Саводи расонаӣ тариқи онлайн: MediaCAMP Эдютон 2021 оғоз ёфт

2-юми феврали соли ҷорӣ – MediaCAMP Эдютон 2021 семинари инноватсионӣ, ки таҳти шиори “Саводи расонаӣ тариқи онлайн: атраксиони эҷодкорӣ!” аст, оғоз ёфт. Тӯли панҷ рӯз ширкаткунандагони чорабинӣ, ки аз омӯзгорон, мураббиёни саводнокии расонаӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборатанд, малакаҳои омӯзиши онлайниро меомӯзанд. 51 кас аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд дар якҷоягӣ бо мураббиён лоиҳаҳои саводнокии расонаии худро таҳия кунанд. Беҳтарин лоиҳаҳо дастгирии молиявӣ мегиранд.

Суханронии барандагон, омӯзиши амалии мураббиён бо усулҳои интерактивӣ, бозиҳо ва визуализатсия дар омӯзиши фосилавии саводи расонаӣ равона карда мешаванд. Инчунин, хоҳишмандон метавонанд дар саҳифаи фейсбукии Internews дар Қазоқистон мустақиман ҷаласаҳои кушоди мураббиёни даъватшударо тамошо кунанд. Рӯйхату ҷадвали ҷаласаҳоро аз ин ҷо бубинед.

Кристофер Эдвардс, Директори миссияи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ

– “Маълумоти бардурӯғ, овоза, тахмин, гузоришҳои бардурӯғ нисбат ба худи вирус зудтар паҳн мешаванд. Аз ин рӯ, талошҳои муштараки мо дар самти баланд бардоштани саводнокии расонаӣ хеле зарур аст. Муҳим он аст, ки одамон тавонанд бештар аз нуқтаи назари танқидӣ фикр кунанду манбаъҳои иттилоотро беҳтар дарк кунанд”, – гуфт Кристофер Эдвардс, Директори миссияи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ.

Марат Бигалиев, Роҳбари барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ

– “Замони пандемияи ҷаҳонӣ, зарурати баланд бардоштани сатҳи расонаҳо ва саводнокии рақамӣ дар байни аҳолӣ беш аз пеш муҳимтар шуд. Ҷаҳон бо инфодемия, бо миқдори бениҳоят зиёди маълумоти бардурӯғ дар бораи COVID-19 ва ваксина рӯ ба рӯ гардид. Ғайр аз ин, мушкилот бояд дар шакли онлайнӣ ҳал карда шавад. Ин кори хеле душвор аст. Аммо дарсҳои онлайнӣ метавонанд шавқовар ва ҷолиб бошанд. Мо инро дар давоми Эдютон 2021 нишон медиҳем. Мо имсол ба усулҳои интерактивӣ, бозиҳо ва визуализатсия диққати ҷиддӣ медиҳем” – гуфт Марат Бигалиев, Роҳбари барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ.

Кемелбек Ойшибоев, муовини вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон

Инчунин, муовини вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон Кемелбек Ойшибоев назари худро дар бораи аҳамияти рушди саводнокии расонаӣ иброз дошт:

– Сол аз сол аҳамияти саводнокии расонаӣ миёни аҳолӣ меафзояд. Мо нақша дорем, ки бо мақсади муайян кардани гурӯҳҳои иҷтимоие, ки ба таъсири иттилооти манфӣ ва носаҳеҳ дучор меоянд, таҳқиқоти иҷтимоӣ гузаронем.  Инчунин татбиқи лоиҳаи грантӣ оид ба асосҳои саводнокии расонаҳо ва малакаҳои истифодаи бехавфи Интернет дар назар аст.

Рӯзи аввал ҷаласаи Всеволод Пуля, менеҷери расонаӣ, муҳаррир, мураббии расонаӣ, ҳаммуассиси MediaToolbox, муҳаррири бахши “Расонаҳои нав” -и маҷаллаи “Журналист” доир гардид. Сабти ин ҷаласаро дар саҳифаи фейсбукии Internews дар Қазоқистон дидан мумкин аст.

Инчунин, ғолибони соли гузаштаи Эдютон аз натиҷаҳои лоиҳаҳои саводнокии расонаии худ нақл карданд. Семинар дар соли 2020 тариқи офлайн баргузор шуд. Вале омодасозиву татбиқи қариб ҳамаи лоиҳаҳо тариқи онлайн сурат гирифтанд ва танҳо истисно Тоҷикистон буд: Афсона Мамадаёзова аз минтақаи дурдасти кӯҳистон аст, ки суръати интернет дар он ҷо хеле паст аст.  Аз ин рӯ, чорабинии таълимӣ ба таври офлайн гузаронида шуд.

Лоиҳаи дигар аз Тоҷикистон тариқи онлайнӣ амалӣ карда шуд. Муаллифи лоиҳа веб-квест доир кард, ки барои омӯзонидани саводи расонаии кӯдакон таҳти унвони “Дети и сети” равона карда шуда буд. Дар омӯзиш онҳо эътибори рақамӣ, маънои табассумакҳо ва дигар мавзуъҳои муҳимро баррасӣ карданд, ки ба истеъмоли иттилоот таъсир мерасонанд. Волидон низ ба иҷрои вазифаҳо пайваст буданд. Онҳоро мебоист аз фарзандашон бипурсанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ киро пайгирӣ мекунад ва чаро ӯ ба ин муҳтаво таваҷҷуҳ дорад. Бисёре аз волидон барои ин супориш миннатдорӣ баён карданд: онҳо қаблан ҳеҷ гоҳ аз фарзандони худ дар ин бора напурсида буданд. Барои онҳо сӯҳбат дар ин мавзуъ бо фарзандонашон шавқовар буд.

Ғолиби Эдютон аз Қазоқистон, муаллими донишгоҳ Марал Айтмагамбетова лоиҳаи SuperOngar – ро амалӣ кард, ки ҳадафи он тариқи бозӣ омӯзиши тафаккури интиқодӣ буд. Натиҷаи лоиҳа омода кардани навор, омӯзишҳои онлайн, инчунин се соати синфи ҷумҳуриявӣ буд. Марал ба ширкаткунандагони имсола тавсия дод: “Шумо аз ҳама роҳнамоиро интизор набошед. Ҳангоми банақшагирии лоиҳа, аудиторияи мақсадноки худ ва расонаи мушаххаси иҷтимоиро интихоб кунед”.

Лоиҳаи ширкаткунандаи дигари Эдютон-2020 Натали Ткалич аз Ӯзбекистон, викторинаи ”Медиагород”  буд, ки барои донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталиф гузаронида шуд.  Он аз ҳудуди кишвар берун баромада, ба лоиҳаи осиёимарказӣ табдил ёфт. Ҳарчанд ташкилкунандагон барои ин саъй накарда буданд. Масалан, тими донишҷӯёни Донишгоҳи Назарбоев яке аз ғолибон гардиданд. Инчунин Натали қайд кард, ки ҳангоми баргузории викторина ба як қатор мушкилот дучор омаданд: аз мушкилоти интернет то мушкилии техникӣ, ки дар платформаи ZOOM мавҷуд буд,  аз иштироки чандкаратаи ширкаткунандагон дар марҳилаи интихобӣ то рафтори номуносиби онҳо дар чат. Аммо ҳамаи ин таҷриба буд; Акнун ман медонам, ки ин дафъа чигуна муносибат кунам.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *