Internews барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои рушди саводнокии расонаӣ озмун эълон мекунад

Расонаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятиву таълимӣ, ассотсиатсияҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои ширкат дар озмуни дастгирии молиявии тарҳҳои рушди саводнокии расонаиву рақамӣ даъват карда мешаванд.

Соли 2021 тарҳҳои дар самтҳои зерин буда, дастгирӣ карда мешаванд:

  • Ташкили мубоҳисаҳо миёни ҷавонон, эҷоди таҷҳизоту бозиҳои визуалӣ, ба навор гирифтани наворҳои кӯтоҳ барои шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳияи мему комиксҳо дар мавзуи саводнокии расонаиву рақамӣ.
  • Таҳияву паҳн кардани брошюраҳову буклетҳо дар бораи асосҳои саводнокии расонаиву рақамӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (масалан, дар ҷашнвораҳои саводнокии расонаӣ дар минтақаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, тавассути хадамоти почтаи миллӣ ва ғайра).

Муддати иҷрои ҳамаи лоиҳаҳо – аз моҳи март то августи соли 2021 аст. Интернюс дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо кӯмаки молиявӣ ва машваратӣ мерасонад. Мо дархостҳои шуморо то 20-уми декабри соли 2020 қабул мекунем. Шакли дархостро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Муаллифони дархостҳои беҳтарин аз ҳар се кишвар, ба чорабинии минтақавии онлайнии MediaCAMP Эдютон 2021 даъват карда мешаванд. Эдютон аз 2-юм то 6-уми феврали соли 2021 баргузор мегардад. Ширкаткунандагони он таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба метавонанд, тарҳҳои худро то пурра иҷро шудани шартҳои озмуни маблағгузорӣ ба анҷом расонанд.

Касе, ки мехоҳад дар бораи лоиҳаҳои соли 2021 оид ба саводнокии расонаӣ маълумоти муфассал бигирад, ба вохурии иттилоотии рӯзи 8-уми декабр, соати 15:00 ба вақти Душанбе даъват карда мешавад.

Internews на дертар аз 10-уми январи соли 2021 дархостҳоро баррасӣ карда, қарор қабул мекунад. Ҳамаи довталабон дар бораи қарори ҷамъбастӣ, тавассути почтаи электронӣ на дертар аз 12-уми январи соли 2021 огоҳ карда мешаванд.

Агар шумо дар бораи тарҳҳои рушди саводнокии расонаӣ ягон савол дошта бошед, лутфан, ба суроғаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org бинависед. Дар “Мавзуи нома” ҳатман банди “Лоиҳаҳои саводнокии расонаӣ” нависед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply