Формати калон 2021: Озмуни грантҳо барои тавлиди муҳтаво

Интернюс дар Тоҷикистон озмуни «Формати калон» – ро эълон мекунад. Идеяҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ қабул карда мешаванд.

Муҳлати қабули дархостҳо – 25 ноябри соли 2021 (то соати 22:59 ба вақти Душанбе) аст.

Ин озмун барои лоиҳаҳои калон ва «тулонӣ» мебошад, ки устувору мунтазам ва даврианд. Дар интихоби мавзуъҳо ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад, аммо тамоюли иҷтимоӣ ва асолат муҳим аст. Эҷод кунед, бисозед, орзу кунед! Мо интизори пешниҳодҳои ҷолиб ва илҳомбахш бо муҳтаво ва форматҳои гуногун ҳастем.

Лутфан, таваҷҷуҳ намоед, ки дар ин озмун дархостҳо барои таҳияи филмҳои мустанад қабул карда намешаванд, зеро озмуни махсуси “Формати Doc” моҳи январи соли 2022 баргузор мешавад.

Кӣ метавонад дар озмуни “Формати калон иштирок кунад? Дархост аз гурӯҳҳои Тоҷикистон қабул карда мешавад. Довталабон бояд идеяи хуб, базаи тавлидӣ, таҷриба, стратегияи ҷалби аудитория ва нақшаи маблағгузорӣ пас аз ба итмом расидани грант дошта бошанд. Лоиҳа метавонад тамоман нав ё дар айни ҳол амалкунанда бошад.

Расонаҳои ғайридавлатӣ метавонанд ширкат кунанд: нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳое, ки вебсайт доранд, ширкатҳои телевизионӣ ва радиоӣ, студияҳои тавлидӣ ё гурӯҳҳои муаллифони мустақил (журналистон, блогерҳо). Илова бар ин, муаллифон ва иттифоқҳои эҷодие, ки дар соҳаи санъат (аниматсия, комиксҳо, намоишгоҳҳои интерактивӣ ва ғайра) кор мекунанд, барои иштирок даъват карда мешаванд.

Аммо ҳамаи довталабон бояд бақайдгирии ҳуқуқӣ дошта бошанд (ҶДММ, соҳибкори инфиродӣ ва дигарон).

Лутфан, дар хотир дошта бошед, ки дар ин навъи грантҳо ҳамкорӣ бо муаллифони фаъол ва касбӣ (расона) пешбинӣ шудааст. Дастаҳои навкор (ки таҷрибаи ҳаддиақали яксола дар татбиқи лоиҳаҳоро надоранд) бояд дар озмуни “Формати хурд” қувваи худро бисанҷанд. Он моҳи январи соли 2022 эълон хоҳад шуд.

Маълумоти бештарро дар бораи он, ки Internews дар соли оянда тавлиди муҳтаворо чӣ гуна дастгирӣ мекунад, метавонед дар ин ҷо бигиред.

Муҳтаво метавонад ба кадом забон бошад?

Ба забони тоҷикӣ ё русӣ

Маблағи грант дар “Формати калон чӣ қадар аст? Як лоиҳа метавонад аз 10 то 15 ҳазор доллар гирад. Буҷет бояд мувофиқ ва асоснок бошад. Илова ба хароҷоти истеҳсолӣ, буҷет метавонад инҳоро дар бар гирад: харидани нармафзори литсензиядор, таҷҳизоте, ки заминаи техникии мавҷударо пурра мекунад, пардохтҳо ба роҳнамоён ва мушовирон.

Лоиҳаи “Формати калон чӣ қадар давом карда метавонад? То ҳашт моҳ, аммо бояд то охири соли 2022 анҷом ёбад.

Интихоб чӣ гуна сурат мегирад? Озмуни “Формати калон” дар чаҳор марҳила баргузор мешавад.

Даври 1 – пешниҳоди идеяҳо

Шумо бояд дархостро пур кунед.

Формаи дархост (дар ин ҷо)

Дар саволнома идеяи худ, нақшаи тақрибии муҳтаво ва нақшаи устувории лоиҳаро тавсиф кунед, аудиторияи мақсаднок ва механизмҳои ҷалби онро нишон диҳед, буҷаро замима кунед (Шаблон – дар дархост).

Эзоҳ: Лутфан огоҳ бошед, ки мо бо довталабон вохӯрии иттилоотии онлайн баргузор мекунем, то ба саволҳои шумо дар бораи озмуни “Формати калон” ҷавоб диҳем.

Даври дуюм — интихоби техникӣ

Пас аз қабули дархостҳо, дастаи Internews интихоби техникӣ мегузаронад. Ҳар як лоиҳа барои мувофиқат ба шартҳои озмун баррасӣ мешавад. Муаллифоне, ки лоиҳаҳои расонаии ғайриаслӣ пешниҳод кардаанд, наметавонанд ба даври баъдӣ роҳхат гиранд. Инчунин, дар ин марҳила дархостҳое, ки дар онҳо маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод карда нашудаанд, аудиторияи мақсаднок тавсиф нашудааст ё хароҷот асоснок карда нашудааст, рад карда мешаванд.

Идеяҳои шавқовар ва хуб такмилшуда ба даври дигар мераванд. Рӯйхати мухтасар(Шорт-лист)-ро дастаи Интернюс то охири соли 2021 таҳия хоҳад кард.

Даври 3 – кори комиссияи грантӣ ва питчинг

Муаллифони лоиҳаҳое, ки аз интихоби техникӣ гузаштаанд, ба сессия-питчинг даъват карда мешаванд, ки дар он онҳо метавонанд дар давоми 10-15 дақиқа консепсияи худро дар шакли дилхоҳ пешниҳод кунанд. Номзадҳоро як кумитаи махсуси озмун, ки ба он коршиносони мустақили расонаҳои хабарӣ ва кормандони Интернюс шомиланд, хоҳанд шунид.

Дар питчинг шумо бояд ба наҳви қонеъкунанда пешниҳод кунед:

● арзиши идея;

● асосноккунии формати интихобшуда;

● тафсилоти истеҳсолот ва биниши маҳсулоти ниҳоӣ;

● фаҳмиши аудиторияи худ;

● буҷети оқилона.

Питчинг тақрибан дар охири сол дар шакли онлайн сурат мегирад. Ҳангоми омодагӣ ба он ин формуларо дар хотир доред: мавзӯи ҷолиб + формати хуб + фаҳмиши аудитория = лоиҳаи хуб.

Баъди баромад аъзои комиссия саволҳои аниқкунанда дода, барои бознигарии идея тавсияҳо медиҳанд. Доварон инчунин метавонанд ба шумо маслиҳат диҳанд, ки буҷаро ислоҳ кунед, агар ягон хароҷотро беасос мешуморанд.

Ғолибони озмуни “Формати калон” моҳи январи соли 2022 эълон хоҳанд шуд.

Даври 4 – бознигарӣ ва пешниҳоди грантҳо

Мо ба ғолибони озмун ду ҳафта мухлат медиҳем, ки лоиҳаи худро ба охир расонанд, сметаи ниҳоиро тартиб диҳанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ кунанд.

Маълумоти иловагии муҳим. Дар лоиҳаҳои «Формати калон» ҳисобот пешбинӣ шудааст. Тавлиди муҳтаво ба марҳилаҳо тақсим карда мешавад. Дар масъалаи маблағгузорӣ ҳам ҳамин тавр аст — ҳар як траншро танҳо баъди анҷоми баъзе давраи кор ва пешниҳоди ҳисобот гирифтан мумкин аст.

Кадом лоиҳа метавонад барои “Формати калон мувофиқ бошад? Барои намуна:

● расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бахши махсус дар платформаи мавҷуда;

● эҷоди теле-шоу;

● силсилаи маводҳо оид ба масъалаҳои хеле муҳим (форматҳо, жанрҳо ва мавзуъҳо метавонанд мухталиф бошанд);

● як силсила гузоришҳои махсус;

● лоиҳаи таҳқиқотӣ;

● лоиҳаи муштараки якчанд расона.

Кадом идеяҳо бешубҳа дастгирӣ намешаванд? Таъсис ва пеш бурдани сайтҳо, истеҳсоли филмҳои бадеӣ, сериалҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва клипҳои мусиқӣ. Дастгирии созмонӣ(институтсионалӣ) дар доираи озмуни “Формати калон” таъмин карда намешавад.

Чаро Интернюс ин грантҳоро медиҳад? Мо мехоҳем, ки расонаҳои ватанӣ – ба таври касбӣ, дар платформаҳои гуногун ва шаклҳои гуногун, бо истифода аз фанновариҳои муосир ва ҷалби аудитория  дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарин ва мураккабтарини ҷомеа суҳбат кунанд.

Чӣ гуна метавон дар бораи лоиҳаҳое, ки қаблан дастгирӣ шуда буданд, огоҳӣ пайдо кард? Дар соли 2021 танҳо дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Формати калон» Интернюс шаш лоиҳаро дастгирӣ намуд. Баъзе аз онҳо дар инҷоянд:

Силсилаи филмҳои мустанади «Шаҳри хотироти ман», ки муаллифи он Акмал Хасанов дар бораи барҷастатарин биноҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аллакай вайрон шудаанд, мисли: Театри ба номи В. Маяковский, бинои Қасри президент, Почтамти асосӣ, бозори «Баракат» ва мозаикаҳо дар фасадҳои биноҳое, ки тадриҷан дар пойтахт аз байн мераванд, нақл кард.

Лоиҳаи «Набзи Зиндагӣ», ки дар он телевизиони вилояти Суғд «СМ1» ҳамроҳ бо 9 шабакаи мустақили дигар барномаи телевизиониро роҳандозӣ намуд.

Лоиҳаи «ДОМ»-и гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, бахшида ба хонаҳои кӯҳнаи Душанбе, ки тахриб мешаванд ва сокинони он, ки аз ин талафот андӯҳгинанд.

Агар ба шумо лозим ояд, ки чизеро мушаххас кунед, ба Central-Asia-Applications@internews.org бо нишон додани мавзӯъ нависед (масалан: “Савол дар бораи озмуни “Формати калон”).

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *