Мутахассис оид ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ба кор даъват карда мешавад

Вазифа: Мутахассис оид ба саводн расонаӣ ва иттилоотӣ

Созмон: Интернюс дар Тоҷикистон

Ӯҳдадориҳои умумии вазифа: ташкил ва ҳамоҳангии чорабиниҳо доир ба саводи расонаӣ дар дохили кишвар дар чорчӯби вазифаи дуввуми барномаи MediaCAMP (саводи расонаӣ ва иттилоот);

Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

• ташкил ва ҳамоҳангии чорабиниҳо доир ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар дохили кишвар дар чорчӯби вазифаи дуввуми барномаи MediaCAMP (Баланд бардоштани саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар байни ҷавонон ва калонсолон) дар Тоҷикистон;

• Ташкил кардан ва роҳбарӣ намудани фаъолияти вобаста ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ бо дафтари минтақавии Интернюс;

• Ба роҳ мондани муносибатҳои мусбат бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ба монанди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар  кишвар;

• Баргузории чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти саводи расонаӣ ва иттилоот дар соҳаи таҳсилот;

• Мусоидат дар таҳия кардани сиёсат ва стратегияи вобаста ба саводи расонаи ва иттилоотӣ дар сатҳи миллӣ;

• Баргузор кардани тренинг оид ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ барои омӯзгорони мактабҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон;

• Ба ҳамкории мусбат байни тарафҳои асосии манфиатдор ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардан;

• Бо дафтари минтақавӣ ҷиҳати таҳияи маводҳои таълимӣ (китобҳо, китобҳои дарсӣ, брошюраҳо ва ғайра) доир ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ якҷоя кор кардан;

• Навиштани гузоришҳо ва дигар аснод барои дафтари марказӣ, дафтари минтақавӣ ва дигар созмонҳои донорӣ дар бораи рафти кор вобаста ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ;

• Амалҳои дигари зарур барои татбиқи бемониаи барномаи MediaCAMP.

Талаботҳои асосӣ ба номзад:

• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи журналистика ё дигар фанҳои гуманитарии омехта. Таҳсилоти иловагӣ оид ба барномаҳои байналмилалии таҳсилотӣ бартарӣ хоҳад буд.

• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи расона ва таҳсилоти расонаӣ на камтар аз 5 сол.

• Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; дониши забони англисӣ – бартарӣ.

• Таҷрибаи корӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ.

• Қобилияти муошират, дараҷаи баланди масъулият, тавоноии кор кардан дар мӯҳлати кӯтоҳ ва ба таври оперативӣ иҷро кардани вазифаҳо.

• Саводи рақамӣ ва чандрасонаӣ (мултимедиявӣ) (таҷрибаи корӣ бо сервисҳои чандрасонаӣ, барномаҳои офисӣ, онлайн-сервисҳои барномарезии ҷараёнҳо)

Дар аризаи кӯтоҳ (на бештар аз як саҳифа матн) ангезаи худ, интизорот аз кори дар пешистода бо Интернюс ва низ миқдори ҳадди ақали музди интизорравандаро нишон диҳед.  Лутфан, резюмеи стандартии худ (CV) ва дархостро то 1 июли соли 2021 ба нишонии электронии зерин фиристед: TJ-Info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *