Интернюс оид ба ҷалби аудитория барои расонаҳо озмуни грантӣ эълон мекунад

Озмуни грантӣ барои ҷалби аудитория имкониятест, ки расонаҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои тамоюли иҷтимоиро амалӣ мекунанд.

Ин озмун барои расонаҳоест, ки

– мехоҳанд аудиторияи худро васеътар кунанд. На танҳо хонандагони нав (шунавандагон, бинандагон) -ро ҷалб кунанд, балки онҳоро иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои худ гардонанд.

– мехоҳанд бо мутахассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкории мутақобилан судманд ва дарозмуддатро ба роҳ монанд.

-дар ҳалли мушкилоти мушаххаси ҷамъиятӣ тавассути ҷалби аудитория манфиатдоранд.

Шаклҳои татбиқи лоиҳаҳои расонаие, ки ба ҷалби аудитория нигаронида шудаанд, метавонанд гуногун бошанд: таблиғоти онлайнӣ ва офлайнӣ, силсилаи маводҳо, пурсишҳо, озмунҳо, кор бо гурӯҳҳои ҷамъиятӣ барои ҷалби маблағҳои хайриявӣ, гузаронидани ҷаласаҳо, чорабиниҳои ихтиёриён ва ғайра.

Соли 2020 дар Қазоқистон Интернюс ташаббусҳое, ки ба таҳкими ҳаракати ихтиёриён, рушди худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра нигаронида шуда буд, дастгирӣ кард. Соли 2019 ғолибони озмун, меҳвари мустанад (реалити-шоу) ба навор гирифтанд ва флешмобҳои онлайнӣ  доир карданд.

Марина Низовкина, лоиҳаи “Корзинка добра” (грант оид ба ҷалби аудитория дар соли 2020):

“Мо интизор набудем, ки лоиҳа таваҷҷуҳи мардумро ҷалб мекунад, тамошои хуб мегирад ва аз ҳама муҳимаш, ба одамон кӯмак мекунад. Дар тӯли амалигардии лоиҳа, дар чати он 50 кас ҷамъ омаданд. Ғайр аз ин, ба мо муяссар омад, ки дар ин чат ихтиёриён, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешвоёни ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва хайрхоҳонро муттаҳид кунем. Агар онҳо қаблан алоҳида кор мекарданд, пас бо шарофати ин чат ва нашрияҳои мо дар сомонаҳо муттаҳид гаштанд.

Маводҳо дар бораи мардуми Шимкент, ки дар вазъияти душвор буданд, назар ба маводҳои хабарӣ бештар тамошо шуданд”.

Дар Тоҷикистон ба шарофати лоиҳаи ҷалби аудитория баҳс дар бораи мушкилоти ҳайвоноти бесарпаноҳ дар ҷомеа ба миён омад. Инчунин лоиҳаи “Наставники” низ рӯйи кор омад, ки дар доираи он сокинони маъруфи Душанбе таҷрибаи касбӣ ва зиндагии худро ба наврасони Маркази ҳимояи ҳуқуқи одамони гирифтори аутизм «ИРОДА» нақл мекунанд.

“Ман дар соҳаи таблиғ таҷрибаи бой дорам, аммо дар лоиҳаи “Наставники” тамоми малакаи худро барои пешбурди ташаббуси иҷтимоӣ сарф кардам. Ин таҷриба ба ман хеле писанд омад ва ман ба хулосае омадам, ки лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба чунин дастгирӣ ниёз доранд, – мегӯяд Лайло Тағаева, роҳбари “Лиму Медиа”, муаллифи лоиҳаи “Наставники” аз Душанбе.

«Лоиҳае, ки мо онро амалӣ кардем, ба ҳифзи ҳайвоноти бидуни соҳиб бахшида шуда буд. Мо дар як муддати кӯтоҳ тавонистем ҷомеаи ба ин мавзуъ алоқамандро ҷалб кунем. Масалан, гурӯҳи Facebook-ии мо аз ду ҳазор корбар то 4,5 ҳазор афзоиш ёфт ва шумораи одамоне, ки барои ҳайвонот корҳои хайриявӣ мекунанд, зиёд шуданд. Сохторҳои тиҷорӣ – дӯконҳо, клиникаҳо ҳатто ситораҳои маҳаллӣ ба мушкилоти ҳайвоноти бидуни соҳиб таваҷҷуҳ зоҳир карданд”, – мегӯяд Гулнора Амиршоева, роҳбар расонаи “Вечёрка”, ки дар якҷоягӣ бо ТҶ “Пешсаф” лоиҳаи ҷалби аудиторияро соли 2020 амалӣ карданд.

Интернюс соли 2021 то панҷ лоиҳаи муштараки расонаву ташкилотҳои ҷамъиятиро дастгирӣ мекунад, ки миқдори ҳар як грант то 3000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад (тақрибан 1 260 000 тенге, 34 176 сомонӣ).

Ғолибони озмун ҳангоми ҷараёни амалишавии лоиҳа кӯмаки коршиносонро аз кураторони Internews ва инчунин дастгирии коршиносони байналмилалиро мегиранд.

Расонаҳо метавонанд ҳам барои татбиқи ғояи нав ва ҳам барои дастгирии лоиҳаи аллакай мавҷудбуда, дархост пешниҳод кунанд.

Дар хотир доред: дархост бояд як созмони шарикро дар бар гирад. Дархостҳои алоҳида аз расонаҳо ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ иҷозат дода мешаванд, ба шарте ки то замони татбиқи лоиҳа ташкилоти шарик пайдо карда шавад.

Барои ширкат дар озмун, лутфан дархости онлайниро то рӯзи 1-уми марти соли 2021, соати 24:00 ба вақти Алмаато (23:00 ба вақти Душанбе) пур кунед.

Инчунин дар доираи лоиҳа, Интернюс оид ба ҷалби аудитория моҳи феврали соли 2021 силсила-вебинарҳо баргузор мекунад, ки мавзуъи асосӣ – форматҳои самарабахши ҷалби аудитория мебошад.

Дар назар аст, ки пеш аз қабули қарори ниҳоӣ бо муаллифон мубоҳисаҳо баргузор шавад.

Оид ба ҳамаи саволҳо лутфан ба ин суроғаи электронӣ муроҷиат кунед:

Тоҷикистон: tj-info@internews.org

Қазоқистон: kz-info@internews.org

Дар сатри мавзуъ, лутфан “Гранти ҷалби аудитория” бинависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *