинобар ин аъзоёни ҳайати доварон ҳангоми интихоби ғолибон на танҳо ба мавзуъҳои ҷолибу муҳим бояд таваҷҷуҳ кунанд, балки сабки маводҳо, сифати визуализатсия ва тарзи пешниҳоди онҳоро муқоиса кунанд. Соли оянда мо умедворем, ки боз дар байни иштироккунандагон онҳоеро бубинем, ки ин бор ба шорт-лист (рӯйхати кӯтоҳ)  дохил нашуданд. Ҳатман ба озмуни навбатӣ дархост пешниҳод намоед. Эҳтимолияти зиёд вуҷуд дорад, ки шумо яке аз довталабон барои пирӯзӣ хоҳед шуд!».

31 августи соли 2022 Манана Асламазян — яке аз маъруфтарин коршиносони расонаӣ дар ҷаҳон, барандаи ду ҷоизаи ТЭФИ, аз ҷумла барои саҳми шахсиаш дар рушди телевизиони Русия, коршиноси Internews оид ба рушди стратегӣ, раиси беназири ҳайати доварони минтақавии MediaCAMP Award, дар Ереван ба таври фоҷиабор ҳалок шуд, ки асосан ба шарофати ӯ озмуни мазкур ба он шакле табдил ёфт, ки расонаҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ онро мешиносанд ва дӯст медоранд.

Дастаи Internews барои ёдбуди ин ҳамкор тасмим гирифт ҷоизаи Манана Асламазянро таъсис диҳад. Ин ҷоиза дар маросими ҷоизасупории Award 2022 тақдим мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи ҷоиза ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Рӯйхати ғолибони MediaCAMP Award 2021-ро дар ин ҷо, 2020 – дар ин ҷо ва озмуни 2019 – ро дар ин ҷо дидан мумкин аст.

Озмуни мазкур бо кӯмаки молии мардуми Амрико, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, гузаронида шудааст. Internews барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *