Озмун: беҳтар кардани муҳити ҳуқуқии расонаҳо дар Тоҷикистон

Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP озмуни грантӣ эълон мекунад.

Яке аз вазифаҳои асосии мо ин фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои расонаҳои Тоҷикистон аст. Мо боварӣ дорем, ки танҳо дар чунин шароит метавон муҳтавои ҷолиб ва ба талабот ҷавобгӯйро эҷод кард.  То хонандагон, бинандагон ва шунавандагон ба он эътимод пайдо кунанд.

Бо дастгирии рушди муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, мо барои ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки на камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ доранду дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот фаъолият доранд, озмуни грантӣ эълон мекунем.

Агар таҷриба ва ягон пешниҳод дошта бошед, мо шуморо барои иштирок дар озмуни грантӣ даъват менамоем.

Мо ба шарикони худ пешниҳод мекунем:

  1. Гузаронидани чорабинии омӯзишӣ барои на камтар аз 20 ҳуқуқшиноси расонаӣ ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ, ки мехоҳанд дар соҳаи ҳуқуқи расонаиву татбиқи он фаъолият кунанд;
  2. Гузаронидани чорабинии омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи расонаӣ барои на камтар аз 30 рӯзноманигор, донишҷӯву устодони факултети рӯзноманигорӣ;
  3. Таҳия намудани тавсияҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба такмил додани ҳадди аққал ду қонун ва инчунин қонунҳои иловагӣ, ки дар муҳити ҳуқуқии Тоҷикистон ташвиқ карда мешаванд;
  4. Мунтазам машварат додан ба рӯзноманигорону васоити ахбори омма дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқӣ ва паҳн кардани иттилоот. Аудиторияи ба тарҳ ҷалбшуда бояд на камтар аз 50 касро ташкил диҳад.
  5. Гузаронидани маъракаи иттилоотӣ дар расонаҳо тавассути нашри на камтар аз панҷ мавод. Инчунин таблиғи маводҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Чӣ гуна дархост фиристодан мумкин аст?

Намуди пешниҳоди дархост ва буҷаи тарҳро метавонед аз ин линк бубинед.

Шумо бояд дархостҳои пуркардашударо то 10-уми декабри соли 2020, соати 24:00 ба вақти Душанбе.

UPD: Қабули дархостҳо то 20-уми декабри соли 2020, соати 24:00 ба вақти Душанбе тамдид карда шуд.

Шӯрои коршиносон оид ба интихоби ғолибон, коршиносони мустақили соҳаи ҳуқуқи расонаӣ ва рушди байналмилалиро дар бар мегирад. Мо тасмим гирифтем, ки то 8-уми декабри соли 2020 ғолибонро муайян кунем. Ғолибон тавассути почтаи электронӣ на дертар аз 10-уми декабри соли 2020 огоҳ карда мешаванд.

Дар ҳолати зарурӣ, мо аз довталабон маълумоти иловагӣ талаб мекунем. Дархостҳои қабулшуда хулосабарорӣ ва баргардонида намешаванд.

Ҳамаи саволҳои худро метавонед ба почтаи электронии TJ-info@internews.org бифристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *