Филмсозони Тоҷикистон тасвири биноҳои тахрибшудаи пойтахтро дубора бозофаринӣ карданд

Дар силсилаи филмҳои мустанад зери унвониШаҳри хотираи манбиноҳои тахрибшудаи Душанбе зинда мешаванд, ки то ҳол бисёре аз сокинони пойтахт онҳоро дар ёд доранд. Муаллифи лоиҳа Акмал Ҳасанов мегӯяд, ки барои аксари қаҳрамонони филмҳои ӯ ҳикояҳо дар бораи зодгоҳашон бештар ба рози дил монанд ҳастанд, то ин ки ба мусоҳибаҳои оддӣ.

Рушди босуръати сохтмон, ки чанд сол пеш дар Душанбе оғоз шуда буд, пойтахтро ба гунае дигаргун сохт, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ баъзе вақтҳо шаҳри худро намешиносанд. Тавре ки интизор мерафт, раванди мазкур баҳсҳои зиёдеро эҷод кард, ки дар он бархе аз сокинони шаҳр ба тахриби шаҳри кӯҳна шадидан мухолифат карданд, бархи дигар тағйироти эҷодшуда аз ҷониби маъмурияти шаҳрро ҷонибдорӣ карданд.

Акмал Ҳасанов, зодаи шаҳри Душанбе ва филмсоз мегӯяд, ки ӯ барои баҳо додан ба тағйирот дар шаҳри Душанбе омода нест, аммо замоне ки мактаб ва донишгоҳи таҳсилкардаашро ногаҳон дар ин шаҳр хароб карданд, ӯ ботинан хеле нороҳат шуд. 

– Ман намегӯям, ки дар бораи ин донишгоҳ хотираҳои хеле гарм доштам, аммо хароб кардани он ба ман хеле таъсир кард ва ман дар Instagram як пости калон навиштам. Шояд маркази таърихии шаҳрро расидан лозим набуд; ман ҳамчун филмсоз ҳаминро гуфта метавонам: – ҳоло мо ҷое надорем, ки дар бораи Душанбеи дирӯза филм созем, – шарҳ медиҳад ӯ.

Сипас Акмал фикр кард, ки он чиро, ки дар Душанбе рӯй медиҳад, мустанад кунад. Шаҳр ҳар рӯз тағйир меёбад ва мутаассифона, ин равандро то ҳол касе сабт накардааст. Акмал дархости худро бо дарҷи идеяаш ба озмуни грантҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон эълон шуда буд, пешниҳод кард ва дар байни ғолибони озмун қарор гирифт.

Вай лоиҳаи худро “Шаҳри хотираи ман” ном ниҳод ва кӯшиш кард, ки рӯйдодҳоро бидуни арзёбӣ намоиш диҳад.

– Дар бораи хароб кардани биноҳо дар ҷомеа бисёр гап мезаданд ва ҳанӯз ҳам мезананд,  аммо ба ҳар ҳол лозим буд, ки даъвои худро бе эҳсосот баён кунем, шояд он вақт садои моро мешуниданд. Агар шумо ҳоло вокунишҳоро ба хароб кардани биноҳо бихонед ба ҷуз эҳсосот ва ҳатто таҳқир, чизи дигареро намебинед. Мутаассифона, ҳеҷ гуна муколама байни ҷомеа ва мақомот сурат нагирифтааст, – мегӯяд Акмал.

Муаллиф дар сикли иборат аз панҷ қисм дар бораи биноҳои барҷастатарини маркази Душанбе нақл мекунад, ки аллакай хароб шудаанд, ба монанди театри ба номи Владимир Маяковский, бинои кохи президент, почтаи марказӣ, бозори Баракат ва мозаикаҳо дар сатҳи девори биноҳо, ки тадриҷан дар пойтахт аз байн мераванд.

– Ман кӯшиш кардам, ки на танҳо дар бораи бино, меъмории он, балки дар бораи он замон нақл кунам, то тамошобинон дар фазои Душанбеи он замон ғарқ шаванд. Намехостам, ки эпизодҳо аз ҳад зиёд драмавӣ бошанд, аммо ман қаҳрамононе доштам, ки гӯё дар бораи шаҳр ҳарф мезаданд, аммо гиря мекарданд. Онҳо дарди самимии худро нақл карданд ва ман дидам, ки ин дигар мусоҳиба нест – рози дил аст. Ва шумо нишаста фикр мекунед – шояд ягон кори дигар кардан лозим аст? Дар ман ҳисси як навъ масъулият пайдо шуд, зеро барои одамон ин танҳо шаҳр ва биноҳо нест – ин ҳаёти онҳост, – шарҳ медиҳад Акмал.

Ҳамчун қаҳрамононе, ки дар бораи Душанбеи он замон ҳарф мезананд, Акмал ба таври махсус сокинони машҳури Душанберо даъват кардааст, ки шояд аз меъморӣ дур бошанд, аммо далелҳои ҷолибро дар бораи шаҳр медонанд. Масалан, Манзура Улҷабоева, ороишгари либос ё Лидия Исамова, рӯзноманигори шинохта. Онҳо ба Акмал саргузаштҳои зиндагии ҳамарӯза, вале хеле эҳсосбарангезе нақл мекарданд, ки дар шаҳри кӯҳна рух доданд ва сипас ҳайати наворбардор биноҳои харобшударо мисли пешина дубора аз нав бозофаринӣ карданд. Илова бар ин, дар филмҳо дар бораи таърихи бевоситаи биноҳои кӯҳна ва чизҳое, ки бо онҳо дар байни сокинони Душанбе машҳур буданд, дар бораи одамҳои бузурге, ки дар он ҷойҳо кор мекарданд, нақл мекунанд. Ва, албатта, дар ҳар як қисми филм – кинохроника – хеле қадимӣ ва аз гузаштаи наздик – истифода мешавад.

– Бо кинохроника ягон мушкилӣ надоштам, чунки худам як вақтҳо дар киностудия кор мекардам ва бойгонии шахсии худро ҷамъ кардаам. Гузашта аз ин, ман медонистам, ки баччаҳо, масалан, Далери Имомалӣ (коргардон) раванди аз ҷой кандани театри Маяковскийро наворбардорӣ карда буданд, ман наворҳоро пурсидам ва онҳо бо хушҳолӣ ба ман пешниҳод карданд, –  мегӯяд Акмал.

Дар маҷмуъ, ба кори лоиҳа ҳафт нафар – коргардонҳо, дизайнерҳо, наворбардорон ва видеографҳо ҷалб карда шуданд ва худи ҷараёни омодагӣ ба наворбардорӣ чанд моҳ тӯл кашид. То моҳи октябр гурӯҳ аллакай чор саргузаштро расонаӣ карда буд. Сарфи назар аз он, ки ин мавзуъ дар ҷомеа ба таври васеъ мавриди баҳс қарор гирифт, барои бозори расонаҳои Тоҷикистон “Шаҳри хотираи ман” яке аз аввалин лоиҳаҳоест, ки муаллифони онҳо мавзуи рӯйдодҳои Душанберо инъикос мекунанд.

– Дар як муддати кӯтоҳ тағйироти хеле зуд ба амал омад: дар солҳои 90 -ум, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ ва ба таври оммавӣ рафтани сокинони шаҳр, аҳолии шаҳр тағйир ёфт. Чанд сол пеш худи шаҳр ба зудӣ тағир ёфт. Ва ба назари ман чунин менамояд, ки мо танҳо дар оғози роҳ ҳастем, гуфтан душвор аст, ки пас аз чанд сол мо чӣ гуна хоҳем буд, – мегӯяд Акмал.

Лоиҳаи ӯ аллакай тамошобинони сипосгузори зиёде дорад, ҳам дар байни онҳое, ки дар Душанбе монданд ва ҳам дар байни онҳое, ки кайҳо аз ин ҷо рафтанд. Гузашта аз ин, ҳар ду қишр дар корҳои Акмал он шаҳри Душанберо мебинанд, ки дигар вуҷуд надорад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *