Internews барои ҳамроҳ баргузор кардани «Мактаби филмҳои ҳуҷҷатӣ. Филми кӯтоҳ» шарик меҷӯяд (ТАМДИД ГАРДИД)

Дар моҳи январи соли 2022 мо “Мактаби филмҳои ҳуҷҷатӣ” -ро роҳандозӣ мекунем, ки иштироккунандагони он аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон доранд идеяҳои эҷодии худро дар ҳаёт татбиқ намуда, филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддат (то 5-20 дақиқа) бисозанд.

Мо студияҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ, студияҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои ВАО ва созмонҳои ғайридавлатиро барои ҳамкорӣ дар ташкил ва гузаронидани давраи омӯзишӣ даъват менамоем.

Шарикон дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути як озмун дар асоси дархост интихоб карда мешаванд ва барои ташкили Мактаб дар ҳамкорӣ бо Internews дар кишвари худ дастгирии молиявӣ карда мешаванд.

Барномаи Мактаб натиҷаи кори муштараки коршиносон, шарикон ва тренерон хоҳад буд.

Ҳангоми интихоби шарикон, Интернюс ба меъёрҳои зерин диққат медиҳад:

• Мавҷудияти як гурӯҳи касбӣ ва ботаҷриба, ки қодир аст ба таври самаранок раванди омӯзиш ва роҳнамоии иштироккунандагонро идора кунад;

• Доштани робитаҳои зарурӣ дар минтақаи худ барои ҷалби тренерҳо, коршиносон ва ситораҳо дар соҳаи филмҳои ҳуҷҷатӣ, инчунин тарҷумонҳо.

• Фаҳму дарки раванди эҷоди видеоконтенти баландсифат ва пешбурди ояндаи он. Мавҷудияти салоҳиятҳо дар соҳаи филмҳои ҳуҷҷатӣ дар минтақаи шумо, донистани забони миллӣ (қазоқӣ, тоҷикӣ, узбакӣ).

Агар шарикон қаблан дар дигар кишварҳо малакаҳои истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатиро омӯхта бошанд, ин бартарӣ хоҳад дошт.

Таҳсил дар «Мактаби филмҳои ҳуҷҷатӣ. Филми кӯтоҳ» онлайн ва офлайн сурат мегирад. Аз ҳар кишвар то 3-5 гурӯҳи иборат аз 1-3 нафар ҷалб карда мешавад. Дар омӯзиши шакли онлайн иштироккунандагони Мактаб имконият пайдо мекунанд, ки лексияҳоро гӯш кунанд ва бо тренерҳо, ситораҳо ва коршиносони ҷалбшуда аз кишварҳои гуногун (бо тарҷума ба забонҳои миллӣ) муошират кунанд. Минбаъд кор дар гурӯҳҳо бо забонҳои миллӣ офлайн гузаронида мешавад. Дар охири давраи омӯзишӣ дастаҳои иштироккунанда филмҳои омодаро бо давомнокии 5-20 дақиқа пешкаш мекунанд. Инчунин, вазифаи шарикон аз он иборат аст, ки пеш аз ба охир расидани кор аз ҷониби иштироккунандагон роҳнамоиҳои заруриро анҷом диҳанд.

Шумо метавонед ба линки зерин дархости худро бифиристед.

Дархостҳо то 1 ноябри соли 2021 қабул карда мешаванд.

Натиҷаҳои интихоб на дертар аз 7 ноябри соли 2021 нашр карда мешаванд.

ТАМДИД ГАРДИД:

Дархостҳо то 7 ноябри соли 2021 қабул карда мешаванд.

Натиҷаҳои интихоб на дертар аз 14 ноябри соли 2021 нашр карда мешаванд.

Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан бо tj-info@internews.org тамос гиред.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *