Омӯзиш дар паёмрасонҳо: чигуна рӯзноманигорони навкор дар Тоҷикистон меомӯзанд

Ҳангоми пандемияи COVID-19 дар Интернет омӯзишҳои мухталиф пайдо шуданд, ки ҳар як шахс метавонист комилан ройгон ширкат кунад. Ин барои бисёре аз тоҷикон дастнорас буд. Интернет дар Тоҷикистон гарон ва суръаташ паст аст. Аз ин рӯ, тими Your.Tj омӯзиши рӯзноманигорони навкорро дар паёмрасонҳо оғоз кард. Ин барои ширкаткунандагони ҷавон дастрас ва сарфакорона буд.

Баҳори соли гузашта тими Your.Tj барои ташкили омӯзиши рӯзноманигорони навкор ғолиби озмуни грантии Internews дар Тоҷикистон гардид. Вақте ғолибони озмун эълон карда шуданд, СУТ аллакай эълом дошт, ки ҷаҳон бо пандемияи COVID-19 рӯ ба рӯ шудааст. Дар аввал касе намедонист, ки он чӣ қадар тӯл мекашад ва бо назардошти сифати пасти интернет дар Тоҷикистон, роҳбари Your.Tj Зебо Тоҷибоева ба тариқи онлайн интиқол додани омӯзишро рад кард. Баъдан тими корӣ тасмим гирифтанд, ки санаи баргузории дарсҳоро ба таъхир гузоранд. Вале ба зудӣ маълум шуд, ки пандемия тӯл мекашад ва омӯзишро бояд фосилавӣ анҷом дод. Он вақт аллакай дар кишвар одамон бо мушкилиҳои ZOOM рӯ ба рӯ шуда буданд: навор гум ва ё трафик зиёд сарфа мешуд. Ин мушкилот махсусан барои донишҷӯёне, ки танҳо барои ширкат дар омӯзишҳои ин платформа маблағи кофӣ надоштанд, шинос буд.

– Мо аз истифодаи ZOOM фавран даст кашидем.  Зеро он трафики зиёд “мехӯрад” ва суръати баландро талаб мекунад. Вазифаи мо ҷалби ширкаткунандагон аз минтақаҳое буд, ки суръати интернеташон аз шаҳри Душанбе бадтар аст. Ғайр аз ин мо фаҳмидем, ки ширкаткунандагони берун аз пойтахт буда, ҳатто компютер надоранд, онҳо бо телефон иштирок хоҳанд кард. Аз ин рӯ, аз аввал мо тасмим гирифтем, ки омӯзишро дар расонаҳои иҷтимоӣ мегузаронем, – мегӯяд Зебо Тоҷибоева.

your.tj

Ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ таваққуф кунанд, зеро дар Тоҷикистон тарофаҳое, ки дар он истифодаи  YouTube, Facebook, VK номаҳдуданд, хеле маъмуланд. Ғайр аз ин, ба ширкаткунандагон иштирок тавассути телефон дастрас мебошад. Тими корӣ чунин сохторро пешниҳод кард: сабти навор, сипас он наворро дар YouTube нашр кардан, линкро ба ширкаткунандагон фиристодан, дарсҳоро дар чат муҳокима кардан.

-Мо эълони омӯзишро нашр кардем, ки зиёда аз сад кас дархост фиристоданд. Пас маълум шуд, ки бисёре аз иштирокчиён ба YouTube низ дастнорасанд – танҳо Telegram истифода мекунанд. Мо сохторро каме тағйир додем: дарсҳоро сабт карда ба чати Telegram мегузорем ва дар ҳамон ҷо муҳокима мекунем. Албатта, мо Google-Classroom низ кушодем, аммо танҳо баъзе аз ширкаткунандагон истифода мебаранд. Инчунин вазифаи хонагиро дар чати Telegram, дар шакли варақаҳои махсус медиҳем, – мегӯяд Зебо.

Дар натиҷа, наворҳои омӯзиширо беш аз сад кас медиданд, 30 кас дар муҳокимаҳо ширкат меварзиданд ва 16 кас супоришҳои хонагиро ҳамавақт иҷро мекарданд. Яке аз ширкаткунандагони фаъол – Исмоилҷон Маликов, магистранти факултети журналистика, ҳатто ду мавод таҳия карда, аллакай дар сомонаи Your.Tj нашр кард. Дар аввал, рӯзноманигори ҷавон дар бораи сафари ҳунарии театри тоҷик ба Амрико ва дуввум – дар бораи занони талбанда нақл кард. Худи Исмоилҷон ҳарду мавзуъро пешниҳод кард.

– Ба ман бештар аз ҳама дарсҳои журналистикаи мултимедиявӣ писанд омаданд. Ман қаблан дар ин бора чизе намедонистам. Умуман, ин омӯзиш хеле мувофиқ ташкил карда шудааст. Баъзан вақт якчанд маротиба дарсҳои видеоиро аз назар мегузаронам. Агар чизе бароям нофаҳмо бошад, онро дар чат бо мураббиён муҳокима мекунам, – мегӯяд Исмоилҷон.

Ҳама ширкаткунандагон мунтазири фикру мулоҳизаҳои худ ҳастанд

Ба гуфтаи Зебо, мутаассифона, аксари ширкаткунандагоне, ки дар факултети журналистика таҳсил мекунанд ё ба наздикӣ хатм кардаанд, равандҳои расонаиро умуман намефаҳманд.

– Онҳо мегӯянд, ки дар донишгоҳҳо касе ба онҳо кори амалӣ намегузаронад. Масалан, ман донишгоҳи худро дар ёд дорам: ба мо 20 калима медоданд, то мо аз он ҳикояе тартиб диҳем. Ё ҳар гуна афсонаро ба тариқи сиёсӣ аз нав бисозем. Ҳоло ин гуна нест. Аксари муаллимон ба назария такя карда, танҳо лексия мехонанд, мегӯяд Зебо.

Дар омӯзишҳои Your.Tj назариётшиносон нестанд, ҳама устодону рӯзноманигорони маъруфи Тоҷикистон мебошанд, ки фаъолияти касбӣ доранд: – Маҳпора Киромова, Манижа Қурбонова, Абдулло Ғурбатӣ, Бахманёр Нодиров, Парвиз Турсунзода ва дигарон. Онҳо таҷрибаҳои худро ба иштирокчиён нақл карда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки натанҳо дарс балки иҷрои вазифаи хонагӣ низ ҷолиб бошад. Масалан, Манижа Қурбонова дар бораи омода кардани гузориш дарс медиҳад. Дар яке аз дарсҳо Манижа ба ширкаткунандагон супориш дод, ки аз супермаркетҳои минтақаашон гузориш диҳанд.

– Ширкаткунандагони фаъол омодаи супоришро пас аз тамошои дарс оғоз мекунанд. Мо дарсро дар Telegram бор мекунем ва аслан тӯли як ё ду соат ширкаткунандагон ба мо фиристодани вазифаи хонагиро шуруъ мекунанд. Аммо инҳо касоне ҳастанд, ки дар шаҳрҳо ё марказҳои вилоят зиндагӣ мекунанд. Онҳое, ки дар деҳот ҳастанд – вазифаи хонагии худро дертар иҷро мекунанд. Онҳо аксар вақт қувваи барқ надоранд ва мунтазир мешаванд, ки қувваи барқ фурӯзон гардад ва телефонҳои мобилии худро қувва диҳанд. Аммо онҳо хеле кӯшиш мекунанд. Вақте мо хоҳиш кардем, ки аз супермаркетҳо гузориш омода кунанд, бачае аз вилояти Хатлон охирин шуда вазифаи хонагиро равон кард.  Қисса дар бораи як дӯкони хурдакаке аз деҳааш буд, мегӯяд Манижа.

Манижа Қурбонова

Дар маҷмуъ, ин омӯзиш чор моҳ идома хоҳад ёфт: ду моҳ дарсҳои мустақим (ҳафтае ду маротиба) ва вазифаи хонагӣ, ду моҳ – кор бо мураббиён. Пас аз гузаштани омӯзиш, дастаи Your.Tj тамоми дарсҳои видеоиро дар сафҳаи YouTube-и худ нашр мекунад, зеро дар шабакаи интернет дарсҳои журналистика ба забони тоҷикӣ умуман нестанд.

“Бачаҳо дар сӯҳбат бо мо фаъолона ширкат мекунанд, ба якдигар кӯмак мерасонанд, якҷоя мавзуъҳо пешкаш мекунанд” – мегӯяд Зебо.

– Дар аввал мо хавотир будем, ки оё бо назардошти нақшаи худ мо метавонем бо ширкаткунандагон ҳамкории доимӣ дошта бошем, аммо ҳеҷ мушкиле пеш наомад: мо мураббии навбатдор дорем ва бо ширкаткунандагон ҳатто дар рӯзҳои истироҳат ва пас аз кор бо иштирокчиён муошират мекунад!

Хотиррасон мекунем: омӯзиши рӯзноманигорони навкор, ки аз ҷониби Your.Tj гузаронида мешавад, яке аз лоиҳаҳои таълимие дар Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии Интернюс амалӣ мегардад. Чорабиниҳои дарпешистодаи таълимӣ, моҳи марти соли 2021 баргузор мешаванд:

Интернюс барои баргузории мактаби журналистикаи додаҳо дар Тоҷикистон шарик меҷӯяд;

Интернюс барои баргузории «Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» шарик меҷӯяд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *