Аҳмад Акрамов эко-фаъол аз Тоҷикистон, муаллифи лоиҳаи “Эко – саводнокии иттилоотиву расонаӣ” мебошад. Ин лоиҳа 7 навори омӯзишиву экологиеро дар бар мегирад. Наворҳои омӯзишӣ дар бораи мавзуъҳои экологӣ ва сарчашмаҳои санҷидашудаи он қисса мекунанд. Ҳамзамон дар доираи лоиҳа озмуни беҳтарин навор дар бораи экология ва донишҳои саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) эълон карда шуд. Дар натиҷа 3 ғолиби интихобшуда соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд.
Аҳмад Акрамов 26 сола буда, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси ТИК хатм кардааст. Аз соли 2015 инҷониб бо мавзуъҳои экологӣ сару кор дошта, бо Маркази экологии ҷавонон ҳамкорӣ мекунад. Давоми 6 сол якчанд лоиҳаҳои экологиро роҳ андохта, сазовори ҷоизаҳои экологии ватаниву байналмиллалӣ ҳам гаштааст. Чанд муддати охир Аҳмад бо ибораи СИР ошноӣ пайдо кард ва ин буд, ки лоиҳаи “Эко – СИР” рӯйи кор омад.
“Мавзуъҳои экологӣ барои ҳама аст, зеро ин мавзуъе мебошад, ки ҳар яки моро ба ташвиш меорад. Донишҳои СИР ҳам чунинанд. Вақте ман бо мавзуъи СИР ошноӣ пайдо кардам, дарк кардам, ки СИР ҳам ба монанди экология мавзуъи заруру ҳатмӣ барои ҳама мебошад. Ҳамин гуна идеяи лоиҳаи “Эко – СИР” пайдо шуд ва бо шарофати Эдютон 2021 амалӣ гардид”, – гуфт Аҳмад Акрамов.
Инчунин Аҳмад қайд мекунад, ки масъалаҳои экологӣ ҳамаро ба ташвиш меорад, зеро онҳо ба муҳити зисти мо таъсир мерасонанд ва ин мавзуъҳо ба саломатии мо ва ҳаёти тамоми сайёра вобастаанду таъсир мерасонанд.
Ҳамин гуна, Аҳмад Акрамов тасмим гирифт, идеяи лоиҳаи худро ба озмуне, ки Internews дар охири соли гузашта эълон карда буд, пешниҳод намояд. Аз довталабони озмун талаб карда мешуд, ки ғояи лоиҳаҳои СИР-и худро пешниҳод кунанд; муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин ба Эдютон -2021 даъват карда шуданд. Лоиҳаи Аҳмад низ хуш пазируфта шуд. Ҳамин тавр, ӯ ба семинари инноватсионии СИР- Эдютон -2021 роҳ пайдо кард. Идеяи ӯ дар семинар бо коршиносону мураббиён сайқал дода шуда, дар даҳгонаи беҳтарини озмуни грантӣ ҷой гирифт.
То ҳол 5 навори лоиҳа омода шуда, нашр гардидааст. Умуман, лоиҳа 7 навори омӯзиширо дар бар мегирад. Наворҳо дар саҳифаҳои ташкилоти ҷамъиятии Маркази экологии ҷавонон дар Youtube , Facebook ва Instagram нашр мешаванд. Дар 7 навор 7 мавзуъи гуногуни СИР ва экология баррасӣ мешаванд. Дар ҳар як видео бо забони тоҷикӣ волонтери МЭҶ дар бораи мавзуъҳо нақл мекунад. Мисол, дар навори мазкур Нозанини Исматшоҳ, волонтери МЭҶ дар бораи экосайёҳӣ ва таъсири он ба табиат нақл мекунад. Аввал дар бораи аҳамияти экосайёҳӣ гуфта, баъдан дар бораи хабару маълумоти нодуруст дар бораи ин мавзуъ қисса мекунад. Дар ҷамъбасти навор волонтер таъкид мекунад, ки ҳамавақт ҳар маълумоти экологиро бояд санҷид. Зеро иттилооти экологӣ ҳам пур аз фейкҳо шудаанд:
“Экология барои аввал хеле мушкил ба назар метобад. Вале мо дар наворҳои худ дар бораи он мавзуъҳои мушкил бо забони соддаву оддии тоҷикӣ нақл кардем. Барои фаҳмидани мавзуъҳои мо шарт нест, ки китоб хонанд ё аз Интернет ҷустуҷӯй кунанд. Басанда аст, ки фақат наворҳои моро тамошо кунанд”, – мегӯяд Аҳмад дар бораи наворҳои омӯзишии лоиҳааш.
Инчунин Аҳмад таъкид мекунад, ки ин лоиҳа аввалин лоиҳаи экологӣ ва СИР мебошад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст рӯйи кор омад. Ҳамзамон, ин лоиҳа барои ҷалби волонтёрони экологӣ ҳам муфид аст; ҷавонони деҳоти дурдаст ҳам ин наворҳоро дида дарк мекунанд, ки экология мавзуъи мушкил нест ва метавон дар ин соҳа фаъолият кард.
“Ҳангоми ҷараёни лоиҳа барои ман кам будани фурсат каме мушкилӣ ба бор овард. Барои амалӣ кардани лоиҳа 6 моҳ вақт доштем. Яъне мо наворҳоро омода мекунем ва бояд он наворҳоро дар платформаҳо тарғиб кунем. Барои омода кардан ва тарғиби наворҳои ин лоиҳа 6 моҳ барои мо кофӣ набуд, вале мо кӯшиш кардем, ки дар фурсати муайяншуда лоиҳаро ба анҷом расонем. Ҳоло 6-ум навори омӯзиширо омода карда истодаем”, – мегӯяд, Аҳмад Акрамов муаллифи лоиҳаи “Эко – СИР”.
Ҳоло тими лоиҳа озмуни беҳтарин навори экологӣ ва дониши СИР-ро таҳти унвони “Eco caption” оғоз карданд. Мақсади озмун омода кардани кэпшн наворе, ки ифодагари муаммоҳои муҳими экологӣ дар доираи тафаккури интиқодӣ мебошад.
Довталабон бояд то 1-уми ноябр наворҳои худро омода сохта, дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram нашр кунанд ва ё ба ташкилкунандагони озмун, ба суроғаи мазкур ecoahmad08gmail.com ирсол кунанд. Дар ҷамъбаст 3 ғолиб муайян шуда, соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд. Ғолибонро аъзои ҳакамон, ки аз коршиносону намояндагони Internews иборатанд, интихоб мекунанд.