Комиссияи мустақили озмуни идеяҳо оид ба тавлиди муҳтавои ватанӣ аз Internews Tajikistan ғолибонро муайян кард. Аз 29 дархости қабулшуда панҷ дархост аз ҳама беҳтар дониста шуданд:
- Ширкати расонаии Your.tj, лоиҳаи «Ту танҳо нестӣ», силсилаи қиссаҳои видеоӣ дар бораи сарнавишти занон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон;
- Ташкилоти ҷамъиятии «Насл», лоиҳаи «Супермаркети муъҷизаҳо», комиксҳо дар бораи ҳаёти наврасони тоҷик;
- Телевизиони «Мавҷи Озод», лоиҳаи «Қиссаҳои нақлшуда аз ҷониби кӯҳистониён», силсилаи қиссаҳои видеоӣ дар бораи сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ;
- Телевизиони «Қӯрғонтеппа», лоиҳаи «Чорсӯ», силсилаи қиссаҳо дар бораи мушкилот ва сабабҳои муҳоҷират;
- Телевизиони «СМ1», лоиҳаи «Набзи зиндагӣ», силсилаи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ.
Барои амалӣ намудани идеяҳои худ, ҳамаи муаллифон аз Internews дастгирии молиявӣ ва коршиносӣ мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Интернюс Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 озмуни идеяҳоро барои тавлиди муҳтавои ватанӣ «Формати калон» эълон карда буд. Ин озмун барои тимҳои калоне пешбинӣ шудааст, ки нияти эҷоди як лоиҳаи даврӣ ва устуворро доранд. Барои иштирок ВАО-и ғайридавлатӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, студияҳои истеҳсолӣ, гурӯҳҳои муаллифони мустақил даъват шуда буданд.
Ҳадафи ин озмун дастгирии таҳияи барномаҳои телевизионии босифат, гузоришҳои вижа, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, веб-докҳо, веб-сериалҳо, ҳикояҳои чандрасонаӣ, таҳқиқотҳои журналистӣ ва ғайра мебошад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.