«Формати калон»: Интернюс дар Тоҷикистон оид ба истеҳсоли муҳтаво озмуни грантӣ эълон мекунад

Интернюс дар Тоҷикистон озмуни «Формати калон» – ро эълон мекунад. Ғояҳо барои истеҳсоли муҳтаво қабул карда мешаванд.

Вопасин муҳлати қабули дархостҳо 18-уми декабри соли 2020 аст.

Ин озмун барои тарҳҳои калон ва “тӯлонӣ” аст, ки устувору мунтазам ва даврианд.

Чунин тарҳ чӣ буда метавонад? Масалан:

  • ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бахши махсус дар сомонаи мавҷуда;
  • барномаи телевизионӣ;
  • силсиламаводҳо дар бораи мушкилоти хеле муҳим (формат, жанр ва мавзуъҳо метавонанд гуногун бошанд);
  • филми мустанад (бо репортажи махсус омехта накунед).

Аммо шумо барои пешниҳоди вариантҳои худ маҳдуд намегардед ва метавонед дилхоҳ форматро пешниҳод кунед.

Чунин тарҳ то кай давом карда метавонад? Аз 6 то 12 моҳ, вале тарҳҳо бояд то охири соли 2021 анҷом ёбанд.

Дар озмун ки ширкат карда метавонад? Дархостҳо аз тимҳои Тоҷикистон, ки ғоя, заминаи истеҳсолӣ ва таҷрибаи хуб доранд, қабул карда мешаванд; инчунин донистани чӣ гуна аудиторияи васеъро ҷалб кардан ва ба устувории минбаъда диққат додан, муҳим аст.

Расонаҳои мустақил, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки версияи онлайнӣ доранд, студияҳои истеҳсолӣ ё гурӯҳҳои муаллифони мустақил (рӯзноманигорон, вебнависон) метавонанд ширкат варзанд. Мо инчунин мехостем, ки ширкатҳои телевизионӣ ва филмноманависони касбӣ ба ин озмун таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Довталабон бояд созмоне дошта бошанд, ки дар яке аз шаклҳои ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд: шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, фонди ҷамъиятӣ ё дигар.

Лутфан дар хотир дошта бошед, ки маблағгузорӣ барои коршиносон, расонаҳои касбӣ ва муаллифон пешбинӣ шудааст. Тимҳои нав ба кор шуруъ карда, (ҳадди ақал як сол ҳам таҷрибаи татбиқи тарҳро надоранд) бояд дар озмуни “Формати хурд”, ки каме баъдтар эълон хоҳад шуд, дархост пешниҳод кунанд. Дар бораи он, ки чӣ гуна Internews истеҳсоли муҳтаворо дар солҳои 2020-2021 дастгирӣ мекунад, дар ин ҷо бихонед.

Дар доираи “Формати калон” инчунин дастгирии тарҳҳои байналмилалӣ (истеҳсоли муштараки муаллифони Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) имконпазир аст. Агар шумо дар бораи чунин як тарҳи минтақавӣ ё барои ин ду кишвар тасаввуроте доред, лутфан пеш аз пешниҳоди дархост ба мо бинависед: Central-Asia-Applications@internews.org.

Муҳтаво бо кадом забон бошад? Бо забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ.

Тими корӣ барои чӣ қадар маблағ дархост карда метавонад? Як тарҳ метавонад аз 10000 то 30000 доллари амрикоӣ гирад. Буҷаи эълоншуда бояд мувофиқ, асоснок ва бо пули миллӣ пешниҳод карда шавад. Инчунин хариди барномаҳои литсензионӣ ва таҷҳизот, ки базаи шуморо пурра месозад (дар назар аст, ки довталабон дар ин озмун аллакай онро доранд), илова бар ин – хидмати мураббиён ё мушовирон низ имконпазир аст.

Интихоб чи гуна сурат мегирад? Озмуни “Формати калон” дар се марҳила баргузор мешавад:

Марҳилаи 1 –  Пешниҳоди ғоя

Дар мавзуъҳо маҳдудият вуҷуд надорад, аммо самти иҷтимоии ғояҳо муҳим аст. Эҷод кунед, ихтироъ кунед, орзу кунед! Мо интизори пешниҳодҳои ҷолибу илҳомбахш барои муҳтаво ва шакли он ҳастем.

Ба шумо лозим аст, ки бо тавсифи муфассали идеяи худ дархостро пур кунед (линки зеркашии дархост дар ин ҷо), аудиторияи мақсадноку механизмҳои ҷалби онро нишон диҳед, нақшаи муҳтаво, нақшаи устувории минбаъдаро нависед ва буҷетро замима кунед (шумо метавонед буҷетро аз ин ҷо зеркашӣ кунед). Лутфан дархосту буҷаи пуркардашударо бо нишон додани “Формати калон” дар сатри мавзуъ ба почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org бифристед.

Як тими корӣ метавонад якчанд идеяро ба озмун пешниҳод кунад. Вале барои ҳар як тарҳ шумо бояд дархосту буҷаи алоҳида пур кунед.

Эзоҳ: Пеш аз фиристодани дархост ва буҷаи худ, лутфан номи худро бо нишон додани номи тарҳ ё расонаатон иваз кунед. Вақте мо даҳҳо файлро бо номи якхелаи “Application Form” ва “Budget” қабул кунем, метавонем ба иштибоҳ роҳ диҳем.

Муҳлати вопасини қабули дархост 18-уми декабри соли 2020 аст.

Лутфан огоҳ бошед, ки охири моҳи ноябр мо бо довталабони эҳтимолӣ мулоқоти онлайнӣ баргузор мекунем ва дар ҷараёни он мо ба саволхои шумо дар бораи озмуни “Формати калон” посух медихем.

Марҳилаи 2 – интихоб

Идеяҳои шуморо ҳакамон баррасӣ хоҳанд кард, ки ба он коршиносони мустақили расонаӣ ва кормандони Интернюс шомиланд. Пас аз ин тарҳҳои беҳтарин интихоб карда мешаванд. Меъёрҳои интихоб:

  • – аслӣ будани идея,
  • – формати интихобшуда (асоснокӣ, ҷолибият, ҳамгироии воситаҳои мултимедиявӣ – вақте ки сухан дар бораи тарҳҳои онлайнӣ меравад),
  • – дарки аудиторияи худ ва дониши воситаҳои ҷалби он,
  • – қобилияти тим дар татбиқи тарҳ,
  • – стратегияи устувор,
  • – оқилона будани буҷа.

Қарори ниҳоиро дар бораи маблағгузорӣ ҳакамони озмун қабул мекунанд.

Ғолибони озмун то охири сол интихоб карда мешаванд.

Марҳилаи 3 – таҷдиди назар ва пешниҳоди грантҳо

Пас аз эълони натиҷа ба ғолибон барои такмил додани тарҳ, тартиб додани буҷаи ниҳоӣ ва омода кардани ҳуҷҷатҳо барои маблағгузорӣ, як ҳафтаи дигар вақт дода мешавад.

Эзоҳ: дар ин даъват муаррифии шифохии тарххо доир мегардад. Аз ин рӯ, лутфан дар пешниходи бучаи худ эхтиеткор бошед.

Кадом ғояҳо бешубҳа дастгирӣ нахоҳанд шуд? Интернюс сохтану таблиғи сомонаҳо, таҳияи филмҳои бадеӣ, наворҳои иҷтимоӣ ва клипҳоро дастгирӣ намекунад. Дар доираи озмуни “Формати калон” дастгирии институтсионалӣ пешбинӣ карда намешавад (ба он масалан, иҷораи офис ва дигар хароҷоти шабеҳ дохил мешавад).

Чаро Internews истеҳсоли муҳтаворо дастгириву маблағгузори мекунад? Мо мехоҳем, ки расонаҳои ватанӣ – касбӣ, дар платформаву форматҳои гуногун, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби аудитория – дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарин ва мураккаби ҷомеа қисса кунанд. Ҳадафи озмун дастгирии истеҳсоли барномаҳои босифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, веб-докҳо, веб- сериалҳо, саргузаштҳои мултимедиявӣ, таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ ва ғайра мебошад.

Чӣ гуна шумо метавонед дар бораи тарҳҳое, ки қаблан дастгирӣ шуда буданд, маълумот пайдо кунед?

Дар Тоҷикистон, пас аз натиҷаи озмуни ғояҳо, Интернюс 9 тарҳро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастгирӣ кард. Дар соли 2020, 8 адад аз он тарҳҳо татбиқ карда шуданд; дар маҷмуъ, қариб 200 адад муҳтавои гуногун истеҳсол карда шуд, ки тақрибан якуним миллион маротиба тамошо шуданд. Мо аз ҳама шарикон ва дастовардҳои онҳо ифтихор дорем. Танҳо чанде аз он тарҳҳо:

Филми мустанади “Мардикор” – и Маҳпора Киромова. Ин қиссаест, ки дар бораи се зани мардикорбозор аст. Онҳо ҳамарӯза ба корҳои вазнинтарин розӣ мешаванд, то ба назди фарзандони худ бо дасти холӣ нараванд. Филм ба барномаи махсуси “Пас аз иттифоқ” -и ҷашнвораи Artdoсfest – 2020 шомил карда шуд. Инчунин дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамовозии азимеро ба амал овард.

Подкастҳои “Три медведя” – и Your.Tj. Ин баъзе аз подкастҳои аввалини бозори расонаии кишвар буданд, ки дар давраи душвории пандемия сар шуданд. Муаллифони подкаст дар бораи вазъи марбут ба COVID-19, ки Тоҷикистон хеле нороҳат буд, сӯҳбат мекарданд. Пас аз ба охир расидани тарҳ, #Тримедведя кори худро идома дод ва ду подкастҳои дигарро, ки ба тиҷорат, иқтисоди ҷаҳонӣ ва васоити ахбори нав бахшида шудаанд, баровард.

Веб-сериали ” Ҳама барои як кас – як кас барои ҳама” яке аз ду сериале ба ҳисоб меравад, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Бозигарони ин силсила-филм шахсони дорои маъюбият мебошанд, ки дар бораи зиндагии ҳаррӯзаи худ нақл мекунанд. Муаллифи веб-сериал ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи Миллии маъюбони Тоҷикистон» мебошад.

Арт – тарҳи “Хонае, ки дар он дарди фаромӯшнашаванда зиндагӣ мекунад” – ро тими “Вечёрка” амалӣ кард. Дар он рӯзноманигорон дар бораи қиссаи дардноки чаҳор зани тоҷик нақл мекунанд, ки аудиторияро ба ҳам овард. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хештеги #домгдеживетнезабытаяболь -ро роҳандозӣ карданду постҳо навиштанд, то таваҷҷуҳро ба мушкилот ҷалб кунанд.

Подкастҳои муаллифии Zewarshow, ки рӯзноманигори тоҷик – Зеваршо Муҳаммад сабт мекунад, ногаҳон барои шунавандагони натанҳо тоҷик, балки барои шунавандагони кишварҳои ҳамсояи мо  – Афғонистону Эрон низ ҷолиб шуд. Дар подкастҳои худ Зеваршо бо сарояндагони муосири тоҷик ё одамони оддии Тоҷикистон суҳбат мекунад.

Агар ба шумо ягон чизро аниқ кардан лозим ояд, ба почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org бо нишон додани мавзуи мактуб бинависед, масалан: “Савол дар бораи озмуни формати калон ” ё “савол дар бораи лоиҳаи байналмилалӣ”.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *