“Вечерка” аз занони тоҷике, ки ба зӯроварӣ дучор омадаанд, қисса мекунад

Ҳамаи қиссаҳои 4 – зан аз  лоиҳаи “Хонае, ки дар он дарди фаромӯшнашаванда зиндагӣ мекунад”, ғайривоқеӣ ба назар мерасад. Аммо муаллифон мегӯянд, ки қаҳрамонони онҳо ба худ қувваи табодули душвориҳояшонро пайдо кардаанд.  Вале ин маънои онро дорад, ки ин маҳдудияти охирин нест. Чун дар Тоҷикистон занҳое ҳастанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба касе чизе гуфта наметавонанд.

Лоиҳаи “Хонае, ки дар он дарди фаромӯшнашаванда зиндагӣ мекунад” чаҳор наворе, ки дар он  занони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон – Душанбе, Хатлон, Суғд ва ВМКБ  аз зиндагии пурандӯҳи худ қисса мекунанд. Ҳар чор қаҳрамон ба  зӯроварии оилавӣ дар шаклҳои гуногун рӯбарӯ шуданд. Вақте ки Гулнора Амиршоева, роҳбари ширкати расонаҳои “Вечерка”, бо ин лоиҳа аз ҷониби Интернюс озмуни грантии истеҳсоли муҳтавои ватаниро бурд кард, идеяи ӯ дигар буд. Баъдан вай аз лоиҳаи санъати Ксения Диодорова «Видеть сны в хиджабе» илҳом гирифт.  Дар он лоиҳа занони мароқандӣ дар бораи ҳаёти пинҳониашон тавассути ашёҳои ҳамарӯза нақл мекунанд. Масалан, қаҳрамони Ксения сандуқчаҳои хурдро  нишон медиҳаду чойники рангкардаашонро дар ёд оварда, аз кӯдакӣ ва оилаи худ сӯҳбат мекунанд. Ин идея барои Гулнора натиҷа надод – чун зиндагии қаҳрамонони вай он қадар фоҷиаовар буд, ки дар онҳо ягон чизи хубе набуд.

– Мо ҳамеша аз мавқеи худамон таҳлил мекунем. Мисол, дар хона ва дар дафтари ман чизҳои гуногун мавҷуданд, ки бо дидани онҳо ба ман  хотираҳои гуворо ба вуҷуд меоранд, барои ман пурқимматанд. Ман фикр кардам, ки ин гуна ашёҳоро дар хонаҳои қаҳрамононам пайдо мекунам ва онҳо дар бораи зиндагиашон нақл хоҳанд кард. Аммо вақте ман ба хонаашон рафтам, ҳоли зиндагии онҳо чунон вазнин буд, ки барои чизе нишон додан, имконият набуд, – мегӯяд Гулнора.

Ҳамаи чаҳор зан кӯшиш карданд, ки дар байни ашёҳои худ чизеро пайдо кунанд, то ба рӯзноманигорон кӯмак гардад. Аммо ҳама либосҳояшон фарсуда, ҷавоҳироти онҳо кайҳо фурӯхта шуда буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ чизҳои хурде, ки хурсандиовар буданду Гулнора дар борааш мегуфт, надоштанд. Зеро хушбахтӣ набуд.

– Ҳеҷ кадоме аз онҳо хонаи истиқоматӣ  надоранд, танҳо ҳуҷра ба иҷора мегиранд. Қаҳрамон аз шаҳри Душанбе, Шоира аз наздикии Корвон ҳуҷраеро иҷора мегирад. Ӯ дар шароити хеле вазнин зиндагӣ мекунад. Аммо вақте мо ба хонаи ӯ рафтем, хеле ғусса мехӯрд, ки ба рӯйи дастархон чизе гузорад. Лекин ҳеҷ чиз барои гузоштан набуд. Ҳуҷра хеле хурд – чизҳо дар як кунҷ ҷамъ карда шудаанд, – мегӯяд Гулнора.

Сипас муаллифон тасмим гирифтанд, ки ба ҷои ашёҳои қаҳрамон ассотсатсияҳоро истифода баранд. Лоиҳа интерактивӣ аст ва дар Тоҷикистон бо чунин формат рӯзноманигорон то ҳол қиссаҳои  муҳимро нақл накардаанд. Дар  сайти махсуси лоиҳа шумо метавонед, ҳар як ҷузъиётро пахш карда ба бахши махсус гузаред.  Бо  пахш кардани чароғ – маълумот дар бораи он, ки дини “Ислом” дар бораи зӯроварии хонаводагӣ чӣ мегӯяд, гирифтан мумкин аст. Инчунин бо пахш кардани дарахт – шарҳҳои коршиносони маҳаллиро пайдо мекунед. Агар шумо тирезаҳоро пахш кунед, ба ҳуҷраҳои маҷозӣ ворид мешавед, ки дар он ҳикояҳои қаҳрамонон ва ҳамзамон ашёҳои мухталифе, ки барои Тоҷикистон анъанавӣ мебошанд – оташдон, сандуқ, либоси миллӣ мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо интерактивӣ буда, дар бораи ҳаёти зани тоҷик ҳикояҳои иловагӣ медиҳанд. Инчунин рӯйхати паноҳгоҳҳо барои қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, шарҳи адвокат ва гузориш дар бораи вазъи Тоҷикистон мавҷуд аст.

– Ин кори сангину тӯлонӣ буд. Сомона аз сифр сохта  ва мустақилона навишта шудааст.  Илова бар ин, онро аз формати ғайримуқаррарӣ аз нав ба  формати муқаррарӣ баргардонидем. Вақту кӯшишҳои зиёдро талаб мекард. Чун формати ғайриоддӣ диққати аудиторияро ба худ ҷалб кард. Ман мебинам, ки чӣ тавр истифодабарандагон лоиҳаи моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона мубодила мекунанд, – мегӯяд Гулнора.

“Одамон бар он ақидаанд, ки худи зан айбдор аст”

Аз чаҳор зани қаҳрамон, танҳо як нафар розӣ шуд, ки дар бораи худ бо чеҳраи ошкоро сӯҳбат кунад. Дигар занон бошанд,  аз таблиғот ба худ ва дучори мушкилоти нав  дар ҳарос буданд. Дарёфт кардани чунин қаҳрамонон, новобаста аз бидуни ном, аллакай муваффақияти бузурге барои рӯзноманигорони тоҷик аст.

– Ҷустуҷӯи қаҳрамонон ҳамеша душвор аст. Қаҳрамонони ман аз дарди дили худ  ошкоро сухан мегӯянд. Ҳазорҳо қурбониён ҳастанд, аммо на ҳама ҷуръат мекунанд, ки дар бораи мушкилоти худ сӯҳбат кунанд. Қиссаҳои бадтаре ҳастанд, ки  занон ҳатто дар бораи онҳо гап зада наметавонанд. Боз ҳикояҳое дигаре ҳастанд, ки бо худкушӣ хотима меёбанд ва мо дар бораи онҳо ҳеҷ чиз намедонем. Қаҳрамонони ман қобилияти сухан гуфтанро пайдо карданд, яъне ин поёнии корро нишон намедиҳад, – шарҳ медиҳад Гулнора.

Якчанд созмони ғайридавлатӣ, ки бо ин занон кор мекунанд, ба гурӯҳи кории  “Вечерка” барои дарёфтани қаҳрамонон кӯмак карданд. Фаъолон кафолат дода буданд, ки ному чеҳраи онҳо дар лоиҳа нишон дода намешаванд. Аҳамияти ин мусоҳибаҳоро ба занон фаҳмониданд ва танҳо он вақт занҳо ба гуфтугӯ розӣ шуданд. Аммо, Гулчеҳра Ҷӯраева аз вилояти Суғд, дар бораи зиндагиаш ошкоро сӯҳбат кард. Ӯ дар достони худ аз лату кӯб кардани шавҳараш, таҳқири хешовандон, кӯдакони маъюб, хиёнат аз ҷониби хешовандонаш ва инчунин як достони ростқавл дар бораи он ки чӣ гуна ӯ маҷбур шуд бо тиҷорати шаҳвонӣ машғул шавад, қисса кардааст.  

– Гулчеҳра бо қатъият мехост тамоми ҳақиқатро дар бораи худаш гӯяд. Пас аз ҳама душвориҳо ва таҳқирҳо ба суроғааш вай дигар аз ҳеҷ чиз наметарсид ва мехост ҳамаашро ошкоро қисса кунад, – гуфт Гулнора.

Аксари мушкилиҳои ҳар чор зан ин хешовандони шавҳаронашон буданд. Пеш аз ҳама – хушдоманашон. Одатан, зиндагии зани ҷавоне, ки дар Тоҷикистон ба оилаи нав омадааст, аз он вобаста аст, ки модари шавҳараш ӯро дӯст медорад, қабул мекунад ё на. Масалан, Дилбар аз вилояти Хатлон, ки пас аз синфи нӯҳ хонадор шуд, ба хушдоманаш  хуш нагардид.

– Қиссаи Дилбар даҳшатнок аст. На танҳо хешовандони шавҳараш ӯро азият медиҳанд, балки бародаронаш ва ҳатто фарзандонаш низ ӯро дастгирӣ намекунанд. Вақте ки мо дар хонаи Дилбар будем, духтари хурдиаш (хонандаи синфи якум аст) аз ман пурсид, ки  оё падарашро бармегардонем? Ман ба вай гуфтам, аввал дар бораи модарат фикр кун. Падараш доимо таҳқир карда, модарашро мезанад. Духтари калонӣ бошад, таҳдид мекунад, ки агар ӯ аз падараш ҷудо шавад, худкушӣ хоҳад кард. Вақте хешовандони падар барои латукӯб кардани модарашон меоянд, кӯдаконаш дахолат намекунанд, – бо ғазаб қисса кард, Гулнора.

Дилбарро кормандони полис низ дастгирӣ намекунанд; пас аз лату кӯби навбатӣ ӯ ба онҳо изҳорот дод, аммо онҳо нодида гирифтанд. Бо вуҷуди он, ки аз соли 2013 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавҷуд аст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дахолат кардан дар корҳои оилавӣ намехоҳанд ва ҷомеаи қурбониёни зӯроварии хонаводагиро маҳкум мекунанд.


– Одамони атроф бар он ақидаанд, ки худи зан гунаҳкор аст, агар ӯ ба хешовандони шавҳараш ва худаш писанд набошад. Ба ақидаи онҳо,  зан вазифадор аст, ки ба тамоми оила дар тӯли як шабонарӯз хизмат кунад, бечунучаро итоат кунад.  Ҳамавақт онҳо китоби Қуръонро пеш меоранд. Аммо дин мегӯяд – писар бояд волидайнашро нигоҳубин кунад, на келин, – гуфт Гулнора.


Сабаби дигаре, ки чаро занон дар Тоҷикистон ба вазъияти ноумед дучор мешаванд, ин манъи доимии таҳсил ва дахолат аз ҷониби хешовандон аст. Масалан, Гулчеҳра, пеш аз машғул шудан бо тиҷорати шаҳвонӣ, аввал кӯшиш кард тиҷорати хурд кунад. Аммо хушдоманаш ба ин иҷозат надод.

– Аммо Умеда аз Дарвоз тавонистааст, ки пеш аз издивоҷ таҳсил кунад. Вай ҳоло 32-сола аст, рӯзона дар донишкада кор мекунад, шабона либос медӯзад, аммо хушҳол аст, ки аз шавҳараш вобаста нест. Шавҳари ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Ҳеҷ гоҳ пул нафиристодааст ва агар каме ҳам фиристад, талаб кардааст, ки барои ҳар дирам ҳисобот диҳад. Дар Тоҷикистон, ин хеле маъмул аст, – шарҳ медиҳад Гулнора.

Гурӯҳи кории  “Вечерка” дар тӯли се моҳ ҳикояҳои занонро дар як лоиҳа ҷамъ овард. Ҳоло ин лоиҳа пайваста дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикон ҷараён мегирад: одамон ҳикояҳои Шоира, Гулчеҳра, Дилбар ва Умедаро нақл мекунанд ва дар симои онҳо баъзе аз дӯстон ва хешовандони худро мешиносанд. Дар ҳақиқат, тибқи маълумотҳои оморӣ дар Тоҷикистон, ҳар як зани сеюм ба зӯроварии хонаводагӣ дучор мешаванд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *