Internews барои рушди саводи расонаӣ ва рақамӣ озмуни грантҳоро эълон мекунад

Созмонҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ , омӯзишӣ, IT-ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродие барои гирифтани грант дархост пешниҳод кардан метавонанд, ки бо ҷавонон ва гуруҳҳои дигар кор мекунанд ва дар рушди саводи расонаӣ ва рақамӣ манфиатдоранд.

Тавоноии одамон барои дарёфт, таҳлил ва баҳогузории интиқодии иттилоот ва ҳунари истифода аз абзорҳои рақамӣ барои эҷоди муҳтавои хушсифат -саводнокии расонаӣ ва рақамист.

Internews тасмим дорад чанд бурсияро бо ҳадафҳои зерин ихтисос бидиҳад:

1. Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сохтан ё мутобиқ гардондани бозиҳои мавҷудаи онлайнӣ барои омузонидани саводи расонаӣ ва рақамӣ ба бачаҳо ва калонсолон ё таҳияи силсилаи дарсҳои мухтасари онлайнӣ оид ба саводи расонаӣ барои гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ;

2. Баргузор кардани тренингҳо барои тренерон оид ба саводи расонаӣ барои кор бо гуруҳҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Таълимгирандагон бояд на камтар аз 20 нафар бошанд;

3. Гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ: мубоҳисаҳо, лагерҳо барои ҷавонон . форумҳо ва ғайра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба хотири ҷалби намудани кудакон,наврасон, ҷавонон,донишҷуён, муаллимон, кормандони фарҳанг ,варзиш,шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, бознишастагон ва дигар гуруҳи сокинон ба мавзуи рушди саводи расонаӣ;

4. Коркарди дастурамалҳо оид ба саводи расонаӣ барои мактаббачаҳо ва гузаронидани тренинги дуруза дар асоси он ба муаллимони мактабҳо.

Дархостдиҳанда барои татбиқи лоиҳаи пешниҳод намудааш бояд салоҳият ва таҷриба дошта бошад ва метавонад як ё якчанд номинатсияҳои дар боло зикршударо интихоб намояд.

Интернюс ба шариконе ,ки дар натиҷаи озмун муайян шудаанд, барои татбиқи лоиҳаҳояшон кумаки машваратӣ мерасонад.

Муҳлат: тамоми лоиҳаҳои интихобшуда бояд на дертар аз 31 августи соли 2020 амалӣ гарданд.

Гуруҳҳои зерҳадафи лоиҳаҳо:

Гуруҳҳои зерҳадафи асосӣ метавонанд: ҷавонони аз 14 то 29-сола, гуруҳи одамони дорои талаботи хос, бекорон, майдакосибон бошанд. Internews ба дархостҳое афзалият медиҳад, ки дар ҳамшарикӣ ва маблағгузории муштарак бо созмонҳои дигар пешниҳод шудаанд.

Дархостро чӣ гуна бояд пешниҳод намуд?

Дархости лоиҳавӣ бояд ба суроғаи tj-info@internews.org то анҷоми рузи 05 январ соли 2020 фиристода шавад. Дар сатри “Мавзуи паём”, лутфан “Озмуни грантҳо: саводи расонаӣ ва рақамӣ”-ро ёдовар шавед. Андозаи умумии паём бо шумули тамоми замимаҳо набояд аз 12 мегабайт бештар бошад.

Қолаби дархости лоиҳавӣ ва буҷети лоиҳаро, лутфан, тибқи пайвандҳои мазкур боргирӣ намоед: қолаби дархости лоиҳа ва буҷет.

Internews дархостҳоро баррасӣ намуда, тасмимашро на дертар аз 15 январи соли 2020 мегирад. Дар мавриди тасмими ҳосилшуда ҳамаи дархостдиҳандагон тавассути почтаи электронӣ на дертар аз 20 январи соли 2020 иттилоъ мегиранд. Коршиносони Интернюс, қабл аз гирифтани тасмим, бо ғолибони озмун дархостҳоро муҳокима мекунанд.

Дар зарурат Internews ҳуқуқ дорад аз дархостгар ҳар гуна маълумоти иловагии марбут ба дархоси пешниҳодшударо талаб кунад. Ба дархостҳо тақриз дода намешавад ва ҳамчунин баргардонида намешаванд.

Дар мавриди ҳама суолҳо, лутфан, тариқи почтаи электронии tj-info@internews.org тамос бигиред. Ҷавоби савлоҳоятонро метавонед рузи 20 декабри соли 2019, соати 16:00 дар вебинаре бигиред, ки ба ин озмуни грантҳо бахшида шудаааст. Барои иштирок дар вебинар аз пайванд бояд истифода кард.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *