Қаҳрамонҳои рӯзноманигорони редаксияи Your.tj занон бо сарнавиштҳои душвор аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мешаванд. Дар лоиҳаи «Одинокая» (Танҳомонда), муаллифон дар бораи заноне нақл мекунанд, ки мустақилона мушкилоти бузургеро, ки ба сари онҳо омадаанд, бартараф мекунанд.
Қаҳрамони яке аз сюжетҳои нашрияи Your.tj – зане бо номи Райҳон мебошад, ки дар байни мухотабони нашрия таваҷҷуҳи зиёдро ҷалб кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин навор чандсад ҳазор маротиба дида шуда, муаллифон аз корбарони интернет пешниҳоди зиёди кумак ба Райҳон гирифтанд. Ин зан танҳо ду фарзандро тарбия мекунад, ҳар кореро ба дӯш мегирад – хишт мекашонад, замин меканад, тирезаҳоро мешӯяд; аз ягон кор даст намекашад, фақат коре мекунад, ки ба хоначаи иҷора гирифтааш барои писаронаш хӯрок оварад. Райҳон дар рӯбарӯйи дурбин кӯшиш мекунад худро хуб нигоҳ дорад ва дар бораи душвориҳои худ бо табассум нақл мекунад.
Мутаассифона, ин як саргузашти хос барои Тоҷикистон аст: тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 69 дарсади занони синни қобили меҳнат дар ҷумҳурӣ кор намекунанд ва агар кор кунанд, нисбат ба мардон хеле камтар музд мегиранд. Агар зан ҷудо шавад, пайдо кардани воситаҳои ризқу рӯзӣ барояш хеле мушкил аст.
– Барои занон дар Тоҷикистон дучанд мушкил аст, ки агар аз шавҳар ҷудо шаванд, аксари вақтҳо дар кӯча мемонанд: онҳоро хонаводаҳо қабул намекунанд ва ба далели надоштани таҳсил наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд ва бо мушкилоти бузург рӯбарӯ мешаванд. Воқеан ҳам қиссаҳои хеле даҳшатнок ҳастанд ва аз бисёр ҷиҳатҳо занҳо аз сабаби зан буданашон азоб мекашанд”, мегӯяд Зебо Тоҷибоева, раҳбари расонаи Your.tj, муаллифи лоиҳаи «Одинокая» (Танҳомонда).
Зебо идеяи ин лоиҳаро ба озмуни грантии «Формати калон»- и Интернюс дар Тоҷикистон пешниҳод карда, дар қатори ғолибон қарор гирифт. Дар маҷмуъ, дастаи Your.tj нақша дорад, ки дар бораи занони танҳо, ки дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон барои худ ва фарзандонашон мубориза мекунанд, 16 рӯйдод-саргузашт нашр кунад.
“Рӯзноманигорони ҷавони мо рӯйи қиссаҳо дар бораи занон кор мекунанд”, – шарҳ медиҳад Зебо. – Инҳо 15 нафар муаллиф аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҳастанд, мутаассифона, ҳанўз дар дастаи мо бачаҳо аз ВМКБ нестанд, умед дорем, ки пайдо шаванд. Лоиҳаро барои онҳо навиштем, зеро онҳо аллакай барои инъикоси ин гуна мавзуъҳо таҷриба доранд, худашон акс мегиранд, худашон сюжетҳо менависанд ва нисбат ба қаҳрамонони худ бетафовут нестанд.
Мухотабон низ нисбат ба онҳо бетафовут нестанд, масалан, барои Райҳон дар рӯзҳои аввали нашри сюжет мухотабон ду ҳазор сомонӣ ҷамъ карда, ҳамчун кумак доданд. Чанд зан ҳам ба редакcия занг зада, барои бо кор таъмин намудани қаҳрамонзан пешниҳоди кор доданд.
– Қиссаҳо дар бораи занон дар вазъияти душвор ҳамеша боиси чунин вокуниш мегарданд. Ва бисёриҳо тамос мегиранд, зеро онҳо интизоранд, ки соддатарин масъалаҳои рӯзмарраи онҳо ҳал карда мешаванд. Тибқи қоида, онҳо корҳои тасодуфиро анҷом медиҳанд ва агар кори доимӣ бошад, маош хеле кам аст ва бо ёрии журналистҳо умед доранд, ки дар ҳаёташон чизе тағйир меёбад. Ва воқеан аксари вақтҳо тағйирот рӯй медиҳанд. Масалан, чанде пеш, берун аз доираи лоиҳа, мо дар бораи як духтари маъюб аз минтақа навиштем, ки дар пойтахт бесарпаноҳ монда буд, навиштем ва як оила дарҳол ба мо мактуб навишта, кумаки худро пешниҳод кард: барои қаҳрамон хона иҷора гирифт ва хароҷоти табобаташро дод, — мегӯяд Зебо.
Ба гуфтаи вай, афсӯс, ки ҳикояҳо дар бораи занони бадбахт нисбат ба занони муваффақ бештар маъмуланд. Масалан, дар ҳикояи аввалини лоиҳаи «Одинокая» «Танҳомонда» редаксия дар бораи ҳунарманд Сайрамхон, ки коргоҳи чархтаъмиркунии шабонарӯзиро идора мекунад ва худаш ҳам чархро иваз карда метавонад, нақл мекунад. Қаҳрамони ин сюжет ҳам бо фарзандонаш бе шавҳар монд, вале ба шарофати падар ҳунар омӯхт, баъдтар дар устохона ҷойи ӯро ишғол намуд ва на танҳо фарзандонаш, балки ҳафт бародарзодаи бе падару модар мондаро ба по хезонд.
-Аммо саргузашти Сайрамхон, ки ҳама кораш хуб аст, дар байни мухотабон таваҷҷуҳи зиёд пайдо накард. Саргузашти ӯро 16 000 маротиба тамошо кардаанд, саргузашти Райҳонро – 300 000 – идома дод Зебо. — Мо ин тамоюлро кайҳо мушоҳида карда будем: мухотабон достони комёбиро дарк намекунанд, дар шарҳҳо шубҳа баён мекунанд, сангҳои зери обро ҷустуҷӯ мекунанд, вале мардуми мо ба воқеаҳои ғамангез бовар карда, кӯшиш мекунанд, ки ёрӣ расонанд. Шояд ин ба он вобаста бошад, ки мухотабон ҳаёти худро бо рӯзгори пурмашаққати қаҳрамонҳо муқоиса карда, каме таскин меёбанд, ки ҳолати онҳо чандон бад нест.
Зимнан, вокунишҳои асосӣ ва баъдан кумак ба қаҳрамонзани Your.tj маҳз аз ҷониби мухотабон аз шабакаҳои иҷтимоии нашрия гирифта мешавад. Зебо мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухотабонашон асосан занҳо ҳастанд, ки ба мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуда, ҳамдардии баланд доранд ва муҳимтар аз ҳама ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳолати танҳо мондани зан бо кӯдакон дар Тоҷикистон чӣ гуна аст.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.