Дар Тоҷикистон лоиҳаҳо барои расонаҳо ва саводнокии рақамӣ оғоз мешаванд

Чор лоиҳае, ки  ба рушди  расонаҳо ва саводнокии рақамӣ дар Тоҷикистон  нигаронида  шудаанд, ғолиби озмуни Интернюс гардиданд.

Иштирокчиёни озмуни грантҳо барои рушди расонаҳо ва саводнокии рақамӣ, ки дар охири соли гузошта аз ҷониби Интернюс эълон гардида буд, чордаҳ доватлаб аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи расонаҳо, маъориф ва бахши IT(фановариҳои технологӣ) буданд.  Аз миёни онҳо аъзои доварони байналмилалӣ чаҳор лоиҳаи беҳтаринро интихоб карданд:

Ташкилоти “Равзана”, бо  лоиҳаи мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи тафаккури интиқодии ҷавонон. Довталаб пешниҳод менамояд, ки ба ҷавонон бо забони тоҷикӣ афзорҳои  далелсанҷиро  меомузонад, аз ҷумла тавассути дарсҳои видеоӣ оид ба саводнокии расонаӣ, ки  баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд.

«Иттиҳодияи тафаккури интиқодӣ дар Тоҷикистон», – бо лоиҳаи баргузор кардани тренингҳои дуруза  бо забони тоҷикӣ оид ба расонаҳо ва саводнокии рақамӣ барои омӯзгорон, аспирантҳо ва магистрҳои кафедраҳои журналистика ва филологияи донишгоҳҳои минтақавии Тоҷикистон .

«Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон»,  бо лоиҳа барои наврасоне, ки аз расонаҳо фаъолона истифода мебаранд. Дар ин лоиҳа довталаб ният дорад, ки омӯзишро тибқи усули “ Ҳамсолон ҳамсолонашаонро меомузонанд” ба роҳ монад. Яъне, тренерони расонаӣ ду гурӯҳи тренерон – наврасон (15-18 сола) -ро тайёр мекунанд, ки ҳамсолони худро дар мактабҳои миёнаи пойтахт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълим медиҳанд. Ин дарсҳо дар бораи «ғизои иттилоотӣ» (мемҳо ва фейкҳо), таъсири иттилоот ба шахс (намудҳои маводи визуалӣ, манипулятсия, боулинг да интернетӣ); тафаккури интиқодӣ ва ғайра мебошанд.

 Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд”, бо лоиҳаи баланд бардоштани саводнокии расонаӣ ва рақамӣ дар байни ҷавонон тавассути баргузор кандани квест-бозиҳо дар Хуҷанд. Довталаб квест-бозии маҷозиеро эҷод мекунад, ки аз ду марҳила иборат аст.

– Имсол иштирокчиёни озмун ба рушди дарозмуддати саводнокии расонаӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ин хеле муҳим аст. Масалан, муаллифони лоиҳа ба омода кардани як зумра мутахассисон оид ба саводнокии расонаӣ аз миёни омӯзгорони ихтисосҳои журналистика ва ихтисосҳои марбута диққат медиҳанд, то онҳо тавонанд минбаъд ғояҳои расонаҳо ва саводнокии рақамиро ба аудиторияи худ паҳн кунанд. Ғайр аз он, таҳия намудани маводи таълимӣ барои рӯзноманигорон дар формати дарсҳои кӯтоҳи видеоӣ, тестҳо ва кортҳои иттилоотӣ дар назар гирифта шудааст, ки пас аз ба итмом расидани лоиҳа метавонанд дар тренингҳо ва семинарҳо истифода шаванд. Бояд гуфт, ки вобаста аз вазъ, метавон ҳамаи ин лоиҳаҳоро ба режими онлайн гузаронид, -мегӯяд Рустам Гулов,ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба саводнокии расонаӣ дар Интернюс.

Дар рафти ҷамъоварии дархостҳо, Интернюс Тоҷикистон вебинари махсус дар бораи чӣ гуна гирифтани грант барои лоиҳаҳо оид ба расонаҳо ва саводнокии рақамӣ баргузор намуд, ки дар он тақрибан 50 шунаванда иштирок кард.

Расонаҳо ва саводнокии рақамӣ ин қобилияти одамон барои гирифтан, таҳлил кардан, мунақидона арзёбӣ кардани маълумот ва қобилияти истифодаи воситаҳои рақамӣ барои эҷоди контенти баландсифат мебошад.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply