«MediaCAMP Эдютон 2021»: ба ҷаласаҳои кушоди саводнокии расонаӣ даъват мекунем

Ҳадаф аз баргузории чорабинии Эдютон омӯзонидани муаллимон, мураббиёни саводи расонаӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, китобдорон ва инчунин онҳое мебошад, ки бори аввал ба саводи расонаӣ ва малакаҳои омӯзиши онлайнӣ ошноӣ пайдо кардаанд. 50 – кас ширкаткунандагон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки тариқи озмун интихоб шудаанд, бо кӯмаки мураббиёни ботаҷриба пешниҳодҳои худро ба лоиҳаҳои мукаммал такмил медиҳанд. Баъдан дар назди ҳакамон  ва ширкаткунандагони дигар муаррифӣ мекунанд. Лоиҳаҳои самарабахшу устувор эътирофшуда, дастгирии молиявӣ мегиранд.

Суханронии маърӯзачиён ва тренингҳои амалии мураббиён бо усулҳои интерактивӣ, бозиҳо, визуализатсия дар саводи фосилавии омӯзиши расонаӣ гузаронида мешаванд. Аз 18 ҷаласа, 4-тоаш кушода доир мешавад, ки ҳама хоҳишмандон метавонанд тамошо кунанд.

Ба ҳайати маърӯзачиён, менторон ва мураббиёни барнома дохил мешаванд:

Всеволод Пуля, менеҷери расонаҳо, муҳаррир, мураббии расонаӣ (Русия);

Сергей Штурхетский, Номзади илм дар соҳаи идоракунии давлатӣ, дотсент, раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ дар Академияи матбуоти Украина, (Украина);

Саида Сулаймонова, Директори Маркази рушди журналистикаи муосир, шарики Deutsche Welle Academy, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ, (Ӯзбекистон);

Татяна Голубтсова, соҳибкори расонаӣ, ношири маҷаллаи “ВыбиРай”, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ, (Караганда);

Баубек Сагиндиков, машваратчии расонаӣ, мутахассиси журналистикаи мултимедиявӣ ва додаҳои Интернюс дар Қазоқистон (Алмаато).

Аз Тоҷикистон Ҷамшед Маруф, Асосгузори далелсанҷӣ дар Тоҷикистон, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ ва Кумушой Муртазоқулова, мутахассиси саводнокии додаҳо, ҳамоҳангсози лоиҳаи Internews дар Тоҷикистон даъват шудаанд;

Светлана Избаш, номзади илмҳои педагогӣ, профессори Академияи миллии Гвардияи миллии Украина, мураббии саводнокии расонаӣ.

Татяна Иванова, доктори илм, профессор, мураббии саводнокии расонаӣ дар Академияи матбуоти Украина.

Ҷаласаҳои кушод мустақиман дар саҳифаи Internews дар Facebook пахш карда мешаванд. Мо барномаи ҷаласаҳои кушодро замима мекунем:

2-юми феврал, 15:30-16:45 – Всеволод Пуля, “Фалсафаи Digital ҳамчун асоси рушди саводнокии расонаӣ”, инчунин саволу ҷавобҳо.

3-юми феврал, 15:00-16:30 – Всевполод Пуля, “Расонаву равандҳои ҷадид ва рушди саводнокии расонаӣ”.

4-уми феврал, 17:15 – 18:15 – Сергей Штурхетский, Алгоритмҳои паҳн кардани иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ

5-уми феврал, 17:00-18:00 – Сергей Штурхетский, “Усулҳои онлайнии интерактивии таълими тафаккури интиқодӣ”

6-уми феврал, 15.00 — 15.45 – Татяна Иванова, Светлана Избаш, “Дар раванд бошед: саводи расонаии онлайн”.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *