Одамони қадпаст аз Тоҷикистон дар веб-сериали ҷадид дар бораи худ нақл карданд

Қарҳрамонҳои воқеӣ дар бораи он душвориҳое, ки ба одамони  дорои маъюбият ҳамарӯза дучор меоянд, чӣ гуна онҳоро  паси сар мекунанд ва  чи тавр орзуҳояшонро амалӣ мекунанд, – дар веб-сериали ҷадид бо забони тоҷикӣ нақл мекунанд.

Давриниссо Ҷӯраева, ки бисту ду сол дорад, дар як хонаи хурд дар табақаи чаҳоруми бинои чаҳорошёна дар яке аз ноҳияи Душанбе зиндагӣ мекунад. Даромадгоҳи ин бино, ки сохтмони даврони шӯравӣ аст, зинапояҳои хеле нороҳаткунанда дорад, яъне  рафи зинапояҳо хеле баланданд. Барои Давриниссо ва ду бародари ӯ, Мирзои шонздаҳсола ва Абубакраи понздаҳсола, ин зинапоя мушкилоти воқеианд, ки бояд ҳар рӯз онро бартараф кард. Ҳар сеяшон гирифтори як беморианд: хондродисплазия. Ин маънои онро дорад, ки Давриниссо, Мирзо ва Абубакр одамони  қадпастанд.

Дар хонаи сеҳуҷрагиашон, ба ғайр аз онҳо, бародари хурдиашон, падару модарашон ва боз бибию  аммаашон бо фарзандҳояш зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр, вақте ки гуруҳи филмбардорон бо таҷҳизотҳои бузурги худ ба он ҷо омаданд, ҷой барои пой мондан набуд. Аммо, ҳамаи аъзои оила тоқат карданд, зеро дар қисмати аввали веб-сериал бахшида ба шахсони дорои маъюбият Давриниссо, Мирзо ва Абубакр дар нақши асосӣ буданд.

Мирзо Ҷӯраев

Ин веб-сериал дар озмуни истеҳсоли контенти ватанӣ ғолиб омад буд, ки онро Internews дар Тоҷикистон дар охири соли гузашта эълон карда буд, муаллифи он “Ассотсиатсияи миллии маъюбон дар Тоҷикистон” буд. Ва бо вуҷуди он, ки ба ин ташкилоти ҷамъиятӣ зарур омад,  ки бо истеҳсолкунандагони касбии контент – рӯзноманигорон, блогнависон ва ҳатто коргардонҳои машҳур рақобат кунад, аммо дархости онҳо яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.

– Умуман, идеяи филмбардори кардани сериал дар бораи ҳаёти воқеии одамони маъюб ба коргардон Зарина Ҳоҷимуратова тааллуқ дорад. Якчанд сол пеш мо бо ӯ як лоиҳаи муштарак доштем – мо фотоссесияи духтаракони маъюбро баргузор кардем, ки воқеан ҳам хеле хуб баромад ва аз он вақт мехостем боз ягон кори дигареро анҷом диҳем. Аз ин рӯ, вақте Зарина занг зад ва дар бораи озмун гуфт, мо фавран дар бораи лоиҳа андеша кардем ва акнун лоиҳа дар ҳақиқат муаллифони зиёд дорад ва ин кори гурӯҳӣ аст,- мегӯяд Раъно Додоҷонова, менеҷери лоиҳаи «Ассотсиатсияи миллии маъюбон дар Тоҷикистон.

Сенарияҳоро барои ҳар як қисм муаллифон дар асоси ҳикояҳои воқеии одамони маъюб, ки инчунин дар ин сериал нақш бозидаанд, таҳия кардаанд.

– Ин, албатта, як сераили бадеӣ аст, аммо ҳамаи ҳодисаҳое, ки бо қаҳрамонон рух медиҳанд, воқеӣ мебошанд. Вазифаи мо нишон додани ҳаёти воқеии шахсони маъюб  дар Тоҷикистон ва инъикоси масъалаҳои муҳити дастрас аст,- шарҳ медиҳад Раъно.

“Ман аз одамони маъюб бисёр чизҳоро меомӯзам”

Сюжети қисми аввали сериал, ки онро муаллифон «Пайвандон» номгузорӣ карданд, дар назари аввал  оддӣ ба назар мерасад: Давриниссо, Мирзо ва Абубакр субҳ аз хоб хеста,  дар хонаи худ  субҳона мехуранд ва  аз пайи корҳои худ баромада мераванд. Бачаҳо дар назди камера шарм намедоранд.  Дар ҳоле ки Давриниссо дар ҳаммом як эпизодро мебозад, тамоми оилаи калон, коргардон, рӯзноманигорон, менеҷери лоиҳа ӯро тамошо мекунанд. Аммо духтар мисли ҳарвақта ба ҳаммом даромада, курсии хурдакакро ба назди дастшӯй кашида, болои он мебарояд, то худро дар оина бинад ва мӯи худро шона кунад. Аз дубли дуюм – ҳама чиз тайёр аст, гарчанде ки Давриниссо аз   сабти якум низ метавонад нақш офарад.

– Ман таҷриба дорам – маро дар телевизион ба навор гирфта буданд, аз ин рӯ ман наметарсам. Ягона чизи мушкил он аст, ки баъзан ман  метавонам калимаҳоро фаромӯш кунам, он вақт душвор аст. Ман дар филмҳо бозӣ карданро дӯст медорам. Кӣ дӯст намедорад? – мегӯяд Даврӣ.

Раъно мегӯяд, ки ӯ бо оилаи Ҷӯраевҳо  чанд сол қабл дар созмони “Некӣ” шинос шудааст,  ки ин созмон бо оилаҳои дорои зиёда аз ду фарзанди маъюб кор мекунад. Дар Душанбе 111 чунин оила мавҷуданд ва оилаи Ҷӯраевҳо яке аз онҳост. Модарашон дар коргоҳи дӯзандагӣ  кор мекунад, падарашон ронанда аст, онҳо хеле оддӣ зиндагӣ мекунанд, аммо хеле  тифоқанд.

– Вақте   дар «Некӣ» бо онҳо шинос шудем, бачаҳо бо касе сӯхбат намекарданд ва бештар дар хона мемонданд, онҳо аз атрофиён метарсиданд, дар мактаб кӯдакон онҳоро таҳқир мекарданд. Давриниссо ин ҳамаро осонтар паси сар мекард, аммо барои бародаронаш мушкилтар буд. Хусусан Мирзо: ӯ дар хона менишаст ва бо касе сӯҳбат намекард, модараш мегирист ва  намедонист чӣ кор кунад. Пас аз он ман бо ӯ сӯҳбат кардам ва аз ӯ пурсидам, ки чӣ кор кардан мехоҳад ва ӯ ҷавоб дод: “Ман мехоҳам расм кашам”. Мо ӯро ба студияи «Арт-Дошан» фиристодем ва Мирзо рӯз то рӯз тағйир ёфтан гирифт, -нақл мекунад Раъно.

Ҳоло Мирзо, ба монанди хоҳари калониаш ва бародари хурдиаш, дар назди камера оромона кор мекунад ва “филмсозони” ботаҷрибаро бо касбияташ ба ҳайрат меоварад. Шӯхӣ дорад, ки имрӯз ӯ нақши осонтарин дошт – ӯ бояд дар ҷойгаҳ хобида пасон бедор мешуд. Мирзо донишҷӯи коллеҷи санъат аст ва пас аз он ки ба студияи «Арт Дошан» омад,  қарор дод, ки зиндагии худро комилан дар  санъат  бубинад.

– Офарин ба онҳо, ҳамаашон таҳсил мекунанд – Даврӣ донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ дар риштаи муҳосибот таълим мегирад, Абубакр дар литсей барои кӯдакони дорои маъюбият таҳсил мекунад. Ғайр аз ин, онҳо дар ташкилоти мо ба таври ҷиддӣ ба омухтани  забони англисӣ машғуланд. Ман ҳангоми филбардорӣ ба хонаи онҳо рафта будам, хонаи хурди онҳоро дидам, ки дар он ҷо одамони зиёд зиндагӣ мекарданд ва пурсидам: “Дарсҳоятонро дар куҷо  тайёр мекунед?” ва онҳо ҷавоб доданд, ки дар долон, ҷои дигаре нест. Аммо мо ба таври қатъӣ талаб мекунем, ки вазифаи хонагиро иҷро кунанд ва онҳо ҳамеша ҳама чизро иҷро мекунанд, -мегӯяд Раъно.

Илова ба забони англисӣ, бачаҳо дар созмон  аз курсҳои рушди шахсӣ мегузаранд, ки дар рафти онҳо ба бача мефаҳмонанд, ки чӣ гуна оромона аксуламали на ҳама вақт муносиби ҷомеаро қабул кунанд, чӣ гуна ба худ итминон дошта бошанд ва ба ҳадафҳои гузоштаашон расанд. Бачаҳо донишҷӯёни хубанд, онҳо ҳама мушкилотро пушти сар мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки  дар сериал дар бораи роҳи  интихобашон нақл кунанд.

Вазифаи дигари муаллифон ва қаҳрамонони сериал ба ҷомеа  мусоидат кардан аст, ки ба одамони  дорои маъюб на танҳо аз рӯи дилсузӣ кӯмак  намоянд . Дар серияи якум як сюжети ҳассосе ҳаст, вақте Мирзо «маршруткаро» барои расидан ба коллеҷи рассомӣ бозмедорад ва роҳбалад дарҳол ба ӯ ҳамчун садақа пул дароз мекунад.

 – Албатта, одамони маъюбе ҳастанд, ки бо садақа рӯз мегузаронанд, аммо на ҳама. Бисёр бачаҳо аз чунин муносибат нороҳат мешаванд. Онҳо кор мекунанд, мекӯшанд  машғул бошанд ва барои ҷомеа муфид бошанд ва ба дилсӯзии одамон ниёз надоранд. Танҳо зарур аст, ки ҳуқуқҳои онҳо эҳтиром карда шавад ва барои онҳо шароит фароҳам оварда шавад, то онҳо низ тавонанд чизҳое, ки дигарон истифода мебаранд, истифода баранд,- мегӯяд Раъно.

Қаҳрамонони эпизодҳои дигар низ,  бачаҳои боангезаанд: ҳикояи як ҷавони кӯтоҳқад аз Фархор ҳаст, ки дер боз мехост шаҳодатномаи ронандагӣ гирад ва ӯ тавонист онро ба даст орад. Ҳикояе дар бораи муаллими ношунаво  ҳаст, ки ба забони имову ишора дарс медиҳад. Раъно мегӯяд, ки тамоми гурӯҳ умедворанд, ки сериал аз чор қисм бештар идома меёбад – қаҳрамонони арзанда дар Тоҷикистон зиёданд. Аллакай як духтари нобино, ки дар радио кор мекунад ,ё як бачае, ки аутизм дорад ва корманди қаҳвахонаи иҷтимоии «Дар як замин» мебошад, дар  мадди назаранд.

– Мо умедворем, ки бо кӯмаки ин сериал, метавон муностбати одамонро тағйир дод, ба онҳо кӯмак намуд, то ки ба ҳамдигар меҳрубонтар бошанд. Барои мо муҳим аст, ки нишон диҳем, ки одамони дорои маъюбият муваффақ буда метавонанд ва аз онҳо метавон бисёр чизҳоро омӯхт,- мегӯяд Раъно.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *