Ширкаткунандагони даври ниҳоии MediaCAMP Эдютон – 2021 аз Тоҷикистон муайян шуданд

Даҳ лоиҳа аз Тоҷикистон, ки ба рушди саводнокии расонаиву рақамӣ бахшида шудаанд, ба даври ниҳоии MediaCAMP Эдютон -2021 роҳ ёфтанд. Ҳоло ҳамаи ширкаткунандагон бояд ғояҳои худро бо назардошти тавсияҳои мутахассисон ба анҷом расонанд. Баъдан, онҳо метавонанд аз Интернюс барои татбиқи лоиҳаҳояшон дастгирии молиявӣ ва машваратӣ бигиранд.

Соли равон MediaCAMP Эдютон дар аввали моҳи феврал ба тариқи онлайнӣ баргузор шуд. Эдютон – семинари инноватсиониву амалие аст, ки ҳадафи он омӯхтани донишҳои нав, мубодилаи таҷриба ва таҳияи лоиҳаҳои саводнокии расонаиву рақамӣ мебошад. Ширкаткунандагони он  аз рӯзноманигорон, омӯзгорон, мураббиён, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Ширкаткунандагон ба семинар тариқи озмуне, ки Internews дар охири соли гузашта эълон карда буд, ҳуқуқи иштирок пайдо карданд. Аз довталабони семинар талаб карда шуд, ки ғояи лоиҳаҳои худ, ки ба рушди саводнокии расонаиву рақамии кишварҳояшон бахшида шудааст, пешниҳод кунанд; муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин ба Эдютон -2021 даъват карда шуданд. Ҳангоми баргузории семинар бошад, онҳо якҷоя бо мураббиён дархостҳои худро пурра карда, ба ҳакамони мустақил пешниҳод намуданд. Аз Тоҷикистон дар маҷмуъ 20 – ғоя пешниҳод карда шуд, ки аз он 10 – тоаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд:

  • Илҳом Ҷамолиён, комиксҳои саводнокии расонаиву рақамӣ;
  • Муқимҷон Абдуфаттоев, вайнҳои саводнокии расонаиву рақамӣ;
  • Аслия Ботурова, наворҳои омӯзишии истифодаи Интернет, смартфонҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ барои нафақахӯрон;
  • Гузал Махкамова, Рано Бобоҷониён, мастер-классҳои саводнокии расонаиву рақамӣ барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
  • Фируза Мирҷумаева, сериали кӯдаконаи Интернет-бехатарӣ;
  • Салим Саидов, наворҳои омӯзишӣ оид ба делелсанҷӣ барои ҷавонон;
  • Зоҳир Шомусалламов, омӯзиши саводнокии расонаиву рақамӣ барои омӯзгорони ноҳияҳои ВМКБ;
  • Аҳмад Акрамов, омӯзишҳои саводнокии расонаиву рақамӣ ва наворҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои экологӣ барои ҷавонони деҳот;
  • Уктам Ризоев, омӯзиши саводнокии расонаиву рақамӣ барои аудиторияи ӯзбекзабони муқими Тоҷикистон;
  • Пайрав Саидов, форум-дебатҳои саводнокии расонаӣ.

Ҳоло ҳамаи ширкаткунандагони даври ниҳоӣ бояд лоиҳаҳои худро бо назардошти тавсияҳои мураббиён ва аъзои ҳакамони мустақил ба анҷом расонанд. Баъдан онҳо метавонанд аз Интернюс дастгирии молиявиву машваратӣ гиранд ва лоиҳаҳои худро амалӣ кунанд.

Дар ҷараёни баргузории Эдютон – 2020 аз Тоҷикистон ду лоиҳа ғолиб омаданд: лоиҳаи Даря Христолюбова – рӯзноманигор, муҷрии радио, ки ба рушди саводнокии расонаиву рақамии кӯдакон ва калонсолон бахшида шуда буд. Инчунин лоиҳаи Афсона Мамадаёзова, Гулорохон Тӯраева ва Зебуниссо Муродова, ки саводнокии расонаиро дар се минтақаи ҷумҳурӣ – ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон инкишоф доданд.

Ғайр аз ин, соли 2020 дар Тоҷикистон озмуни алоҳидаи грантҳо оид ба эҷоди лоиҳаҳои саводнокии расонаиву рақамӣ баргузор гардид, ки дар он чор даста ғолиб шуданд. Соли равон ҳамаи муаллифони лоиҳаҳои саводнокии расонаиву рақамӣ дар MediaCAMP Эдютон – 2021 ширкат варзиданд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *