Озмуни грантӣ: дастгирии ассотсиатсияҳои расонаӣ дар Тоҷикистон

Интернюс барои дастгирии ассотсиатсияҳои расонаӣ дар Тоҷикистон шарик меҷӯяд.

Мо омодаем, ки дар таҳкими иқтидори ассотсиатсияҳои расонаӣ оид ба таҳияи механизмҳои худтанзимкунии ҷомеаи рӯзноманигорӣ, инчунин дар масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи касбӣ аз фаъолияти ассотсиатсияҳои расонаӣ кӯмак расонем.

Шумо бояд дар доираи барнома як ва ё якчанд самтҳои зеринро пешниҳод кунед:

  1. Дастгирии институтсионалӣ ба ташкилоти шумо, аз ҷумла ҷалби аъзоёни нав, тавсеаву таҳкими робитаҳо ва ҳамкорӣ бо шарикону мақомоти давлатӣ барои ҳимояи манфиатҳои аъзоёни ассотсиатсияи шумо;
  2. Эҷоди шабакаҳои шарикон бо дигар бозигарон (иттифоқҳои истеъмолкунандагон, ассотсиатсияҳои интернетӣ, палатаҳои савдо, стартапҳо), ки дар лоиҳаҳои худтанзимкунӣ, дар шакли маъракаҳои муштараки таблиғотӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ҷалб шудаанд.
  3. Худтанзимкунӣ ва ахлоқи рӯзноманигориро, хусусан ҳангоми пандемияи COVID-19 тавассути ахбори иловагӣ, нашрияҳо, навор миёни рӯзноманигорон – таҳия, татбиқ, тақвият диҳед.
  4. Ташкили машваратҳо барои рӯзноманигорон оид ба пандемияи COVID-19, бо назардошти маҳдудиятҳои ҳукумат дар соли 2020.

Ҳангоми пур кардани дархост, лутфан назари худро оид ба рушди иқтидори ассотсиатсия, стратегияи дастгирии ҷомеаи расонаӣ ва таҷрибаи қабули худтанзимкунӣ шарҳ диҳед. Лоиҳа бояд то охири моҳи сентябри соли 2021 амалӣ карда шавад.

Ҳакамон дархостҳоро дар асоси меъёрҳо, аз қабили таҷрибаи дархостдиҳанда дар соҳаи расонаӣ ва таҷрибаи ташаккули нерӯи иштирокчиёни он, стратегияи фаъоли рушд дар бозори муосири ВАО, стратегияи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои ҳимояи манфиатҳои он, ширкаткунандагон, нишондиҳандаҳои хуби натиҷаҳои эъломшуда ва буҷаи воқеӣ арзёбӣ мекунанд. Ғолибон тавассути суроғаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Шумо бояд дархостро то 28-уми феврали соли 2021, соати 23:59 ба вақти Душанбе пур кунед.

Барои ҳамаи саволҳо, лутфан ба суроғаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *