Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаеро дар бораи сокинони Душанбе, ки хонаҳои худро аз даст медиҳанд, оғоз кард

“Умуман, ман хонаҳои кӯҳнаро хеле дӯст медорам. Ин барои ман ганҷинаи садоҳост: садои соати кӯҳнаи шӯравӣ, бозии кӯдакон дар таги тиреза – ин мисли як симфония аст”, – мегӯяд коргардони тоҷик Шаҳриниссо Яковлева. Вай қаҳрамони шумораи аввали лоиҳаи гурӯҳи расонаии “Азия-Плюс” бо номи “ДОМ” мебошад, ки ба хонаҳои қадимаи вайронкардашуда ва соҳибони онҳо бахшида шудааст.

Лоиҳаи мазкур ғолиби озмуни грантии истеҳсоли муҳтавои ватании «Формати калон» аз Интернюс дар Тоҷикистон гардид. Муаллифи лоиҳа рӯзноманигори ҷавон, коргардони филми мустанад Роман Буряк мебошад. Барои ӯ ҳам ба мисли бисёре аз сокинони Душанбе, тахриби хонаҳои кӯҳна дар пойтахт як қиссаи воқеӣ аст.

Волидони рӯзноманигор Роман Буряк низ дар як хонаи кӯҳна, дар маркази Душанбе зиндагӣ доранд, ки дар ояндаи наздик тахриб карда мешавад.

“Шумо намедонед, ки кай ва чӣ гуна шуморо аз хона берун мекунанд. Бале, шумо хона доред, аммо он ба қарибӣ аз байн меравад. Мисли як пораи ях: шумо ба он менигаред ва дарк мекунед, ки он ба зудӣ об мешавад. Мо дер боз хонаи худро нигоҳубин намекунем: мо барои таъмири он сармоягузорӣ намекунем. Мо интизорем, ки хонаи мо ҳам мисли хонаи ҳазорон сокини дигари Душанбе тахриб шавад, – мегӯяд Роман.

Роман Буряк

Вай эътироф мекунад, ки ба вай мавзӯъи ҳамкории инсон ва фазо наздик асту вай дар ин самт муддатҳост, ки кор мекунад: аксҳо ва сужаҳои ҳуҷҷатие меофарад, ки рӯйдоди атрофро инъикос мекунад.

“Ман ин шаҳрро хеле дӯст медорам ва барои ман муҳим аст, ки тағйироти дар он ба  амал омадаро пайгирӣ кунам”, – мегӯяд Роман.

Азия-Плюс

Қаҳрамонони ӯ сокинони оддии Душанбе мебошанд, ки пойтахти худро дӯст медоранд. Онҳо тамоми умр дар биноҳои пастошёна зиндагӣ мекарданд. Вале ҳоло маҷбуранд ба ҷойҳои нав кӯч банданд. Биноҳои истиқоматии Шӯравӣ дар маркази пойтахт зуд аз байн мераванд ва ин раванд боиси андӯҳи бисёр сокинони Душанбе мегардад.

“Баъзе аз қаҳрамонҳои ман аз он хурсанданд, ки онҳо ба хонаҳои нави барҳаво мекӯчанд, аммо аксарият ҳанӯз ҳам хонаҳои пешини худро ёд мекунанд, зеро онҳоро бо хотираҳои нек аз ҳаёти гузашта мепайванданд”, – шарҳ медиҳад рӯзноманигор.

Азия-Плюс

Аввалин қаҳрамони лоиҳаи “Хона” коргардони овоз Шаҳриниссо Яковлева буд, ки бо Роман рӯзи охирини зист дар хонаи кӯҳнааш, ки дар он пас аз бадбахтиҳои пай дар пай  паноҳгоҳ ёфта буд, гузаронд.

«Имрӯз рӯзи охирини мо дар ин хона аст. Мо ба ин рӯз кайҳо омодагӣ мегирифтем. Муддатҳо ба мо мегуфтанд, ки ана имрӯз, ана пагоҳ мекӯчед … Ва инак вақт расиду имрӯз мо аз ин ҷо барои ҳамеша хоҳем рафт, – мегӯяд Шаҳринисо.

Дар умум, дар рафти иҷрои лоиҳаи “ДОМ” омода сохтани 10 навор дар бораи сокинони Душанбе ва хонаҳои кӯҳнаи онҳо ба нақша гирифта шудааст; нашрия инчунин дар мавзӯъ 10 мақола омода мекунад. Дар охир Роман филми кӯтоҳи мустанадеро ба навор мегирад, ки дар он таърихи тамоми шаҳр тавассути маншури одамони оддӣ нақл карда мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *