“Три медведя”: Подкастҳо ҳангоми пандемияи COVID-19

Моҳи феврали соли ҷорӣ гурӯҳи кории Your.tj яке аз ғолибони озмуни грантии #Internews оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ гардид ва ба сабти подкастҳо шурӯъ кард. Дар нақша гирифтанд, ки ҳангоми сабти подкастҳо  ҳар ҳафта дар бораи мавзӯҳои мухталифи Тоҷикистон суҳбат хоҳанд кард. Вале дар охирҳои моҳи март тасмим гирифтанд, ки мавзӯи подкастҳои фасли якум танҳо як чиз хоҳад буд: COVID-19.


Гурӯҳи кории Your.Tj аввалин подкасти худро рӯзи 4 апрел нашр кард. Ин подкаст дар бораи  як зани тоҷикистонӣ буд, ки дар кишвари Австрия гирифтори бемории COVID-19 гардид.  Дар худи кишвари мо бошад, дар аввали моҳи апрел мардум дар пайи захиракунии хӯрока ва қоғази ташноб буданд. Онҳо бисёр асабонӣ буданд, аммо то воҳима вақт буд.  Шунавандагон  ҳатто бовар намекарданд, ки ин шахси воқеӣ ва худи беморӣ ҳам воқеист.

Искандар
Мирзоғаниев ва Зебо Тоҷибоева

– Ин як дӯсти хуби ман буд, ки барои нақл кардани ҳикояаш розӣ шуд. Аммо бидуни номаш. Вай намехост, ки хешовандони ӯ дар ин ҷо хавотир шаванд. Мо ҳатто каме садояшро иваз кардем ” – мегӯяд, Зебо Тоҷибоева – менеҷери лоиҳаи Your.Tj.

Ҳикоя фавран оғоз ёфт. Сарфи назар аз он, ки подкастҳо барои Тоҷикистон шакли хеле нав ва на он қадар маъмул ҳастанд, бори аввал дар Facebook  40 ҳазор маротиба шунида шуд. Аз сабт маълум шуд, ки барои қаҳрамон қисса кардани ҳикояи худ душвор буд.  Ӯ дар сабти подкаст бисёр тарс дошт, ҳарчанд кор бо подкаст пас аз сар задани  ремиссия дар қаҳрамон, оғоз ёфт. Хушбахтона, ҳоло қаҳрамон комилан солим аст.

– Сараввал, мо мехостем дар мавзӯҳои мухталифи  рӯз сухан гӯем, аммо қабл аз оғози кор, мо стратегияро пурра аз нав дида бармадем. Мавзӯи рӯзи он вақт як буд – #COVID19. Аудитория ва худи мо ба ҷуз аз вируси нав ба чизи дигаре таваҷҷӯҳ надоштем.  Қарор додем, ки дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард. Фақат бе воҳимаи барзиёд,  ба ёд меорад Зебо.

Барои муаллифони подкастҳо низ бе тахлуқа ҳарф задан осон набуд. Муаллифон, худи Зебо инчунин Фарҳод Холматов, Искандар Мирзоғаниев ва Беҳрӯз Насриддинов – ҳамон “Три медведя” мебошанд. Соли гузашта онҳо созмондиҳандагони намоиши “Got Talent” буданд ва он замон номи триои онҳо – “Три медведя” пайдо шуд. Вақте ки идеяи сохтани подкастҳо ба миён омад, онҳо муддати дароз дар бораи унвони барнома фикр накарданд.  Ҳангоми сабти аввалин подкастҳо, хирсҳо Зеборо ором мекарданд.


– Вақте ки мо подкасти дуввумро бо Фирӯза – равоншинос сабт мекардем, Бехаву ман бо доруи оромкунанда будем. Дар ҳоле ки Фара ва Искандар моро дастгирӣ мекарданд. Он гоҳ ҳама аз бемории пневмония азият мекашиданд ва ба тахлуқа гирифтори шудани мардум дар назар мерасид. Дар ёд дорам, ки чӣ гуна маро ларза гирифта буд ва дар ҷойи кор ором нишаста наметавонистам.  Ин ҳолат 22-уми апрел сурат гирифт. Қарор додам, ки дар хона мемонем. Аммо дигар чорае намонд ва боз ҳам ба кор шурӯъ кардем. Ин навбат бо корманди “Мегафон-Тоҷикистон” – Ҷамшед Бобоалиев подкаст сабт кардем. Пас аз сабти барнома, модарам ба ман занг зад ва гуфт, ки таби баланд дорад.  Баъди ин мо ба кори фосилавӣ гузаштем, – мегӯяд Зебо.

Искандар, Беҳрӯз ва Зебо ҳангоми сабти барнома бо равоншинос Фирӯза Мирзоева

Гурӯҳи корӣ танҳо 15-уми июн тавонистанд, ки подкасти навбатиро сабт кунанд.  Дар муддати якуним моҳ Зебо ва Фарҳод беморӣ бо аломатҳои хос – аз даст додани бӯю мазза, таб, сулфаро аз сар гузарониданд. Онҳо худро дар хона табобат карданд ва бо духтурон тамос мегирифтанд. Дар охири моҳи апрел бошад, Тоҷикистон расман пайдо шудани COVID-19-ро эътироф кард ва бемористонҳо пур аз ин беморон гаштанд.

Чӣ гуна подкаст сабт мекунанд?

Пас аз танаффуси тӯлонӣ, кор кардан мушкил буд. COVID-19 ҳанӯз ҳам ҳаст, аммо малакаҳои сабти подкастҳо, ки бояд дар аввали лоиҳа татбиқ мешуданд, гум шуданд.

– Вақте ки мо аввалин подкастҳоро сабт кардем, гӯш кардани онҳо бисёр душвор буд. Чунин ба назар мерасид, ки мо гӯё маъмулӣ сӯҳбат мекунем. Вақти танзим бошад чунин гуфтаҳо ба гӯш мерасид, ки “чаро хомӯш наистодӣ?, худат чаро хомӯш накардӣ!” Ҳамзамон суханронии қаҳрамон ба анҷом нарасида, сухани ӯро қайчӣ мезадем. Дар умум, гӯш кардани аввалин подкастҳо ғайриимкон буд, – мегӯяд Зебо.

Фаҳмиш дар бораи он ки чор ровӣ ва як қаҳрамон аз ҳад зиёданд, дар як вақт омадаанд. Ҳоло ду кас бо меҳмон бо навбат сӯҳбат мекунанд. Фарход тамоми таҷҳизотро пеш аз сабт танзим мекунад, Беҳрӯз садоро мутобиқ мекунад, Искандар ва Зебо танзим мекунанд. Тамоми сохтори сӯҳбат пешакӣ тарҳрезӣ мешавад.

Мо нақшаи тамоми рафти сӯҳбатро танзим мекунем: сохтори ҷараёни барнома, тезис ва саволҳоро тартиб медиҳем. Сохтор барои танзим лозим аст. Одатан, чунин мешавад: мо маълумот ҷамъ мекунем, нақша омода мекунем ва Зебо онро таҳрир мекунад. Матн ҳамавақт дар пеши назари мо меистад, – шарҳ медиҳад Искандар.


Сарфи назар аз он, ки мавзӯи асосии подкастҳо COVID-19 мебошад, муаллифон онро аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ мекунанд: онҳо дар бораи он ки чӣ тавр бахши бонкӣ ҳангоми пандемия кор мекунад, бо агентиҳо чӣ рӯй медиҳад, ҳолати  шоу-бизнес қисса мекунанд. Илова ба версияи аудио, инчунин навор дар саҳифаи Facebook ва дар канали YouTube ҷой медиҳанд.

Искандар ва Зебо ҳангоми сабти барнома бо Ҷаҳонгир Забиров “Алиф-Бонк”

– Версияи аудиоӣ на онқадар гӯш карда мешавад. Барои мисол, 8 – эпизодро 300 кас гӯш кардаанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтар тамошо карда мешаванд ҳар як эпизод дар Facebook-и мо ҳадди аққал 10 ҳазор тамошоро ба даст меорад. Аудитория барои нусхаи аудиоӣ комилан омода нест. Мо бояд платформаро тавсеа диҳем. Ҳоло мо дар бораи пеш бурдани подкастҳо дар истгоҳи радиоро фикр дорем. Кӯшиш хоҳем кард, ки шунавандагон одат кунанд, мегӯяд Зебо.

Барои зиёд кардани шумораи тамошобинон, ба даста тавсия дода шуд, ки қаҳрамонони хеле маъруфро даъват кунанд, ки муаллифон фавран рад карданд. #СеХирс нақша дорад, ки як аудиторияи хурд, вале босифат ҷамъ оварад. Ва онҳо манфиати муҳтавои худро барои таблиғкунанда мефаҳмонанд.


– Нахуст, меҳмонони мо гурӯҳи маълумотдиҳандагонанд. Онҳо одамоне мебошанд, ки дар рекламаҳо ширкат намекунанд. Дуюм, мо ҳеҷ гоҳ аз ин силсилаи  реклама нахоҳем дошт – ин беҳтарин собун дар ҷаҳон аст, беҳтараш ба шумо мегӯем, ки чӣ гуна ин собун сохта шудааст. Ва ин фалсафаи Your.tj аст – мо  
журналистикаи фаҳмондадиҳӣ ҳастем, мегӯяд, Искандар.

Дар байни таблиғгарони ояндаи худ, муаллифони лоиҳа ширкатҳои бузургро мебинанд, ки ба рекламаи тасвирӣ ва маҳсулоти нав ниёз доранд.

– Реклама дар подкастҳо асабонӣ намекунад. Худи подкаст як шунидани таъхир аст ва таблиғоти он дар мисли матбуоти чопӣ кор мекунад: шумо метавонед подкастро дар вақти дилхоҳ шунавед ва рекламаи дар он бударо низ.. Баннер ду ҳафта меистад ва баъдан онро мегиранд, аммо реклама дар подкастҳо боқӣ мемонад, – мегӯяд Фарҳод.

То охири мавсими аввал танҳо ду навбат мондааст, аммо идома хоҳанд дод. Оғози сабти мавсими дуввум, ки дар он Зебо ва “хирсҳо” дар бораи он ки чӣ гуна тиҷорат дар Тоҷикистон бунёд мешавад, омодагӣ мебинанд. Онҳо лоиҳаи Your.tj-ро аз сифр дар охири соли гузашта оғоз карданд ва дар ҳоле ки хотира тоза аст, онҳо мехоҳанд мубодилаи таҷрибаашонро бо аудитория бисозанд. Ва ба коршиносон саволҳои барояшон маъқулро диҳанд. Зебо мегӯяд, ки сабти қисмати аввали мавсими дуюм барои 24 июл муқаррар шудааст.

– Меҳмонони мо мутахассисони HR хоҳанд буд ва мо бо ӯ дар бораи чӣ гуна ва дар куҷо ҷустуҷӯ кардани коргарони Тоҷикистон сӯҳбат хоҳем кард. Дар подкастҳо мо ҳеҷ касро ба сохтани тиҷорат таълим намедиҳем, мо мехоҳем дар ин мавзӯъ бо шунавандагони худ сӯҳбат кунем, зеро худи мо ҳоло барои худ бисёр чизҳоро кашф карда истодаем. Ҳамзамон маслиҳатҳои муфид меёбем. Чаро таҷрибаи худро мубодила накунем ва ба мутахассисон гӯш надиҳем?

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply