Панҷ лоиҳаи расонаии соҳаи маориф аз Интернюс грант мегиранд

Доварони мустақил панҷ лоиҳаи ВАО-ро интихоб карданд, ки барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз Интернюс дар Тоҷикистон грант мегиранд. Ҳама лоиҳаҳо дар ҷараёни Контент-лаборатория, ки бахшида ба масъалаҳои таълимӣ бо дастгирии Интернюс дар охири моҳи июн аз ҷониби ШМ “Вечерка” гузаронида шудааст, таҳия шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дувоздаҳ дастаи рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Контент-лаборатория иштирок карданд. Мувофиқи шартҳои озмун, иштирокчиёнро мебоист, ки идеяи лоиҳаи худро пешниҳод карда, онро дар Контент-лаборатория якчоя бо менторҳо ба анҷом расонанд.
Пас аз контент-лаборатория, ҷаласаи доварони мустақил баргузор гардид, ки аз миёни 8 лоиҳаи пешниҳодшуда, панҷтои беҳтаринро интихоб карданд:

Дастаи “Рангинкамон” (рӯзноманигорон Алия Хамидуллина, Тилав Расулзода), лоиҳаи расонаие, ки ба мушкилиҳои дастрасии шахсони дорои нуқсонҳои шунавоӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст;

Дастаи «МИР» (рӯзноманигор Фируза Мирҷумаева), лоиҳаи расонаие, ки оид ба шароити муассисаҳои шаҳрӣ ва деҳотии Тоҷикистон бахшида шудааст;

Дастаи «Даст ба Даст» (рӯзноманигорон Наргис Қосимова, Лола Қосимова), лоиҳаи расонаие, ки дар бораи тарзи муносибати наврасон ба таълим бахшида шудааст;

Дастаи радиоии «Қанд ФМ», лоиҳаи расонаӣ  оид ба дастрасӣ ба таҳсилоти иловагӣ барои духтарон дар вилояти Суғд;

Дастаи «ИРОДА» (рӯзноманигор Мехрангез Турсунзода), лоиҳаи расонаие, ки ба мушкилиҳои таълим дар муассисаҳои махсуси  пӯшида бахшида шудааст.


Ҳама лоиҳаҳо дар тӯли се то шаш моҳ амалӣ карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *