Лоиҳаи «Журналистони шаҳрвандӣ»: калонтарин дафтари хабаргузории онлайн дар Осиёи Марказӣ

Саргузаштҳои самимӣ, равшан, зинда, «аз дасти якум», репортажҳо аз гӯшаю канорҳои дурдасти кишвар, маводҳое, ки баъди онҳо ҳаёти одамон ба сӯи беҳбудӣ тағйир меёбад.

Лоиҳаи Internews «Журналистони шаҳрвандӣ» дар давоми чаҳор сол ба як абзоре табдил ёфт, ки тавассути он расонаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон на танҳо муҳтаво ва мухотабони худро васеъ мекунанд, балки дар атрофи онҳо як ҷомеаи фаъол ва мутафаккир эҷод мекунанд.

Дар бораи шаҳраки Шубарқудуқ шунидаед? Он дар вилояти Актюбински Қазоқистон ҷойгир аст. Имсол Шубарқудуқ ба шаҳраки варзишии вилоят табдил ёфт – Дар ин ҷо бозиҳои футболи «Qazaq Auyl Ligasy» барпо гардиданд.

Худи сокинон бозиҳоро созмон доданд — ҷавонон барои хазинаи ҷоизаҳо пул ҷамъоварӣ карданд, барқ гузарониданд, либоси варзишӣ пайдо карданд. Акнун бачаҳо мехоҳанд дар байни ноҳияҳо дар шаҳрак бозиҳоро баргузор кунанд.

Дар ноҳияи Темир бо ибтикори ҷавонон фестивали мусиқии «Нафаси нав» (Жаңа леп) ба роҳ монда шуд. Лозим омад, ки он чанд бор мавқуф гузошта шавад, вале ҷавонон дар ҳақиқат мехоҳанд исбот кунанд, ки дар умқи минтақа ҳам чорабинии  босифат ва созанда баргузор кардан мумкин аст.

Инҳо рӯйдодҳои журналистҳои шаҳрвандӣ tilshi.kz мебошанд.

Аскар Актилеу, куратори tilshi.kz мегӯяд: “Сайт “Тілші” бори дуюм дар лоиҳа иштирок мекунад”.  «Хоҳишмандони барои иштирок дар лоиҳа ду сол пеш ҳам ва имсол ҳам хеле бисёр буданд. Аммо дар рафти лоиҳа баъзеҳо фикрашонро иваз карданд. Хуб аст, ки дар бахши эҳтиётӣ одамон ҳастанд. Дар замони ҳозира ёфтани одамони дорои мавқеи шаҳрвандӣ душвор аст. Мавқеи шаҳрвандӣ як чизи нозук ва муҳим аст, ки шумо бояд боэҳтиёт бо он кор кунед.

Акси – «Кадрият»

Ҳоло дар чати маҳаллии «Тілші» зиёда аз 10 нафар ҳастанд. Мо дар моҳи аввал бо даста кор кардем. Одамон аз аулҳои дур ҳам ҳастанд, ҳамчунин одамоне низ ҳастанд, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Касе дар китобхонаи деҳот кор мекунад, касе ба соҳибкорӣ машғул аст. Касе маркази омӯзишӣ дорад, касе дар завод кор мекунад. Аз ин рӯ, мавзуъҳои пешниҳодкардаи иштироккунандагон ҳам хеле гуногун мебошанд.

Шахсан ман аз онҳо чизҳои бештар хоҳиш дорам. Бисёр чизҳои ҷолиб. Интиқодӣ. Воқеӣ. Барои ин ба мо журналистони шаҳрвандӣ лозиманд. То ҳол мо моҳи аввалро ба итмом расонидем, фикр мекунам, ки орзуҳои ман амалӣ мешаванд ва ман аз дастаи худ фахр мекунам».

Журналистони шаҳрвандӣ мушкилоти иҷтимоиро матраҳ мекунанд – модарони серфарзанде, ки дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ манзил гирифтанд, аз чӣ норозӣ ҳастанд, бо нархҳои маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон чӣ рӯй медиҳад ва имрӯз китобхонаҳо дар деҳот чӣ шакл доранд.

Онҳо дар ҳалли ин мушкилот кӯмак мекунанд – рӯзноманигори шаҳрвандии elitar.kz дар кӯчаҳои Нур-Султон гаштугузор карда, ҳайрон шуд, ки чаро ниқобҳо дар ҳар ҷо афтодаанд. Натиҷа – пас аз нашри мавод партовҳоро ҷамъ карданд. Мақола навиштам дар бораи чуқуриҳо дар пайроҳаи пиёдагард – рӯзи дигар онҳоро пур карданд.

Куат Керей, рӯзноманигори шаҳрвандии elitar.kz навиштааст:  “Аз кӯдакӣ ман ба абарқаҳрамонҳо (одамоне, ки зиндагиро ба сӯи беҳтар тағйир медиҳанд) бовар доштам, аммо дар баробари калонсол шудан фаҳмидам, ки яке аз роҳҳои аслии пас аз худ гузоштани хотираҳои хуб ин кор дар журналистика аст. Охир, чунин мавридҳо хеле зиёданд, ки пас аз дахолати ВАО мушкилоти ҳақиқӣ ҳал шуданд, шахсони ғайриқонунӣ дастгиршуда озод карда шуданд ва ғайра.

Азбаски ман таҳсилоти соҳавӣ надорам, иштирок дар ин лоиҳа имконияте аст, ки дар маҳал кор кунам, ба ҳаёти редаксия аз дарун нигоҳ кунам, аз мутахассисон омӯзам ва ба шахси касбӣ табдил шавам».

Сокинони деҳот ҳамроҳ бо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ масъалаҳои печидаро матраҳ карда, ҳалли онҳоро низ талаб мекунанд – https://gazaqtimes.com/article/917104.

Есенгул Кап, minber.kz: “Соли гузашта ин лоиҳа хеле муваффақ ва пурсамар буд, рӯзноманигорони шаҳрвандии мо бо дилу ҷон кор карданд. Мо дар минтақаҳо масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба миён гузоштем, ин мушкилот дар саҳифаҳои расонаҳои бузурги расмӣ инъикос нашуданд. Рӯзноманигорони шаҳрвандии мо дар ҳалли онҳо кӯмак карданд. Ҳолатҳое буданд, ки пас аз гузоришҳои мо расонаҳои расмӣ ба мо муроҷиат карданд ва мавзуъҳоро боз ҳам густариш доданд. Ин ба мо таконе дод, ки имсол ҳам лоиҳаро идома диҳем”.

Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар бораи одамоне суҳбат мекунанд, ки илҳом мебахшанд, дар бораи устодони воқеӣ – …

Имсол дар ин лоиҳа 8 расона – чаҳор-то аз Қазоқистон ва чаҳор-то аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Дар чаҳор расонаи Тоҷикистон – «SughdNews», «Қадрият», «Маънавият» ва «JOM» тақрибан 20 рӯзноманигори шаҳрвандӣ фаъолият доранд. Инҳо сокинони зану марди минтақаҳои дурдаст ва аксаран душворгузари кишвар мебошанд. ВАО-и калону марказӣ аксари вақтҳо аз зиндагӣ дар ин деҳаҳо хабар надоранд ва яке аз имкониятҳои камшумор барои нақл кардани саргузаштҳои мардуми онҷо ин лоиҳаи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» мебошад.

Акси – «Кадрият»

– Дар лоиҳаи соли гузашта мо аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як рӯзноманигори шаҳрвандӣ доштем, ки он як ноҳияи баландкӯҳи душворгузар аст – мегӯяд Алишер Толиб, куратори дастаи рӯзноманигорони шаҳрвандии редаксияи SugdNews, ки соли сеюм аст, ки иштирок мекунад – ӯ бо мо монд, ба сифати корманди ғайриштатӣ кор мекунад, дар бораи минтақаи худ мавод менависад ва ҳоло ӯ сармуҳаррири ягона рӯзномаи маҳаллӣ мебошад. Яъне ӯ корро ҳамчун рӯзноманигори шаҳрвандӣ оғоз кард, дар тамоми вебинарҳо иштирок кард ва дар расона боқӣ монд.

Ҳоло дар ҳайати «SughdNews» ситораҳои нав пайдо шудаанд, масалан, Александр Воронтсов, сокини шаҳри Хуҷанд, қаблан дар рӯзноманигорӣ кор накардааст, аммо маводҳои ӯ дар редаксия тақрибан таҳрир намешаванд.

— Александр дар бораи шаҳраки як вақтҳо гул-гулшукуфон ва ҳоло мутаассифона, матрук дар шимоли Тоҷикистон — Шӯроб маводи хеле самимона навишт. Дар ин матн аз гузашта ва ояндаи шаҳрак сухан гуфта, аксҳои ҷолибе гирифтааст. Мо хеле шодем, ки ӯ дар даста ҳамроҳи мост, — иқрор мешавад Алишер.

Худи Александр мегӯяд, ки ӯ аз Шӯроб, ки чанд сол пеш бори аввал ба он ҷо рафта буд, хеле нигарон аст, ҳолати ногуворашро дида, аз он рӯй гардонида натавонист.

— Дар Шӯроб оилаҳои зиёде ба сахтӣ рӯз мегузаронанд, мо ба мардуми он ҷо ёрӣ мерасонем, — мегӯяд Александр. — Ёрӣ на танҳо ғизоӣ, балки тиббӣ ҳам аст. Илова бар ин, мо ба ҷавонон барои ба кор даромадан, таҳсил кардан кӯмак мекунем. Вақте ки ман ба лоиҳа шомил шудам, дарҳол тасмим гирифтам, ки дар бораи Шӯроб нақл кунам, то мардум хонанд ва ҳаёт дар Шӯробро як навъ эҳсос кунанд, чун мо ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонем. Ёфтани чунин журналистони ғамхор кори осон набуд. Дар эълон ҳайати таҳририяи “SugdNews” изҳор намуд, ки ҷиҳати иштирок дар лоиҳа барои номзадҳо доштани таҳсилоти журналистӣ зарурӣ нест, аммо одамони берун аз ҷомеаи ВАО ба имкони кор кардан дар редаксияҳои воқеӣ бо нигаронӣ нигоҳ мекарданд.

— Барои одамоне, ки таҷрибаи корӣ надоранд, тасаввур кардани худ ба сифати журналист душвор аст, аммо хушбахтона, мо ба ҳар ҳол муаллифони хубро пайдо кардем, – шарҳ медиҳад Алишер.

Барои ҳарчи зудтар ба фазои расонаӣ ворид кардани “навкорон” ба чанд забон ҳафтае як маротиба як гурӯҳи калони минтақавӣ вохӯрии онлайнии банақшагирӣ – муҳокимаи мавзуъҳо, табодули таҷриба баргузор мекунад. Иштироккунандагони лоиҳа дар курси махсуси Internews иштирок мекунанд. Онҳо жанрҳои журналистикаро меомӯзанд, дар дастгоҳҳои мобилӣ аксу видео гирифтанро меомӯзанд ва ба ҳуқуқшиносони ВАО саволҳо медиҳанд.

Акси – «Кадрият»

Зимнан, шарикони Internews дар лоиҳа имсол бо 4 забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва русӣ кор мекунанд. Ду даста аз шимоли Точикистон ба забони узбекӣ — редаксияҳои «Қадрият» ва «Маънавият» кор мекунанд.

Ӯктам Ризоев, куратори редаксияи «Қадрият» мегӯяд: «Мо як дастаи хеле ҷавон дорем, ҳамаи иштироккунандагон аз 22-сола поён, он аз қавми ӯзбек аз минтақаҳои мухталифи вилояти Суғд ҳастанд, аммо дар Хуҷанд, дар донишгоҳ ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд. – Мо онҳоро хеле зуд ба кор гирифтем, зеро ҷавонони ӯзбекзабон нашрияи моро хуб медонанд ва мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд.

Редаксияи «Қадрият» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва бо вуҷуди он ки тамоми лоиҳаи «Журналистҳои шаҳрвандӣ» онлайн сурат мегирад, ин даста зуд-зуд ҷамъ меоянд.

— Ҳамаи онҳо дар шаҳр мехонанд, баъди дарс зуд-зуд ба назди мо меоянд, суҳбат мекунанд, мавзуъҳоро муҳокима мекунанд, саволҳо медиҳанд, ҳама шавқу ҳаваси зиёд доранд. Илова бар ин, мо ҳам худамон ҷаласаҳои банақшагирии оффлайн мегузаронем, рӯзноманигорон мавзуъҳо пешниҳод мекунанд, якҷоя дар бораи нақшаи корӣ андеша мекунем, – мегӯяд Ӯктам.

Даста дар бораи воқеаҳои аслии вилояти Суғд нақл мекунад. Масалан, ба худи Уктам матни Хулқаро Ҷиянбоева дар бораи қурутоби Мастчоҳ хеле писанд аст. Рӯзноманигор бо як ҳунарманди 84-сола ҳамсуҳбат шуд, ки дар бораи нозукиҳои омода кардани ин таоми маъмули Осиёи Марказӣ нақл кард.

Акси- «СугдНьюс»

Ба ҷуз аз қиссаҳо дар бораи фарҳанг ва расму русум, рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар бораи афроди мухталиф суҳбат мекунанд, масалан, рӯзноманигорони дастаи «JOM» дар бораи як ҷавони кафшдӯз ва духтараке бо мушкилоти биноии чашм навор таҳия карданд; онҳо мушкилоти минтақаҳои худро ҳам бетаваҷҷуҳ намегузоранд – онҳо дар бораи болоравии нархҳо ҳарф мезананд ва онро бо маоши кормандони буҷетӣ муқоиса мекунанд ва ё дар бораи стереотипҳои ҷомеаи Тоҷикистон нақл мекунанд.

Лоиҳа то моҳи сентябри соли 2022 давом мекунад.

«Журналистони шаҳрвандӣ» барои ҳамкорӣ ва фаълияти муштарак бо расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон ва Тоҷикистон омода ҳастанд. Агар барои шумо таҷрибаи лоиҳа ё иштирок дар он ҷолиб бошад, лутфан ба мо муроҷиат кунед — аз нишонии  asukhachyova@internews.org ё lgaisina@internews.org ба мо нависед.

Лоиҳа дар чаҳорчӯби барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *