Internews барои шарикони эҳтимолӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани тренинги офлайн оид ба рӯзноманигории тавзеҳӣ (фаҳмондадиҳӣ) озмун (конкурс) эълон менамояд. Озмун дар чорчӯби барномаи MediaCAMP эълон карда мешавад.
Дархостҳо аз ширкатҳои расонаӣ, ғайритиҷоратӣ ва тиҷоратӣ, инчунин созмонҳои ҷамъиятие қабул карда мешаванд, ки онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ дар соҳаи ВАО таҷриба доранд.
Машғулиятҳо дар формати офлайн дар тӯли 3 рӯз баргузор мешаванд ва мавридҳои зеринро дар бар мегиранд:
- Мастер-классҳо ва лексияҳо аз ҷониби тренерҳои хориҷӣ (пайвастшавии онлайн)
- Кори интенсивӣ бо тренерҳои маҳаллӣ
- Иҷрои машқҳои амалӣ
- Дастгирии роҳнамоии (ментории) дуҳафтаина барои мустаҳкам намудани дониши касбшуда ва омода кардани маводҳо
Аудиторияи (мухотабони) тренинг:
Бар асоси дархостҳо, 24 иштироккунанда барои омӯзиш дар ду гурӯҳи забонӣ интихоб карда мешаванд: 12 иштироккунанда ба забони русӣ ва 12 иштироккунанда ба забони тоҷикӣ.
Рӯзноманигороне, ки таҷрибаи на камтар аз 1-сола доранд, муаллифони мустақил, блогерҳое, ки мехоҳанд маҳоратҳо ва қобилияти пешниҳоди мавзӯъҳои мураккабро ба таври возеҳ ва дастрас такмил диҳанд, барои иштирок даъват карда мешаванд.
Муаллифоне, ки майдон барои ҷойгиркунии маводҳои дар ҷараёни омӯзиш ва давраи роҳнамоӣ (менторӣ) омодашуда доранд, бартарӣ хоҳанд дошт.
Хароҷоти роҳ ва манзил барои иштироккунандагон аз минтақаҳои алоҳида аз ҷониби ташкилкунанда пардохт карда мешавад.
Ҳангоми интихоби шарик, афзалият ба он дархосткунандагоне дода мешавад, ки:
- дар таҳияи барномаҳои таълимии ҷолиб ва интерактивӣ оид ба рӯзноманигорӣ таҷрибаи хуб доранд;
- интернет-сервисҳоро барои омӯзиши онлайн ва санҷиш (тест) хуб медонанд;
- барои ҷалби тренерҳо ва роҳнамоҳои (менторҳои) боихтисос аз соҳаи ВАО имконият доранд;
- барои гузаронидани чунин чорабиниҳо майдон ва имкониятҳои техникии мувофиқ доранд;
- ниёзҳои бозори ВАО-и кишварро хуб медонанд;
- дар мавриди барномаи тренинги дарпешистода пешниҳодҳо, идеяҳо ва таҷрибаи корӣ доранд.
Дархостҳо дар шакли онлайн то соати 20:00 санаи 25 июни соли 2021 қабул карда мешаванд. Ҳамаи дархосткунандагон дар бораи қарори қабулшуда то 28 июни соли 2021 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.