Вебинар: чӣ гуна аудиторияи ҳангоми пандемия ҷамъшударо нигоҳ дошт?

Зебо Тоҷибоева, роҳбари лоиҳаи Your.tj, дар бораи тарзи нигоҳ доштани аудиторияе,ки ҳангоми пандемияи COVID-19 ҷамъ омадааст, дар вебинари махсуси Internews қисса хоҳад кард. Вебинар рӯзи панҷшанбе, 23-юми июл бо забони русӣ доир хоҳад шуд.

Пандемияи COVID-19 барои аксари расонаҳо озмоиши касбӣ гардид: даромадҳо кам шуданд ва гирифтани маълумоти мувофиқ боз ҳам душвортар гардид. Ҳамзамон, аудитория тақрибан дар ҳама платформаҳои медиавӣ меафзуданд – ба мардум дар бораи COVID-19 иттилоот лозим буд. Аммо аллакай муҳаррирон ва журналистон дарк мекунанд, ки шунавандагони навро дар мавзӯъҳои марбут ба пандемия нигоҳ доштан ғайриимкон аст. Зебо Тоҷибоева дар бораи чӣ гуна нигоҳ доштани корбарони нав ва табдил онҳо ба шунавандагони доимӣ, рӯзи панҷшанбе, 23 июл, соати 16:00 бо вақти Душанбе, дар платформаи ZOOM қисса хоҳад кард.

– Дар асл, ҳама чиз оддӣ нест ва садҳо стратегияҳо таҳия карда шудаанд, то корбарони навро аз даст надиҳанд. Мо кӯшиш мекунем дар бораи оне, ки дар бозори ВАО дар Тоҷикистон мувофиқ аст, сӯҳбат кунем. Биёед бифаҳмем, ки чаро ҳоло озмоиш кардан муҳим аст,- мегӯяд Тоҷибоева.

Барои худро номнавис кардан ба ин линк ворид шавед. Баъдан ба почтаи электронии шумо линки пайваст шудан ба вебинар хоҳад омад. Ёдрас мекунем, ки пахши мустақими вебинар дар саҳифаи расмии Facebook –  Internews дар Тоҷикистон низ доир хоҳад шуд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *