Internews in Tajikistan мутахассиси дастгирии техникӣ ҷустуҷӯ мекунад


Internews
мутахассиси дастгирии техникӣ ҷустуҷӯ дорад, ки ба дафтари  Internews дастгирии техникӣ расонад. Масъулияти асосии мутахассис дастгирии кормандон дар Тоҷикистон аст, аммо дар ҳолати зарурӣ ӯ ба кор бо дигар дафтарҳои Internews шомил карда мешавад.

Уҳдадориҳои асосӣ:
Мутахассиси таъминоти техникӣ бояд сари вақт ба дархостҳои кормандони ташкилот доир ба кумаки техникӣ назорат кунад ва посух гӯяд, инчунин инфрасохтори технологии ташкилотро назорат ва нигоҳ дорад;  дар ҳолати зарурӣ бошад, камбудиҳоро бартараф кунад.

Тибқи маъмул, кор дар соатҳои стандартии корӣ аз соати 09:00 то 18:00 ба вақти маҳаллӣ аз рӯзи душанбе то ҷумъа анҷом дода мешавад. Аммо дар ҳолати зарурӣ берун аз соатҳои корӣ низ кор кардан лозим мешавад. 

Мониторинг ва нигоҳдории шабака:

  • Мусоидат дар таъсис ва нигоҳдории инфрасохтори  IT-и офис;
  • Насб ва навсозӣ кардани барномаҳо дар серверҳои дафтар ва дастгоҳҳои корбар;
  • Дар сурати ниёз барои пуштибонӣ аз тарафи сеюм дархост  пешниҳод кардан;
  • Дар ҳолати зарурӣ барқарор кардани маълумот (додаҳо) ва ҷорӣ кардани расмиёти барқарорсозии садамавӣ;
  • Таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба расмиёти ширкат;
  • Назорат кардани бехатарии таҷҳизоти шабакавӣ;
  • Агар зарур бошад, расонидани кумак дар ҳолатҳои фавқулодда берун аз соатҳои корӣ ва дар ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир.
  • Дастгирии инфрасохтори IT-и дафтари Internews.

Дастгирии ҳамкорон, мушовирон:

  • Расонидани кумаки техникӣ ба кормандони Internews
  • Гузаронидани мониторинг, муайян кардани мушкилот ва расонидани кумак ба корбарон;
  • Насб ва танзими компютерҳои рӯимизӣ, ноутбукҳо ва дастгоҳҳои мобилии корбарон мувофиқи стандартҳои идораи марказии Internews;
  • Дар мавридҳои зарурӣ расонидани ёрӣ зимни ҳолатҳои фавқулодда дар вақтҳои берун аз кор ва ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир;
  • Омӯхтани воситаҳои нав ва таҷрибаҳои беҳтарин  ва зуд ҷорӣ кардани онҳо барои расонидани дастгирии хубтари корбарон;
  • Ба кормандони созмон омӯзондани истифодаи технологияҳои асосӣ, аз қабили Teams, OneDrive, Outlook, Egnyte, абзорҳо барои баргузории конфронс ва дигар замимаҳои аз ҷониби Internews дастгиришаванда.

Малакаҳои кор дар гурӯҳ:

  • Расонидани кумак дар пайгирии таъминоти барномавӣ ва дастгоҳӣ, ҳамчунин инвентаризатсияи иҷозатномаҳо;
  • Барқарор намудани муносибатҳои касбии корӣ бо ҳамкорон ва мушовирон;
  • Идора кардани ҳолатҳои бӯҳронӣ;
  • Пешниҳод намудани ҳисоботи ҳаррӯза ба менеҷери IT;
  • Зуд ҷавоб додан ба дархостҳои дастгирӣ;
    Муроҷиат кардан ба идораи марказӣ агар кӯмак лозим шавад;
  • Кор кардан бо воситаҳои коммуникатсионии тасдиқшуда;
  • Ба таври фаъол иштирок кардан дар санҷидани таъминоти барномавӣ  ва дастгоҳии нав мувофиқи дархости менеҷери IT;
  • Таъмини дастгирии техникӣ барои фаъолиятҳои лоиҳа;
  • Риоя кардани ҳамаи тартиботи технологӣ;
  • Риоя кардани ҳама сиёсатҳо ва тартиботи созмон.

Тахассус:

  • Дониши техникии кор бо Windows 10, 11 ва MacOS;
  •  Доштани сатҳи баланди маҳорат кор бо Microsoft Office 365. Ҳамчунин истифодаи касбии замимаҳои Office 365 бо шумули Outlook, Teams, Word, Excel, Forms, SharePoint, 2FA;
    Таҷрибаи кор дар истифодаи телефони мобилӣ ва конфигуратсияи дастгоҳи мобилӣ;
  • Дониши системаҳои компютерӣ аз нуқтаи назари корбари ниҳоӣ;
  • Дониши васеъ доир ба таҷҳизоти компютерӣ, амалиёти шабакавӣ ва хизматрасонӣ; 
  • Маҳорати корӣ бо системаҳои телекоммуникатсионӣ;
    Фаҳмидани тамоюлҳои технологӣ;
  • Донистани барномаҳои компютерӣ;
  • Хоҳиши идома додани рушди малакаҳои касбӣ;
  • Қобилияти зуд самтгирӣ кардан ва иҷро намудани ҳамаи сиёсатҳо ва расмиёти Internews.

Аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор хоҳиш карда мешавад, ки резюме ва мактуби ҳамроҳикунандаи худро ба суроғаи: TJ-info@internews.org то 02 июни соли 2022 ирсол намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *