Internews шариконро барои таҳия, ташкил ва гузаронидани тренинг оид ба стратегия ва кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ВАО-и мустақил даъват мекунад

Internews дар чорчӯби барномаи MediaCAMP ҷиҳати таҳия, ташкил ва гузаронидани тренинги минтақавӣ оид ба кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ВАО дар Қазоқистон ва Тоҷикистон озмун эълон менамояд. Шарики тренинг дар ҳар кишвар бар асоси озмун интихоб карда мешавад.

Дархостҳо то 15 июли соли 2021 то соати 18:00 (бо вақти Душанбе) қабул карда мешаванд.

ТАМДИД ГАРДИД: Дархостҳо то 30 июли соли 2021 то соати 18:00 (бо вақти Душанбе) қабул карда мешаванд.

Кӣ шарик буда метавонад?

ВАО, созмонҳои ғайритиҷоратӣ, тиҷоратӣ, расонаӣ ва ҳамчунин коршиносони мустақил, ки дар мавриди таҳсилот дар соҳаи ВАО бештар аз 1 сол таҷрибаи корӣ доранд, инчунин дорои таҷриба дар таҳия, ташкил ва гузаронидани тренингҳо оид ба кори ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ба шарикӣ даъват карда мешаванд.

Барнома муштарак бо Internews таҳия карда мешавад, пешниҳодҳо, идеяҳо ва таҷрибаҳои кории шарикони эҳтимолӣ афзалияти иловагӣ хоҳанд дошт.

Ин тренинг барои кӣ таҳия ва гузаронида мешавад?

Тренинг ба кормандони ВАО-и мустақил (телевизион, радио, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, онлайн) кӯмак хоҳад кард, то дар мавриди кори худ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҷдиди назар намоянд, стратегияи муассир ва муносиб барои ВАО-и худ таҳия кунанд, мухотабони (аудиторияи) худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтар фаҳманд ва ба пешбурди дурусти ВАО-и худ шурӯъ намоянд.

Иштироккунандагони тренинг метавонанд роҳбарони ВАО, муҳаррирон, рӯзноманигорон ва дигар кормандоне бошанд, ки ба ин ё он тарз барои рушди платформаҳои иҷтимоии ВАО масъул мебошанд ва мехоҳанд ба таври систематикӣ ҳал намудани ин масъаларо биомӯзанд.

Илова бар таҷрибаи касбӣ, мо ба риоя намудани тавозуни гендерии иштироккунандагон диққат медиҳем ва кӯшиш менамоем, ки дархосткунандагонро аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҷалб кунем.

Тренинг бояд ба забонҳои миллӣ ва русӣ гузаронида шавад.

Формати тренинг чӣ гуна аст?

Тренинг дар ду формат гузаронида мешавад: офлайн + онлайн

Дар формати онлайн чӣ мешавад: машғулиятҳо бо тренери асосӣ ва ситораҳои даъватшуда.

Дар формати офлайн чӣ мешавад:

  • Дарсҳои интерактивӣ бо роҳнамоҳои (менторҳои) маҳаллӣ
  • Вазифаҳои хонагӣ ва таҳлили онҳо бо менторҳо

Барномаи тренинг ба таври муштарак бо тренери асосии Internews дар сатҳи минтақавӣ таҳия карда мешавад. Дар барнома машғулиятҳои умумии минтақавӣ ва ҳамчунин марҳилаи ҳатмии таҷрибаомӯзӣ ва дастгирии менторӣ пас аз омӯзиш ба муддати 4 ҳафта пешбинӣ мешаванд.

 Интизороти мо аз шарикони эҳтимолӣ чӣ ҳаст?

  • Иштирок дар таҳияи барномаи тренинг дар якҷоягӣ бо Internews ва тренери асосӣ
  • Ҷалби иштироккунандагон ва интихоби финалистҳо бо иштироки Internews
  • Ба таври муштарак ташкил намудан ва гузаронидани тренинг бо иштироккунандагони кишвари худ
  • Тамоси доимӣ бо иштироккунандагон ва ҳамоҳангсозии раванди омӯзиш
  • Дастгирии менторӣ барои иштироккунандагон дар ҷараёни кори мустақилонаи онҳо ва ҳамчунин пас аз гузаронидани тренинг
  • Методикаи даъват ва интихоби иштироккунандагон
  • Формати дастгирии менторӣ пас аз тренинг
  • Ташкили тарҷумаи ҳамзамон ва хаттӣ ба забонҳои миллӣ дар вақти тренинг
  • Гузаронидани санҷиши (тести) иштироккунандагон пеш аз тренинг ва пас аз тренинг, омода кардани ҳисоботҳо дар бораи корҳои анҷомдодашуда
  • Дониши хуби забони русӣ ва забони миллӣ

Мӯҳлати кори лоиҳа:

Тренинги минтақавӣ дар тӯли 5 рӯз дар формати онлайн (ҳар рӯз 3-6 соат омӯзиши интенсивӣ) гузаронида мешавад.

Мӯҳлати пешакии кори тренинг: августи соли 2021.

Интихоби шарикони эҳтимолӣ дар ду марҳила сурат мегирад:

1) Арзёбии потенсиали дархосткунанда, фаҳмидани талаботи бозори ВАО, навоварона будани пешниҳодҳо. Шорт-листи (рӯйхати кӯтоҳи) иштироккунандагони озмун муайян карда мешавад.

2) Бо дархосткунандагоне, ки ба шорт-лист дохил карда мешаванд, мусоҳиба гузаронида мешавад.

3) Internews қарори ниҳоиро то 20 июли соли 2021 қабул мекунад. Финалистҳо бояд буҷети пешакиро барои иштирок ва пешниҳоди худ ба барномаи тренинги минтақавии онлайн омода кунанд.

Барои пешниҳоди дархост, лутфан варақаро аз линк  пур кунед.

Агар зарур бошад, мо иттилооти иловагиро дархост мекунем.

Барои ҳамаи саволҳо, лутфан ба мо тавассути почтаи электронии kz-info@internews.org муроҷиат кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *