Internews оид ба масъалаҳои озодии динӣ озмуни омӯзиш барои мураббиёнро эълон мекунад (Таҷдид гардид)

Internews дар доираи лоиҳаи «Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии эътиқод» қабули дархостҳоро барои ширкат дар омӯзиш барои мураббиёнро эълон мекунад. Ҳадафи омӯзиш омода кардани дастаи мураббиёни маҳаллӣ, рӯзноманигорон, вебнависон, коршиносон, истеҳсолкунандагони муҳтаво мебошад, ки дар мавзуъҳои озодии динӣ таълим гиранду омӯзонанд.

Барои ширкат дар озмун мураббиёни расонаӣ ва коршиносони расонаӣ (рӯзноманигорон, вебнависон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ) – и Тоҷикистонро даъват мекунем. Довталабон дар гузаронидани тренингҳо таҷриба дошта бошанд, аз ҷумла онҳое, ки дар ташкили муҳтавои ҳассосу таҳия кардани муҳтаво дар форматҳои наву маъмули расонаӣ таҷриба дошта бошанд.

Дар асоси натиҷаҳои омӯзиш, ширкаткунандагони омӯзиш барои мураббиёнро дар тӯли як моҳ модулҳои таълимии худро таҳия мекунанд, ки аз байни онҳо ду модули беҳтарин интихоб карда мешаванд. Дар асоси модулҳои ғолиб, барномаҳои таълими рӯзноманигорон, инчунин истеҳсолкунандагони муҳтавои доимӣ (вебнависон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон) интихоб карда мешаванд. Муаллифони модулҳои ғолиб дар мавзуъҳои омӯзиши озодиҳои динӣ дарс мегӯянд, мураббиёни асосӣ дониста мешаванд.

Мураббии асосии Барнома – Питер де Туа аст. Ихтисоси илмии ӯ аз унвони магистр дар соҳаи таҳсилоти олӣ (Донишгоҳи Родос) ва магистри философия: идоракунии низоъ ва трансформатсия (Донишгоҳи Нелсон Манделла) иборат аст. Корманди илмии Донишкадаи роҳбарии васоити ахбори оммаи ба номи Сол Плаате, Донишгоҳи Родос буда, зиёда аз 30 сол таҷрибаи рӯзноманигорӣ ва мураббигӣ дорад.

Омӯзиш барои мураббиён дар умум – 10 рӯз, дар ду формат баргузор мешавад. Қисми аввал тариқи онлайн, қисми дуввум тариқи офлайн баргузор мешавад. Баргузории омӯзишҳо дар семоҳаи аввали соли 2021 дар назар аст (санаҳои мушаххас баъдтар эълон карда мешаванд).

Забони расмии омӯзиш барои мураббиён забони русӣ мебошад (дар ҳолати зарурӣ бо тарҷума ба англисӣ ва баръакс).

Дар охири омӯзиш барои мураббиён Интернюс аз ширкаткунандагон қисмҳои зеринро интизор аст:

  • дарки дурусту амиқи масъалаҳои калидии озодии дин, аз ҷумла хусусиятҳои кишвар;
  • малакаҳои таҳлили муҳтаво дар масъалаҳои озодии динӣ;
  • фаҳмидани хусусиятҳои истеҳсоли муҳтаво дар бораи озодии эътиқод;
  • доштани воситаҳо ва технологияҳое, ки барои эҷоди муҳтавои форматҳои нави расонаӣ истифода мешаванд;
  • донистани оқибатҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии масъалаҳои озодии динӣ;
  • донистани хусусиятҳои истеҳсоли муҳтаво дар кишвар;
  • дониши асосӣ дар бораи принсипҳои амнияти рақамӣ ва ҷисмонӣ;
  • фаҳмиши хуб ва амалияи истифодаи усулҳои интерактивии таълим барои аудиторияи калонсол, аз ҷумла тариқи онлайнӣ.

Меъёрҳои баҳодиҳии дархостҳо барои ширкат дар омӯзиш барои мураббиёнро:

  • омӯзиши технологияҳои мураббӣ будан (омӯзиш барои мураббиён – санаи хатм, ном, кӣ онро ташкил додааст);
  • собиқаи корӣ (на камтар аз се сол);
  • донистани забони миллӣ дар сатҳи хуби гуфтугӯйӣ;
  • тахассуси мавзуъҳои шумо (як ё якчанд мавзуъро аз рӯйхат нишон диҳеду намунаҳои лоиҳаҳо ё маҳсулотро (линкҳо) нишон диҳед:
  • эҷоди муҳтавои таҳлилии расонаҳо;
  • эҷоди муҳтавои мултимедиявӣ;
  • эҷоди қиссаҳои мултимедиявӣ;
  • эҷоди муҳтаво бо истифодаи смартфон;
  • видео ва акс;
  • саводнокии рақамӣ;
  • амнияти рақамӣ;
  • бандубасти маводи расонаҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ
  • таблиғи муҳтаво тавассути каналҳои нави расонаҳо (шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасони фаврӣ)
  • SMM
  • Таҳлили WEB
  • Саводи расонаӣ
  • Тафаккури интиқодӣ
  • омодагӣ дар ҷараёни барномаи омӯзиш (дар форматҳои онлайн ва офлайн) барои ширкат дар ҳама машғулиятҳо, иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва таҳияи модули таълимии худ;
  • омодагии техникӣ ва дохилӣ барои таҳсили онлайн, ки ин қисмҳоро дар бар мегирад:
  • бо камера дар ҷаласаҳои Zoom ва дигар платформаҳо ширкат кардан;
  • барои пайвастшавӣ аз компютер ё ноутбуки статсионарӣ истифода бурдан;
  • фаъолона таҳсил дар форматҳои синхронӣ ва асинхронӣ, аз ҷумла иҷрои вазифаи хонагӣ, хондани маводи иловагӣ, омодагӣ ба ҷаласаҳо ва ғ.;
  • малакаҳои суханварӣ;
  • муошират.

Афзалиятҳо ҳангоми баҳодиҳии дархостҳо инҳоянд:

  • таҷрибаи омодасозии маводи журналистӣ (аз ҷумла форматҳое, ки дар расонаҳои нав маъмуланд) дар мавзуъҳои ҳассос;
  • таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳои муваффақ оид ба саводи расонаӣ;
  • донистани забони англисӣ;
  • маълумоти олӣ.

Internews хароҷоти ширкат дар омӯзиши формати офлайнро (сафар, манзил, хӯрок) пардохт мекунад.

Чӣ гуна ба омӯзиш барои мураббиён дархост фиристодан мумкин аст?

Барои ширкат дар озмун шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

  • Дархости онлайниро пур кунед (линк дар ин ҷо),
  • Мактуби ҳавасмандӣ( ҳадди аксар як саҳифа) бинависед,
  • Резюме (CV).

Дар мактуби ҳавасмандӣ таваҷҷуҳи худро дар ин омӯзиш шарҳ диҳед, муносибати худро ба мавзуъи озодии эътиқод ва мутобиқати таҷрибаву малакаи қаблӣ ба талаботи дар боло зикршуда бинависед.


То 15 феврал соли 2021, соати 18:00 ба вақти Душанбе, ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи tj-info@internews.org дар нусхаи он ба суроғаи ssharipov@internews.org фиристед.

 ДИҚҚАТ!!! Барои расидани дархости шумо, ба макони таъиншуда, ҳатман матни зеринро дар сатри мавзуъ бинависед: “Барои ширкат дар озмуни омӯзиш барои мураббиён оид ба озодии эътиқод”.  Инчунин дар назар дошта бошед, ки барои пур кардани дархост аз почтаи электронии Gmail – ро истифода баред.

Агар шумо ягон саволи иловагӣ дошта бошед, лутфан ба суроғаи электронии ssharipov@internews.org тариқи мактуб муроҷиат кунед.

Лутфан дар хотир гиред: мо танҳо дархостҳои тавассути суроғаи электронӣ қабулшударо баррасӣ мекунем. Ташаккур!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *