Саводи расонаӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон густариш меёбад

Якчанд фаъолони минтақаҳои Тоҷикистон барномаи таълимӣ оид ба саводи расонаиву рақамӣ барои манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ таҳия карданд. Тавре маълум гашт, бисёре аз ширкаткунандагон дар бораи саводнокии расонаӣ бори аввал дар тренингҳо шуниданд.

Дар оғози соли равон, қабл аз сар задани пандемия ва баста шудани марзҳо, Интернюс  Эдютон 2020 – аввалину пеш аз вопасин чорабинии омӯзишии худро тариқи офлайн баргузор кард.  Эдютон як семинари инноватсиониву амалӣ мебошад, ки ҳадаф аз баргузории он гирифтани донистаниҳои нав, мубодилаи таҷриба ва таҳияи лоиҳаҳо барои густариши саводи расонаиву рақамӣ мебошад. Илова бар таълими мустақим ва мубодилаи таҷриба, иштирокчиёни Эдютон ҷараёни чорабинӣ лоиҳаҳои худро таҳия намуда, дархостҳо пешниҳод мекунанд ва беҳтарин ғояҳо барои татбиқ грант мегиранд.

Даря Христолюбова аз Тоҷикистон бо лоиҳаи “Дети и сети” (силсила тренингҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон) ва Афсона Мамадаёзова, бо тарҳи густариши саводи расонаиву рақамӣ барои донишҷӯёни минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ғолиб омаданд.

-Пеш аз оне, ки ба Эдютон иштирок кунам, дар бораи саводи расонаӣ ва рақамӣ тасаввуроти кам доштам – мегӯяд Афсона.  Ман аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ ва дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунам. Мутаассифона, ҳатто боре нашунида будам, ки дар ин мавзуъҳо тренингҳо гузаронида мешаванд. Ва танҳо пас аз ширкат дар Эдютон дарк кардам, ки бидуни саводнокии расонаӣ, тафаккури интиқодӣ, таҳлили иттилоотӣ зиндагӣ кардан имконнопазир аст.

Афсона хост, ки донистаниҳои гирифтаи худро аз Эдютон ба ҳамшаҳрони худаш нақл кунад. Аз ин рӯ, идеяи гузаронидани тренингҳои махсусро пешниҳод кард. Танҳо дар зодгоҳаш – Бадахшони баландкӯҳ Афсона қарор кард, ки таваққуф накунад ва бо як иштирокчии вилояти Суғд, омӯзгор Гулорохон Тӯраева, ки дар гузаронидани тренингҳо оид ба саводнокии расонаӣ таҷриба дорад, ҳамроҳ шуд. Онҳо якҷоя тарҳи “МИГ на пике” -ро таҳия намуда, ба озмуни Эдютон пешниҳод карданд ва ғолиб шуданд.

Ин тарҳ як қатор тренингҳои саводи расонаӣ ва рақамиро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ-ро дар бар мегирифт. Аммо, бинобар сар задани пандемия ҳама ба дуромӯзӣ гузаштанд. Муаллифони тарҳ ба ҷои пардохти роҳкирову манзил, барои ширкаткунандагони худ бастаҳои интернетӣ харидорӣ карданд. Гап сари он аст, ки дастрасӣ ба интернет, бинобар арзиши баланду сифати пасти он, ҳатто барои сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон маҳдуд аст. Мушкилоти бештар бошад дар минтақаҳои кишвар мемонад.

– Дар аввал мо нақша доштем, ки тренингҳои серӯзаро дар платформаи Zoom барои 60 ширкаткунанда (се гурӯҳ) доир мекунем. Эълони ҷалбро дар гурӯҳҳои мавзуъии WhatsApp ва шабакаи Facebook паҳн кардем, ки сокинони минтақаҳо дар он ҷо бо ҳам муошират мекунанд. Дар умум 150 дархост қабул кардем. Ҳоло мо фикр мекунем, ки чӣ гуна ҳамаро дар ин тренингҳо ҷой диҳем, – мегӯяд Афсона.

Афсона ва Гулорохон тренингҳои онлайнии худро ҳар бегоҳ шуруъ аз аввали моҳи ноябр баргузор мекунанд. Миёни мураббиён мутахассисони маъруфи саводи расонаиву рақамӣ: Ҷамшед Маърупов, Зебуниссо Муродова, Раънохон Бобоҷониён ҳастанд. Афсона бо ин коршиносон замони Эдютон ошноӣ пайдо карда буд. Ҳоло барои татбиқи тарҳ ҳамкорӣ пешниҳод кард ва онҳо розӣ шуданд. Ғайр аз ин, худи Гулорохон Тӯраева ба ҳайси мураббӣ дар тарҳ аст.

Дар ҷараёни чорабинии омӯзишӣ

– Боре мо дар як тренинг оид ​​ба тафаккури интиқодӣ ширкат мекардем. Дар он ҷо аз иштирокчиён хоҳиш карданд: панҷ чизро номбар кунед, ки аз хона дар сурати рух додани офати табиӣ бо худ мегиред. Мо фикр кардем ва маълум шуд, ки ҳамаи ширкаткунандагон аз Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳояшонро бо худ мегиранд. “Ҳуҷҷатҳо?” – ҳайрон шуд мураббии мо аз Амрико – ӯ гуфт, ки чаро дар ҳолати фалокат ба шумо ҳуҷҷатҳо лозиманд, беҳтараш бозичае барои кӯдакатон гиред. Мо, дар навбати худ, намефаҳмидем, ки чӣ гуна бозича аз ҳуҷҷатҳо муҳимтар буда метавонад. Ва чунин ихтилофот аз он сабаб рух дод, ки мо ва ҳамкори амрикоиамон дар заминаи мухталифи фарҳангӣ қарор дорем: барқарор кардани ҳуҷҷатҳо дар кишвари ӯ осон аст, вале дар мо не. Имрӯз мо бо шумо таҳлили вазъро дар асоси эътиқодоти фарҳангии худ муҳокима хоҳем кард, – мегуфт Гулорохон дар оғози рӯзи сеюми тренинг. Сарфи назар аз он, ки чорабинии омӯзишӣ вақти шом буд, қариб 30 кас ҷамъ омада буданд. Дар маҷмӯъ, се то чунин тренинг баргузор мешавад, ки муаллифон ба нақша гирифтаанд.

– Ман хеле хушҳолам, ки бо Гулорохон ҳамкорӣ кардем. Маҳз ба шарофати ин ҳамкорӣ мо ғолиб омадем. Ғайр аз ин, муошират бо намояндагони минтақаҳои гуногун хеле муфид ва ҷолиб аст. Ҳарчанд мо дар як кишвар зиндагӣ мекунем, вале дар бораи якдигар кам медонем, – иқрор омад Афсона.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *