«Зан будан дар ҳама соҳаҳо мушкил аст»: Баррасии мавзуъҳои мубрами расонаии занони журналисти тоҷик

Камбуди рӯзноманигорони зан дар ҷомеаи кишвар боиси вайрон шудани баробарии гендерӣ мегардад. Ҳамзамон мавзуъҳои зиёди занона нодида гирифта шуда, як намуд беаҳамиятӣ нисбати чунин масоил ба миён меояд. Барои чӣ ин гуна мешавад? Чаро духтарону занон ба расонаҳо намераванд? Чӣ кор бояд кард, ки шумораи занони хабарнигор дар расонаҳо зиёд шаванд? Заноне, ки дар расонаҳо фаъолият мекунанд, бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Дар ин бора, мо дар аввалин маҳфили расонаии занони рӯзноманигори тоҷик, ки аз тарафи Интернюс дар Тоҷикистон дар шакли онлайн баргузор шуд, суҳбат кардем. Гуфтаҳои муҳими маҳфилро дар ин мавод ҷамъ овардем:

Рухшона Наҷмиддинова, роҳбари кишварии Интернюс дар Тоҷикистон:

«Мо зиёд дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа мегӯем. Вале мубрамияти маҳфили имрӯзаи мо дар он аст, ки ҳоло мо дар бораи мавқеи зан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигории кишвар суҳбат мекунем. Агар миқдори журналистони зан дар расонаҳо кам шаванд, диду назари занона ҳам дар расонаҳо коҳиш меёбад ва ин маънои онро дорад, ки назари диди 50%-и аҳолии кишвар нодида мемонад. Яке аз тадқиқотҳои гендерии Барномаи рушди СММ нишон дод, ки интихоби стреотипии гендерӣ ҳанӯз пеш аз маълумоти олӣ сар мешавад. Духтарон ба фишори ҷомеа дучор шуда касберо интихоб мекунанд, ки барояшон ҷомеа дуруст меҳисобад, на худи онҳо».

Маҳпора Киромова, рӯзноманигор, модератори маҳфил:

“Субҳ вақте хабарро перомуни ин вохӯрӣ дар саҳифаи шахсии Facebook – ии худ гузоштам, бисёре аз дӯстон дар шарҳҳо менавиштанд, ки ин “воҳима” аст. Вале агар бубинем воқеият чунин аст: ҳоли ҳозир дар нашрияи “Радиои Озодӣ” 6 зан ва 13 мард, дар “Азия Плюс” 5 зан ва 8 мард, дар Your.tj, ки роҳбараш Зебо Тоҷибоева аст, дар он ҳам 3 зан ва 9 мард фаъолият мекунанд. Дар “Авесто” бошад, 1 зан ва 8 мард фаъолият доранд. Фикр мекунам, ки ин рақамҳо баёнгари чигунагии вазъ аст”.

Гулафшон Соқиева, муҳаррири Cabar.asia:

“Духтарони зиёд шавқи касби рӯзноманигориро доранд ва ба факултети журналистика дохил мешаванд. Ман 7 сол дар факултети журналистикаи ДМТ дарс гуфтаам ва дар асоси таҷрибаи худ инро мегӯям, ки мутаассифона то курси хатм ҳамаи он духтарон расида намеоянд. Зеро мо дар ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ мекунем. Аз сабаби ин ё аз сабаби оилавӣ ва ё дигар сабабҳои шахсӣ духтарон то ба курси хатм намерасанд, чӣ расад ба хабарнигории касбӣ”.

Нурангез Рустамзода, рӯзноманигор, муаллифи лоиҳаи Chatr Media:

“Рӯзноманигорӣ ҷинс надорад. Вале дар ҷомеаи мо вақте зан ҳастиву хабарнигор, ин таъсири худро ба ҳаёти шахсӣ ва оилавиат ҳам мегузорад. Интихоби мавзуъ, андешаи шахсӣ, пеш бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ барои занони рӯзноманигори тоҷик хеле душвор аст. Агар аз тақдири як дугонаи рӯзноманигорам гӯям, ки наттоқи телевизион аст: ҳар рӯз оилааш талаб мекунад, ки кори ба зан мувофиқро пайдо карда, ҷойи дигар барои кор ёбад. Чун ҷое, ки мардон зиёданд, барои зан хуб нест”. 

Мижгона Ҳалимова, рӯзноманигори расонаи “Вечёрка”:

“Пас аз навиштани як мақолаам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсарусадо шуд падару модари маро ба мақомот даъват карданд ва гуфтанд, ки духтаратон гапногир аст ва он мавзуъҳое, ки мо мегӯем мавод омода накун, мекунад. Ман намефаҳмам, ки чаро намегузоранд рисолати касбиамро иҷро кунам. Ва боз ҳам нофаҳмо аст, ки чаро падару модари маро даъват мекунанд. Бояд дар ҳама касбу кор занҳо ба қатори мардон бошанд. Мисол агар мавзӯи худкушӣ баррасӣ мешавад, назари мард аз назари зан фарқ мекунад”.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори “Ирон Интернейшнл”:

“Чанде қабл дар бораи Иди Рамазон мавод омода мекардам ва мехостам, ки вориди масҷид гашта, аз он ҷо наворгирӣ кунам. Вале аз сабаби он, ки ман зан ҳастам, маро он ҷо роҳ надоданд. Бояд гуфт, ки ман дар танам либоси тоҷикӣ ва рӯймол доштам. Ё вақте дар бораи ҳолате, ки нисбати духтари 15 солаам шуд (дар берун аз тарафи 2 мард латукӯб шуд) ошкоро гуфтам, зиёде аз хешовандонам ба ман мегуфтанд, ки нодуруст кардам. Бояд чизе намегуфтам ва мавзуъро расонаӣ намесохтам. Акнун оиладор шудани духтарам зери хатар аст. Вале ман мехоҳам, гӯям, ки ҳар он вақте дар бораи мушкилӣ ҳарф мезанем, аллакай як қадам мегузорем барои ҳалли он”.

Гулорохон Тӯраева, муаллифи подкасти “Нерӯ”, ҳамоҳангсози “Хонаи СИР” дар шаҳри Хуҷанд:

“Умуман зан будан дар ҳама соҳа мушкил аст. Мушкили асосӣ дар оила аст. Аз ин маҳфили мо маълум шуд, ки ҳамаи маърӯзачиёну рӯзноманигорон аз оилаи зиёӣ ҳастанд. Аҳли пайвандонашон кору фаъолияти онҳоро дарк карда, дасгирӣ мекунанд. Ман фикр мекунам, агар барои дигар рӯзноманигор-занон ҳам чунин дастгирӣ аз тарафи оила бошад, вазъ шояд беҳтар гардад”.

Чанд пешниҳоди муҳим аз аввалин маҳфили расонаии бонувони рӯзноманигори тоҷик:

  1. Қиссаҳои муваффақи занони рӯзноманигор ба навор гирифта шавад. Мо дар бораи шахсоне, ки намунаи ибрат ҳастанд, зиёд мегӯем, вале дар бораи ҳамкасбони худ фаромӯш кардаем, бигӯем.
  2. Бештар донишҷӯ духтароне, ки ба касби рӯзноманигорӣ шавқ доранд, насли бузургсол кӯмакашон расонанд;
  3. Бештар ба донишҳои технологии занҳои рӯзноманигор аҳамият диҳем;

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки вохӯрии онлайнии мо дар саҳифаи расмии Интернюс дар Тоҷикистон дар Facebook сабт карда шуд. Муфассал маҳфилро аз ин линк тамошо кунед.

Бори нахуст аст, ки дар Душанбе аввалин маҳфили расонаии занони рӯзноманигори тоҷик доир шуд. То ин дам Интернюс ин маҳфилро дар сатҳи осиёимарказӣ баргузор мекард. Маҳфили расонаии занонаи Осиёи Марказӣ бори чорум аст, ки доир мешавад. Дар умум, Маҳфили расонаии занонаи Интернюс чист ва онҳо чӣ гуна мегузаранд, метавонед аз ин линк  бубинед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *