Интернюс дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи MediaCAMP, озмун барои акселератори расонаҳоро эълон мекунад.
Мӯҳлати охири қабули дархостҳо то 20-уми декабри соли 2019 аст.
MEDIA ACCELERATOR – майдони таълимии онлайнӣ, барои расонаҳои форматҳои нав ва расонаҳои ҷавонон мебошад. Иштирокчиёни он 6 даста – 3-то аз Қазоқистон ва 3-тои дигар аз Тоҷикистон мегарданд, ки дар асоси рақобати озод интихоб мешаванд.
Лоиҳаҳои расонаии ба наздикӣ оғоз гардида, расонаҳо барои ҷавонон, форматҳои нави расонаҳое, ки аз платформаҳои хидматрасонии иҷтимоӣ истифода мекунанд, барномаҳои мобилӣ ва чат-ботҳо барои пешниҳоди дархост даъват карда мешаванд. Ғайр аз ин, дастаҳое, ки стартапи расонаии тайёр доранд, аммо намедонанд, ки аз куҷо шурӯъ кунанд ё маблағ барои оғоз кардан надоранд, метавонанд ба озмун дархост пешниҳод кунанд.
Ҳангоми интихоби ғолибон, Интернюс диққати худро ба расонаҳое, ки тамоюл ба мавзуъҳои иҷтимоӣ доранд, аз ҷумла ҳуқуқҳои ҷавонон, занон ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир равона месозад.
Акселератор аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2020 кор мекунад ва марҳилаҳои зеринро дарбар мегирад:
Омӯзиш
6 дастаи ғолиб – дар самти банақшагирии контент, устувории молиявӣ ва рушди стратегӣ омӯзиш мегиранд. Дарсҳо дар муддати 5 моҳ, ҳар ҳафта, аз ҷумла бо додани вазифаҳои хонагӣ ва санҷиши онҳо, инчунин бо баҳсҳои гурӯҳӣ баргузор мешаванд.
Омӯзиш аз ҷониби ташкилоте, ки дар акселератсияи лоиҳаҳои нав тахассус дорад, бо иштироки коршиносон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.
Грантҳо
Баъди ба охир расидани тренинг, 2 расонаи нисбатан муваффақ,яке дар Қазоқистон ва яке дар Тоҷикистон интихоб мешаванд. Интернюс барои рушди ғолибон грант ҷудо мекунад.
Мураббиён
Нашрияҳои ғолиб тӯли 4 моҳ пас аз омӯзиш аз ҷониби мураббиён дастгирӣ меёбанд. Мурабиён ба стартапҳо маслиҳат медиҳанд, ки чӣ гуна маблағҳои грантии худро барои ноил шудан ба самаранокии максималӣ ба кор баранд.
Интихоби ғолибон дар ду марҳила хоҳад гузашт.
1) баҳодиҳии зарфияти дархостдиҳандагон ва навоварона будани пешниҳодҳо.
2) бо довталабоне, ки ба рӯйхати ниҳоии интихоб ворид шуданд, мусоҳиба баргузор карда мешавад.
Рӯзи охирини пешниҳоди дархостҳо 20-уми январи соли 2020 аст.
Қарори ниҳоиро Интернюс то 1 феврали соли 2020 қабул хоҳад кард.
Барои пешниҳоди дархост , лутфан, шакли онлайнии онро пур кунед.
Барои дарёфти ҷавоб ба ҳама саволҳоятон, лутфан, ба нишонии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.