Интихоби ғолибони озмуни грантҳо барои сохтани шабакаҳои журналистони шаҳрвандӣ дар Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Барои иштирок дар озмун 30 дархост пешниҳод шуд, ки ҳашт дархост аз Тоҷикистон ва 22 дархост аз Қазоқистон буданд.
Доварони байналмилалӣ дар ҳайати коршиносони ВАО аз Қазоқистон ва Тоҷикистон довталабонро аз рӯи ҳафт меъёр баҳо доданд, аз ҷумла:
устувории расона,
таҷрибаи кор бо журналистони шаҳрвандӣ,
далели равшани зарурати таъсис додани шабакаҳои журналистони шаҳрвандӣ дар расонаи мазкур / дар ин минтақа аз дидгоҳи ноил шудан ба ҳадафҳои компонент,
доштани таҷриба оид ба таълими рӯзноманигорон,
доштани нақша барои ба даст овардани устуворӣ пас аз интиҳои гранти Интернюс,
омодагӣ ба омӯзонидани журналистони шаҳрвандӣ ва
стратегияи дақиқ барои ҷалб ва интихоби журналистони шаҳрвандӣ.
Рӯйхати ғолибон:
Дар Тоҷикистон
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, АИ «Суғднюс»
АИ «Азия Плюс»
ТРК «Пайванд»
Медиахолдинги «Оила»
Дар Қазоқистон
ИА NewTimes.kz
Лигаи рӯзноманигорони бахши судии Қазоқистон
Tilshi.kz
Сомонаи минтақавии Петропавловск.news
Ҳафтавори вилоятии Қостанай -«Наша газета»
Эътилофи ташкилотҳо: фонди ҷамъиятии “Хадамоти иттилоотии ҷавонони Қазоқистон”, иттиҳодияи ҷамъиятии “Ассотсиатсияи журналистони ҷавони шаҳри Семипалатинск”, редаксияи оҷонсии хабарии “Семей айнаси” ва редаксияи оҷонсии иттилоотии Factum.KZ.
Ғолибон қадрдонӣ мешаванд:
-бо дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаҳои журналистони шаҳрвандӣ;
-бо грант барои пардохти хароҷоти иштирокчиёни шабака дар марҳилаи аввал,
-бо роҳнамоии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои сохташуда.
Барои ба саволҳо ҷавоб ёфтан, лутфан, бо нишониҳои зер тамос бигиред:
Қазоқистон: kz-info@internews.org
Тоҷикистон: tj-info@internews.org
Ҷавоби саволҳоро оид ба грантҳо дар ҳамин ҷо пайдо кардан мумкин аст.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.