Интернюс барои ҷалби аудиторияи расонаҳо ҳамкориро оғоз мекунад

Аз 8-ум то 25-уми феврали соли равон Интернюс силсилаи вебинарҳои ройгонро баргузор мекунад. Силсила-вебинарҳо бахшида ба чӣ гуна ва барои чӣ ҷалб кардани аудитория барои расонаҳо зарур аст, бахшида шудаанд.

Мо дар бораи чаро имрӯзҳо сохтани гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои расонаҳо заруранд, муоширати самарабахш ва дуҷониба бо корбарон бояд як қисми ҳатмии стратегияи рушди расонаҳо бошад, қисса хоҳем кард.

Ҳамзамон дар идомаи вебинарҳо барои эҷоду нигоҳ доштани ин ҳамкорӣ кадом воситаҳоро бояд истифода кард, ба ширкаткунандагон нақл мекунем.

Рӯзи 8-уми феврали соли 2021 нахустин вебинар доир мегардад. Мавзуъи он “Лоиҳаҳои муваффақи ҷалби аудитория дар Осиёи Марказӣ” ном гирифтааст.

Мо аз ташаббусҳои комёбе оғоз хоҳем кард, ки дар Осиёи Марказӣ аллакай мавҷуданд. Муаллифон дар бораи раванди омодасозӣ, оғозу нигоҳдории лоиҳаҳо, татбиқи онҳоро дар кори расонаҳо қисса мекунанд.

Дар ҷараёни вебинар мо дар бораи хавфҳо, хатоҳо, таҷрибаи ҷалби мутахассисони соҳаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ суҳбат мекунем. Ҳамзамон дурнамо ва манфиатҳои чунин ҳамкориро барои расонаҳо муҳокима мекунем.

Дар идомаи вебинар, коршиносони Интернюс дар бораи озмуни грантии эҷоди лоиҳаҳои ҷалби аудитория барои расонаҳо саволу ҷавобҳо баргузор мекунанд.

Рӯзи 11-уми феврал Мария Рзаева (Бумага, Санкт-Петербург, Русия), дар бораи чӣ гуна сохтани стратегияҳои “васеъи ҷолиб” оид ба рушди расонаҳо қисса хоҳад кард. Инчунин дар бораи кадом вазифаҳоро бо ёрии онҳо ҳал кардан, аз куҷо оғоз кардан, ба чӣ диққат додан лозим аст, шумо бояд ба чӣ омода бошед, нақл хоҳад кард. Дар вебинар ширкат кунед.

Рӯзи 18-уми феврал Ержан Сулейменов, коршиносу мураббии расонаӣ, продюсер (Қазоқистон) вебинар оид ба интихоби аудитория барои лоиҳаи худ ва тарзи сохтани лоиҳа барои аудиторияи мушаххасро баргузор мекунад. Дар ин вебинар, мо имкониятҳои пулкоркунӣ, воситаҳои ҷалб ва тақвияти имиҷи расонаҳоро бо истифода аз стратегияҳои ҷолиб муҳокима хоҳем кард. Дар вебинар ширкат кунед.

Рӯзи 25-уми феврал вебинар ба форматҳои мушаххаси лоиҳаҳои ҷалби аудитория бахшида мешавад. Чӣ самаранок кор мекунад ва дар кадом сомонаҳо? Тарғиботҳои онлайнӣ ва офлайн, пурсишҳо, суҳбатҳо, ток-шоу ва ғайра. Дарси амалӣ дар шакли интерактивӣ баргузор мешавад. Мо ғояҳои шуморо муҳокима, ҳолатҳои мушаххасро таҳлил мекунем ва ба саволҳо посух мегардонем. Дар вебинар ширкат кунед.

Вебинарҳо дар платформаи Zoom бо тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва русӣ дар доираи озмуни грантии ҷалби аудитория барои расонаҳо баргузор мегарданд. Маълумот дар бораи грантҳо баъдтар нашр карда мешавад.

Шумо метавонед дар тамоми даври вебинарҳо ё дар дилхоҳ вебинари бароятон ҷолиб ширкат варзед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *