Озмун: ташкил намудани тренингҳо барои рузноманигорони навкор

Internews Tajikistan  дар доираи барномаи-MediaCAMP  барои пайдо кардани шарикон дар ташкил намудани тренингҳо барои рузноманигорони навкор озмун эълон менамояд.

Рузи охирини қабули дархостҳо— 5 апрели соли 2020 аст.

Мо талоши онро дорем, ки рузноманигорони ҷавон аз тамоми имконоти фановариҳо ва қолабҳои навоварона барои эҷоди муҳтавои баркашидашуда ва  бо далелҳо асосёфта истифода баранд ва онро  тавассути  тамоми платформаҳои дастрас ва машҳур миёни оммаи васеъ паҳн намоянд.

Ҳадафи тренинг ба рузноманигорони навкори Тоҷикистон расонидани  маълумоти муҳим ва мутобиқшуда оид ба қоидаҳои кор дар  расонаҳои муосир ва имконотест, ки онҳо метавонад бо кор кардан  дар ин самт ба даст оваранд.

Барои ҳамшарикӣ тамоми созмонҳои расонаӣ,сарфи назар аз шакли моликияташон ва ҳамчунин тренерони инфироде даъват карда мешаванд, ки таҷрибаи кор дар таҳсилоти расонаҳо доранд. Омузишҳо  бояд ҳам ба зобони тоҷикӣ ва ҳам русӣ,дар  шакли офлайн,дар давоми се рузи корӣ,  бо ҷалби на  камтар аз 30 рузноманигори ҷавон аз минтақаҳои  гуноногуни Тоҷикистон ва бо гузаронидани  мониторинги онлайнии минбаъда дар  муддати ду моҳ.баргузор гарданд. Омузишҳо бояд то охири моҳи майи соли 2020 (вобастаа ба ваъзи пандемияи COVID-19) ба анҷом расанд.

Ташкилкунандагон ҳангоми интихоби  иштирокдорон бояд  мувозинати гендериро риоя кунанд. Дар омузишҳо рузноманигорони ҷавон ва донишҷуён  ширкат варизидан метавонанд.

Дархосдиҳандагон бояд пешниҳод кунанд:

  • Барномаи пешакии тренинг;
  • Руйхати тренерон бо  тавсифи салоҳият ва таҷрибаашон ;
  • Роҳҳои даъват ва интихоби иштирокдорон;
  • Шаклҳои дастгирӣ пас анҷоми тренинг;
  • Буҷети  тақрибии тренинг/тренигҳо.

Кадом  мавзуъҳо метавонанд шомили тренинг барои рузноманигорони навкор бошанд?

  • Сарчашмаҳои иттилоотӣ. Хабарро дар куҷо бояд ҷуст(роҳҳои ҷамъоварии иттилоот, интихоби навигариҳо, арзёбии сатҳи аҳамияти хабар, ҷустори сарчашмаҳои муътамад, тафтиши асолати  иттилоот ва тарзи шинохтани хабарҳои дуруғин-фейкҳо) ;
  • Баҳонаи хабарӣ (баҳонаи бад  ва хуб, кай мо аз пушти матлаб мешавем, чаро мо дар бораи нишастҳо наменависем, чи тавр бояд сужетро муҳим ҷилва дод ва баҳонаи хабариро дубора нав кард ;
  • Жанрҳои хабарӣ дар журналистика (фарқи ёддошт(хабари кутоҳ) аз гузориш ; 100 ё 500 калима? Кадом жанр имруз бештар маъмул аст);
  • Маводи беҳтарин аз чи иборатанд? (унсурҳои маводи иттилоотӣ,афзорҳои журналисти чандрасонаӣ, истеҳсол,бастабандии иттилоот, чи тавр ном гузошт ва дар оғоз чи бояд навиштан );
  • Сатҳи намояндагии иттилоот( чаро инъикоси нуқтаҳои назари гуногун муҳим аст, сарчашмаҳои алтернативии иттилоотро дар куҷо бояд ҷуст ва ҳини якҷониба пешниҳод намудани матлаб чӣ рух медиҳад) .
  • Ҷанбаҳои ахлоқии кори рузноманигор.

Интихоби ғолибони озмун дар ду марҳила мегузарад:

— баррасии дархостҳо ва арзёбии зарфияти дархостдиҳанда, дарки он аз ниёзҳои бозори расонаҳо ва навоварона будани пешниҳод. Руйхати ниҳоии иштирокдорон муайян карда мешавад .

— Суҳбат бо дархостдиҳандагоне, ки ба руйхати ниҳои шомил шудаанд, барои гузаронидани арзёбии муштараки буҷаи лоиҳаҳо ва муҳокимаи барномаи тренингҳо.

   Internews тасмими ниҳоиашро то 15 апрели соли 2020 хоҳад гирифт.

Барои пешниҳоди дархост, лутфан, шакли онлайниро пур кунед.

Дар зарурат мо маълумоти иловагӣ талаб менмоем.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *