Ӯзбекони этникии Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ саводи иттилоотиву расонаӣ меомӯзанд

Ӯзбекони этникӣ қариб 20 фоизи аҳолии вилояти Суғди Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Қисми зиёди онҳо дар ноҳияи Спитамен зиндагӣ мекунанд. Ӯктам Ризоев, рӯзноманигор, мураббии расонаӣ мегӯяд, ки дар минтақа бисёриҳо бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд. Вале барномаҳои омӯзишӣ бо ин забон вуҷуд надоранд. Ӯктам бо тими худ ин мушкилиро ҳал кард: ӯ ду омӯзиши даҳрӯзаи  саводнокии иттилоотиву расонаӣ, дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов доир кард.   

Ӯктам яке аз рӯзноманигорони Тоҷикистон аст, ки бо забони ӯзбекӣ дар ҳафтаномаи “Суғд ҳақиқатӣ” фаъолият мекунад. Ҳамзамон дар ТҶ “Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд” ҳамоҳангсози лоиҳаҳо мебошад. Ду сол қабл, ин ташкилот барои донишҷӯёни ӯзбекзабони шаҳри Хуҷанд Мактаби журналистони ҷавонро ташкил сохт.

Ӯктам Ризоев, ҳамоҳангсози лоиҳа дар ҷараёни ҷаласааш

“Ҳангоми суҳбат бо довталабон муайян гардид: онҳое, ки забонҳои тоҷикиву русиро хуб намефаҳманд, аз донишҳои СИР тамоман бехабаранд. Ҳатто терминҳои маъмулии “хейтер”, “кибербуллинг”, ки ин чизҳои элементарианд, намедонанд. Он вақт дар ман идеяе пайдо шуд, ки омӯзише барои ин аудитория бо забони ӯзбекӣ баргузор кунам. Ин идеяи ман бо шарофати MediaCAMP Эдютон-2021 амалӣ гардид”, – гуфт Ӯктам Ризоев, ҳамоҳангсози лоиҳаи омӯзиши саводнокии расонаиву рақамӣ барои аудиторияи ӯзбекзабони муқими Тоҷикистон.

Иштирокчиёни Эдютон-2021 (семинари инноватсионии СИР)- ро мебоист, ки идеяи лоиҳаҳои худро ҳангоми иштирок дар семинар, ки дар аввали соли 2021 тариқи онлайн баргузор шуд,  пешниҳод кунанд. Муаллифони беҳтарин лоиҳаҳо ба Эдютон даъват шуданд ва дар ҷараёни он идеяҳои худро бо роҳнамоён пурра сохтанд. Аз Тоҷикистон ба ин семинар 20 идея роҳ ёфт. Аз миёни онҳо 10 идея ғолиб омад, ки миёни онҳо Ӯктам Ризоев низ бо лоиҳаи омӯзиши СИР бо забонӣ ӯзбекӣ ҷой гирифт.  Омӯзиши аввал дар ноҳияи Спитамен аллакай ба поён расид. Рӯзи 14 уми июн  омӯзиши навбатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд.

“Омӯзиши мо дар ноҳияи Спитамен 10 рӯз идома ёфт. Дар умум, дар  ноҳияи Спитамен 90 кас ширкат карданд, ки миёни онҳо донишҷӯён, нозирони минтақавӣ, намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ, равоншиносони муассисаҳои таълимӣ ва 5 нафар донишҷӯён аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғонаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон буданд, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд”, – қайд кард Ӯктам.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен ҳангоми ширкат дар омӯзиш

Мавзуъҳои омӯзиш аз малакаҳои бунёдии саводнокии иттилоотиву расонаӣ иборат буд. Барои мисол, Ӯктам дар бораи чӣ гуна калидвожаҳои боэътимод сохтан, далелсанҷӣ, кор дар интернет, дарки маълумоти дуруст аз фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисса кард.  Ба гуфтаи Ӯктам, пас аз хотима ёфтани омӯзиш, муаллимаҳои ноҳияи Спитамен, ӯро хоҳиш карданд, чунин як омӯзишро барои хонандагони муаасисаҳояшон бо забони ӯзбекӣ доир кунад.

“Пешниҳоде дигаре низ буд: гузаронидани чунин омӯзиш бо забони тоҷикӣ барои нозири минтақавии ноҳияи Спитамен. Онҳо ҳатто омодаанд, ки барои ин омӯзиш ҳама шароитро фароҳам оваранд. Ба нозирон мавзуъҳои истифодаи дурусти захираҳои интернетӣ, манбаҳои хабарҳои дуруст писанд омад. Инчунин, равоншиносони муассисаҳои таълимӣ қайд карданд, ки донишҳои гирифтаи худро ба толибилмонашон, ҳангоми дарсҳо нақл мекунанд”, – бо як хушҳолии зиёд қайд мекунад, Ӯктам Ризоев.

Ширкаткунандагон дар омӯзиш хеле фаъолона иштирок доштанд. Баъди ҷаласаҳо намерафтанду якҷоя вазифаҳои хонагиро баррасӣ мекарданд.

Ҷавоҳир Раҳимов, хонандаи муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Спитамен

“То иштирок дар ин омӯзиш ман умуман дар бораи саводнокии иттилоотиву рақамӣ маълумот надоштам. Намедонистам, ки Google дар бораи мо маълумот ҷамъ мекунад. Аз ҳама ҷаласаи ҷолибу муфид барои ман “Далелсанҷӣ” буд. Аз ин ҷаласа, чӣ гуна манбаъҳоро санҷидаву маълумоти дуруст гирифтанро омӯхтам” – мегӯяд Ҷавоҳир Раҳимов, хонандаи муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Спитамен.

Ӯктам ва ширкаткунандагони омӯзиш акнун бо ҳам дар чати WhatsApp муоширатро идома медиҳанд. Он ҷо маълумотҳоро якҷоя месанҷанд ва ё қисса мекунанд, ки чӣ гуна донишҳои гирифтаи худро аз омӯзиш ба дӯстонашон нақл мекунанд.  

“Мо санҷишҳои пеш ва баъд аз омӯзишӣ баргузор кардем. Дар ҷамъбаст маълум шуд, ки 80 % ширкаткунандагон ақидаҳои худро иваз кардаанд. Ба фикрам, дар ягон кор 100 % муваффақ шуда наметавонӣ. Дар ҳоли ҳозир, ин натиҷа барои мо кофӣ аст”, – мегӯяд Ӯктам.

Омӯзиши навбатӣ 14 уми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз шуда, қисм қисм  10 рӯз идома меёбад. Ҳамакнун давоми ин 10 рӯз онҳо малакаҳои СИР мегиранд ва донишҳои худро дар ин соҳа қавитар месозанд. Бояд қайд кард, ки ин бори аввал буд, ки омӯзиши СИР бо забони ӯзбекӣ дар минтақаҳои ӯзбекнишини вилояти Суғд баргузор гардид.

“Вақте муаллимае, аз ман  пурсид, ки ин ҷо чӣ чорабинӣ аст. Ҷавоб додам, ки омӯзиши СИР бо забонӣ ӯзбекӣ аст. Ӯ ҳайрон шуда гуфт, ки оё бо забони ӯзбекӣ ҳам омӯзишҳо дар Тоҷикистон мешаванд. Ҳамзамон хеле хушҳол гашт. Инчунин ширкаткунандагон ҳам қайд мекарданд, ки бори аввал аст дар омӯзиши забони ӯзбекӣ ҳастанд”, – бо ифтихор қайд кард Ӯктам Ризоев.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *