Моҳи марти соли 2021, Интернюс дар Тоҷикистон Мактаби журналистикаи додаҳоро оғоз карда, барои баргузории он озмуни ҷустуҷӯйи шариконро эълон мекунад.
Ширкат дар Мактаб барои шарикон як навъ омӯзиши шиносоӣ бо стандартҳои ҷадиди омӯзиши онлайнӣ хоҳад шуд. Ҷаласаҳои Мактаб бо забони русӣ баргузор шуда, дар ҳолати зарурӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд. Тахмин меравад, ки коршиносони шарикон ба ҳайси мураббиён баромад мекунанд. Ширкат ба сифати шарик дар Мактаби журналистикаи додаҳо ба шумо имконият медиҳад, ки барномаҳои муаллифии худро дар ин самт омода созанд. Шарик бо дастгирии молиявӣ ва машваратӣ таъмин карда мешавад.
Ки ширкат карда метавонад?
Барои ширкат дар озмун ташкилотҳои расонаӣ, тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва таълимӣ, ассотсиатсияҳо аз Тоҷикистон, ки ба рушди журналистикаи додаҳо алоқаманданд, даъват карда мешаванд.
Аз Мактаб чӣ интизориҳо аст?
Барномаи мактаб аз 4 модулу 6 лабораторияи интерактивӣ иборат аст, ки коршиносони даъватшудаи Интернюс роҳандозӣ мекунанд.
Дар ҳолати вазъи эпидемиологӣ, омӯзиш метавонад офлайн гузаронида шавад. Давомнокии мактаб: аз моҳи март то сентябри соли 2021.
Мо аз ташкилотҳои шарик салоҳиятҳои зеринро интизорем:
- ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи расонаӣ таҷриба доранд
- таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ
- таҷрибаи кор бо платформаҳо барои конфронсҳои онлайнӣ ва омӯзишҳо
- таҷриба дар расонидани дастгирии техникӣ ба ширкаткунандагони чорабинӣ ва мураббиёни байналмилалӣ
- имкони ҷалби коршиносон ва тарҷумонҳо
Барои ширкат дар озмун, лутфан дархости онлайниро то 5-уми феврали соли 2021 пур кунед. Ҳамаи довталабон аз натиҷаи озмун тавассути суроғаи электронӣ то 8-уми феврали соли 2021 огоҳ карда мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.